Нашрияи Омӯзгор

Олими пурмаҳсул ва шарафманд

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 209        Шарҳ: 0

 

Соҳиб Табаров яке аз сермаҳсултарин муҳаққиқони илми адабиётшиносии тоҷик маҳсуб меёбад.

Чунонки академик  Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр кардааст, зиёда аз 850 номгӯй китобу мақолаву рисолаҳои ӯ рӯйи чопро дида, дастраси хонандагони адабиётдӯст гардидаанд.

Солҳои донишҷӯёӣ мо ба хондани тақризу мақолаҳои устод С.Табаров он қадар ҳусну таваҷҷуҳ доштем, ки бразилиҳо ба шоҳи футбол-Пеле.

Аз ҳар рӯзномае, ки дар он мақола ё тақризи устод С.Табаровро дарёфт  мекардем, аз дуконҳои рӯзномафурӯшӣ бо нияти дастраси дигарон низ намудан се-чор ададӣ мехаридем.

Солҳои 60-70 –уми садаи гузашта қариб ҳафтае набуд, ки як мақолаи танқидӣ ё баҳсталаби устод С.Табаров оид ба ҳусну қубҳи ин ё он китоби тозанашр дар матбуоти ҷумҳуриявӣ чоп нагардад.

Баъди хондани фикру мулоҳизаҳо ва эродҳои  устод нисбат ба ин ё он китоб ҳатман он китобро дарёфт карда, мехондем ва ба баҳои додаи гавҳаршиноси сухан шарик буданамонро изҳор мекардем.

Чаро имрӯз чунин адабиётшиносони аҳли ҷомаро ба хондан ҳидояткунанда нестанд?

Бинед, садҳо китоб рӯйи чопро мебинанду «ғалбер»-и мунаққидро не?

Барҳақ, С.Табаров адабиётшиноси муқтадир, мунаққиди беназир, омӯзгори фидоӣ, дар ҷодаи илм басо заҳматкаш буданд.

Бесабаб нест, ки ӯро профессор Худойназар Асозода «Кашшофи рози адабиёт» хондааст.

Воқеан, устод С.Табаров дар гулистони сухан боғбонеро мемонд. Ӯ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки ниҳолҳояш боровар ва судбахш бошанд.

Мулоҳизоти ҷолиби С.Табаровро дар атрофи достони «Ҳасани аробакаш» -и М.Турсунзода, романи «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ, достони «Суруши Сталинград»-и М.Қаноат кӣ намедонад? Ба қавли Саъдии бузургвор, «Шарҳ ин қадар кифоят».

Асарҳои мазкур баъди таҳрир ва такмил ёфтан тибқи мулоҳизаю пешниҳодоти мунаққид С.Табаров дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳратёр гашта, достони «Ҳасани аробакаш» ба Ҷоизаи давлатии ИҶШС, романи «Духтари оташ» ба Ҷоизаи адабии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, достони «Суруши Сталинград» ба Ҷоизаи давлатии ИҶШС сарфароз гардиданд.

Академик Носирҷон Салимӣ гуфтааст: «Соҳиб  Табаров дар таърихи адабиёти муосири тоҷик суханшиноси воқеъбини сатҳи байналхалқӣ ва дорои мактаби адабиётшиносӣ мебошанд».

Воқен, хизматҳои устод С.Табаров дар нақшаи адабиёти тоҷик ҳамчун олим-доктори фахрии ДМТ, доктори фахрии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон,  барандаи Ҷоизаи адабии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Ҷоизаи ба номи академик М.Осимӣ, АИ Тоҷикистон хеле арзишманданд. Устод дар соҳаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърихнигорӣ, луғатомӯзӣ, санъатшиносӣ, алалхусус, омӯзгорӣ заҳмати зиёд ба харҷ додааст.

Ӯ 70 соли умри бобаракаташро ба таълиму тарбияи донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе сарф кард. Душанберо ба обу хокаш дӯст медошт, ҳамсоли ин шаҳр буд. Дар рӯзҳои вазнин Душанберо тарк нагуфт. Ҳар як рӯзи ҳаёташро дар китоби «Таассуроти ақлу дил» саҳифабандӣ кардааст. Маҳз Душанбе буд, ки ба рӯйи ӯ дари бахту саодатро кушод.

Месазад, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии олими муътабар Соҳиб Табаров ба хотири ҷовидона мондани номи некаш чун ахтари тобони илми тоҷик муассисаи илмию маърифатие ё кӯчае ба номи ӯ гузошта шавад.

 

Пиралӣ Қурбонов,

муовини директори мактаби №40-и ноҳияи Муъминобод 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш