Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар пойтахт

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 301        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид.

Ғолиби озмун  аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор  сомонӣ  тақдим гардид.

Дар  ин маросим муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр, шоирону нависандагон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.

Ҷамъомадро муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорон  ва ғолибони озмун расонид.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли бахшҳои он, аз ҷумла, аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардан ва хондани осори адибони классик ва муосири тоҷик,  ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, адабиёти ҷаҳон бо “Диплом”, “Сипоснома” ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Шабеҳа, дар бахши  аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и шаҳри Душанбе Шукрона Хоҷамқулова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии «Раҳнамо» Раҳнамо Муҳаммад ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабнам Одинаева бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд. Ба хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе Ифтихор Носиралиев барои иштироки фаъолона аз рӯи чор номинатсия Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ғолиби мутлақи озмун аз рӯйи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд эълон шуд.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш