Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 234        Шарҳ: 0

 

26 ноябри соли ҷорӣ дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳти унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода ва 145 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани онҳо мебошад.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зикр кард, ки таъсиси стипендияи Президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонандагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҳамоиш раиси кумита ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят шаҳодатномаи гирандагони стипендияи президентиро бо лентаи рамзӣ ва маблағи стипендия дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон супориданд.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш