Нашрияи Омӯзгор

Рамзи истиқлолият ва ифтихори миллат

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 200        Шарҳ: 0

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода гардидааст. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бос-тонии Хуҷанд баргузор гардид,  Парчами Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт.

Он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар,  аз як тараф, гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

Ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги  сабз - саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам - ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора - ин  ҳафт иқлим, ҳафт минтақаи Тоҷикистон, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон,  ҳафт рӯзро ифода менамоянд.

Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.

Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад».

Тоҷикистон ба туфайли  парчам бори нахуст дар Китоби  рекордҳои  Гиннес ҷой  гирифт. 9  сентябри  соли  2011  дар  маросими  ботантана  дар  шаҳри  Душанбе бахшида ба  20-солагии  истиқлолияти  Тоҷикистон Парчами   давлатии  кишвар дар пояи 165  метраи балантарин дар  ҷаҳон (овехта  шуд. Ҳаҷми  парчам  60  бар  30  метр  буда, камаш  700  килограмм  вазн  дорад.

Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар  тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида  мешавад. Бо ин роҳ ҳисси ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Маҳдия ЁРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш