Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикон ҳунарманд ва зебоипарастанд

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 198        Шарҳ: 0

 

Тоҷикон аз қадимулайём зебоипарастанд. Зебоӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба он як ҷузъи ҷудонашавандаи миллати куҳанбунёди мост. Диққати ниёгони мо ба зебоии зиндагӣ ва табиати атроф бештар буд. Дар ҳама соҳаҳо онҳо ба зебоӣ аҳамияти аввалиндараҷа медоданд.

Нақшу нигорҳои гуногуни рангорангро, ки умри хеле дароз доранд, аз деворнигораҳои Панҷакенти қадим, аз саҳфаҳои китобҳои пешина, аз нақшу нигорҳои рассомони машҳур Монӣ ва Камолиддини Беҳзод, аз кашидадӯзиҳо, гулдӯзиҳо ҷомадӯзиҳо, аз наққошиҳо дар либос, тоқидӯзиҳо, аз кафшдӯзиҳо, ки ба замони мо омада расидаанд, мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳунармандони мо имрӯз ҳунари ниёгонро давом дода, нусхаҳои зебо меофаранд. Хонаи тоҷиконро, ки зебу ороиши махсус дорад, меҳмонони хориҷӣ бо ҳавас тамошо мекунанд. Ҳатто ашёи рӯзгор, либосҳои кӯдакон, ҷиҳози арӯсӣ пургулу сернақшу нигор аст. Кашидадӯзӣ ҳунари волои тоҷикон буда, то ҳол яке аз бисотҳои маъмули арӯсӣ ҳисоб мешавад, ки бо он хонаро оро медиҳанд.

Бо эҳёи ҳунарҳои миллӣ, чун кашидадӯзӣ, ҷирмадӯзӣ, сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, атласу  адрасбофӣ, шонасозӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ, сангтарошӣ рӯҳи гузаштагонро шод мегардонему маҳсули дастони онҳоро зинда гардонида, ба имрӯзиён муаррифӣ мекунем, насли навро аз нозукиҳои ҳунарҳои ниёгон бохабар сохта, номи неки худро дар симои садҳо шогирду пайванди хеш боқӣ мегузорем.

Ҳунарманд зебоӣ меофарад, таҷассумгари фарҳанги баланди  зебоипарастӣ аст. Аз замонҳои пеш дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳунарҳои қолинбофӣ, заргарӣ, чӯбкорӣ оҳангарӣ, кулолгарию шишакорӣ хеле машҳур буданд. Инро ёфт шудани табақу кӯзаҳои кулолии нақшин исбот менамоянд. Ин ҳунарҳо имрӯз ҳам равнақу ривоҷ доранд. Маҳсули дасти ҳунармандони муъҷизакори тоҷик дар осорхонаҳои машҳури дунё ба сифати нигораҳо нигоҳ дошта мешаванд. Васфи  ҳунару ҳунармандиро шоири тавонои тоҷик Сайидои Насафӣ, ки худ аз аҳли ҳунар аст, дар «Шаҳрошӯб»-и безаволаш худ бо эъҷози баланд анҷом додааст. Дар асар намояндагони 212 касби ҳунар тавсиф карда мешаванд. Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидан Сайидо санъати ҳунармандӣ ва ҳунармандонро таърифу тавсиф мекунанд. Шоирони дигари тоҷик низ дар ситоиши аҳли ҳунар  фикрҳои бикр гуфтаанд.

Мумтоз Сафарова,

корманди МД ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш