Нашрияи Омӯзгор

Пешвои мардумӣ ва абармарди саҳнаи сиёсат

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 

Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, созмонбахши ҳамоишу тадбирҳои байналмилалӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва монанди инҳо шоистаи таҳсин аст. Аз соли 2016 инҷониб ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ ҳамоишу чорабиниҳои бошукӯҳ баргузор мегардад, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯсти наврасону ҷавонон мусоидат намуда, омили муттаҳидсозию ваҳдати мардум ба ҳисоб меравад. Вобаста ба аҳамияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимону пажӯҳишгарон ҳамсуҳбат гардидем, ки фишурдаи онро  пешкаши хонандагони арҷманди ҳафтанома мегардонем.

Фахриддин ҲАЙДАРОВ,

сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии

Вазорати маориф ва илм, дотсент

Таъмини  истиқрори комили сулҳу субот ва тантанаи Ваҳдати миллӣ дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти азим ва ҳаётан муҳим, тавассути ташаббусҳои созанда дар як муддати кӯтоҳ ба сатҳи ҷаҳонӣ боло бурдани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муборизаи пайваста бар зидди терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки таҳти роҳбарии оқилона ва одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расиданд. Мусаллам аст, ки ин корномаҳо бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик сабт хоҳанд шуд. Миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат сиёсатмадори абарқудратеро мебинад, ки ба ояндаи дур нигоҳи созандаи хирадмандона дорад. 

Бо ворид гардидани тағйирот ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва эълон гардидани 16-уми ноябр ҳамчун  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рӯзи сарнавиштсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон ва бо шукӯҳи хоса таҷлил намудани санаи мазкур аз ҷониби аҳолии кишвар нишонаи арҷ гузоштан ба хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад. Тағйироту илова ба қонуни мазкур ба андешаи инҷониб, маҳз бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги  Сарвари давлат дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва таҳкими нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Воқеан, туфайли иҷрои сарбаландонаи вазифаи президентӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ халқи куҳанбунёд ва таърихан некноми тоҷик ба комёбиҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию илмӣ ноил гардид ва роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат  миллатамонро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшида, ба созандагию бунёдкорӣ роҳнамун сохт ва дар ин самт созандагиҳо бамаром идома доранд.

Мурод Муродӣ,

доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ташаббусҳои байналмилалӣ, мубориза бо терроризму экстремизм на танҳо барои мо ҳамватанон, балки барои хориҷиён низ, ки дар талоши чунин фазоянд, чун оина равшан аст. Пешвои миллат ба мақсади ҳифзи якпорчагии кишвари азизамон – Тоҷикистон ва сулҳу суботи он ба сари қудрат омаданд ва хушбахтона, ба мақсади худ расиданд. Пешвои муаззам дуруст дарк кардаанд, ки натиҷаи  ҳар гуна комёбиҳо сулҳу субот ва осоиштагии мардум аст. Ин масъала, хусусан, дар ҷаҳони муосир, ки ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону ташкилотҳои тундгарову ифротӣ бо мақсадҳои нопоки худ мехоҳанд фазои осудаи кишварҳои алоҳидаро ноором кунанд, аҳамияти бештар пайдо кардааст. Дар пешгирии чунин амалҳои номатлуб нақши Пешвои миллат басо бориз аст ва он, хушбахтона, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк гардида, дастгирӣ меёбад.

Имрӯз, ба мисли он ки ҷаҳон фазои ягона пайдо кардааст, ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ дар фазои ягона, дастгирии ҳамдигарӣ, якҷоя амал карданҳо муяссар мегардад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз ин омил маншаъ гирифта, ҷомеа ҷаҳониро ба ҳамкорӣ ва бо дастгирии ҳамдигарӣ баҳри пешгирии сар задани проблемаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, масъалаҳои экологӣ ҷалб месозад. Ин масъалаи ниҳоят муҳим ва тақдирсози зиндагии ҷаҳони муосир аст, ки танҳо бо ҳамкориҳои самараноки байни давлатҳои гуногун роҳи ҳалли худро пайдо карда метавонад. Хушбахтона, дар ин самт Тоҷикистон ва Сарвари он пешгом мебошанд.

Доир ба аҳамияти таҷлили Рӯзи Президент чанд сол қабл ман андешаҳоямро иброз дошта будам ва имрӯз низ ба он назарам. Таҷлили Рӯзи Президент дар кишвари мо зарурати таърихӣ ва тақозои замони муосир буда, на танҳо маънои эҳтиром ва бузургдошти нақши як шахсияти барҷаста, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ободии кишвар ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии тоҷикон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз бунёдгузорони давлати тозаистиқлоли миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию  саноатии  кишварамон аз фаъолияти гуногунҷанбаашон  ибтидо ва ривоҷ мегиранд.

Маҳз сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат неруи тавонои созандае гардид дар роҳи муттаҳидии давлату миллат, густариши ғояҳои ваҳдатофариву ояндасоз ва ба ин васила, расидан ба ормонҳои инсониву миллӣ. Ин сиёсат Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва бунёдгузори он ба рағми душманони дохиливу хориҷӣ бо камоли ҷасорат кишварашро дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархӯрдор сохт.

Дар давлатдории муосири тоҷикон иқдомҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан сарманшаъ ва бунёдӣ буда, рӯҳияи созандагиву ободкорӣ доранд. Ин иқдомҳо чунон  босубот ва шуҷоатмандона роҳандозӣ мегарданд, ки беихтиёр дар қалби мардум самимияти меҳанпарастиву ватандорӣ ба вуҷуд меояд, рӯҳияи худшиносӣ, масъулиятхоҳӣ ва созандагиии онҳо қувват мегирад, муҳаббаташон ба сарварашон зиёд мегардад.

Бо шарофати таҷлили Рӯзи Президент, ки бо ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор мегардад, аз як тараф, фаъолияти густурдаи Пешвои миллат муаррифӣ ва арҷгузорӣ мешавад, аз сӯйи дигар, рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва бунёдкории мардум қувват мегирад ва ҳисси ватандӯстиву муттаҳидии омма боло меравад.

Рӯзи Президент хусусияти умумимиллӣ дорад. Он бояд дар саросари кишвар бо ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ таҷлил карда шавад. Дар таҷлили ин рӯз тамоми зиёиёни кишвар, аз ҷумла, роҳбарони муассисаҳои таълимии оливу миёнаи умумӣ бояд саҳм гузоранд, то арзишҳои миллии мо дар зеҳни мардум, хоса ҷавонон ҷой гирад ва аз наслҳо ба наслҳо интиқол ёбад.

Сангини ГУЛЗОД,

мудири кафедраи

телевизион ва

радиошунавонии ДМТ, дотсент

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як навъ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи нигоҳдошти давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон аст. Бо боварӣ ва самимият мегӯям, ки Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки асосгузори давлатдории навини мо ва эҳёкунандаи анъанаҳои миллии давлатдории мо мебошанд. Бо таҷлили Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба заҳматҳои шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон мо эҳтироми хешро ба давлати Тоҷикистон, истиқлолият ва миллату сарзаминамон баён месозем, барои худамон сабақ мегирему ба ояндагон сабақ медиҳем. Тоҷикистон танҳо як мавзеи ҷуғрофӣ набуда, балки Тоҷикистон ва созандагиву бунёдкориҳо тавъам ҳастанд.  Имрӯз Тоҷикистон танҳо як узви қатории ҷомеаи байналмиллалӣ нест, балки узви фаъолу ташаббускори он аст. Агар мо дар ибтидои истиқлол бинобар надоштаи пешвои воқеӣ ба фоҷиаҳо гирифтор шудем, аммо имрӯз Роҳбари Тоҷикистон дар сафи Пешвоёни ҷаҳони муосир аст, ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд, зеро дар меҳвари пешниҳодоти Президенти мо арзишҳои умумибашарӣ меистанд. Агар ба таърихи масъалагузориҳои Пешвои миллатамон  Эмомалӣ Раҳмон дар самти гуногуни проблемаҳои глобалии ҷаҳон дар  сатҳи байналмилалӣ назар афканем, мебинем, ки ин масъалагузориҳо аз аввалин рӯзҳои сарварии Пешвоямон (ҳам сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон,  ҳам мубориза бо терроризму экстремизм, ҳам масъалаҳои марбут ба об, ҳам пешгирӣ аз фалокатҳои экологӣ ва ғайра) шурӯъ гардидаанд. Ин ҳама бозгӯи маърифати волову дурандешии сиёсӣ ва гуманизм (башардӯстӣ)-и баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, нақши мондагори ин шахсияти таърихиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

мудири кафедраи

журналистикаи байналхалқии ДМТ, дотсент

Ҳар гоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯем, андешаи кафил будани як нафар ба сулҳу суботи кишвари азизамон дари олами афкори ҳар яки моро мекӯбад. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон президентест, ки тавонист бо ҳарфҳои заррин номи худро ҳамчун эҷодгари сулҳ дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик сабт намояд. Болотару қиматтар аз сулҳу сафову ваҳдат барои як халқ чизи дигаре нест ва сарчашмаи тамоми муваффақияту таҳаввулоту пешравиҳоро сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳсозӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қуллаҳои баланди нуфузу шуҳратро соҳиб гардид. Осиёи Марказӣ, махсусан, Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри  гузашта мавриди нишону ҳадафи манфиатҳои геополитикӣ қарор гирифта, бисёр нақшаҳои сиёҳкорон алакай амалӣ гардида буд. Омилон ва тарроҳони ҷангу низоъ   гумон мекарданд, ки нақшаҳои сиёҳи худро пурра амалӣ гардонидаанд ва аз раванди ҳаводис ба хоҷаҳои бузурги худ ҳисобот ҳам медоданд. Аз як ҷониб, инкор наметавон кард, ки дар ҳақиқат, душманони миллат гирдоби мураккаберо ба вуҷуд оварда буданд. Мақсади ниҳоии онҳо – ҷанги хонумонсӯз бо тамоми маънӣ идома дошт. Чанд нафари булҳавасу заифирода зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, аммо дар ҳамон шароит вазъро торафт бадтар месохтанд. Истеъфо доданҳо лӯхтакбозиҳоро мемонд. Оқибат вазъ то ба ҳадде расида буд, ки бисёриҳо аз ин масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифтан меҳаросиданду фирор мекарданд. Танҳо марди сарсупурдаву шуҷоъ – Эмомалӣ Раҳмон мардонавор ин масъулиятро ба дӯш гирифт. Мункирон як бор аз он андеша кунанд, ки Тоҷикистони солҳои навадум аз Тоҷикистони имрӯза фарқ дорад. Он рӯзҳо Тоҷикистон неруи иқтисодӣ надошт, тамоми системаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фалаҷ гардида буданд. Гумон мекунам, ки пеш овардани ҷумлаи содаи  «Халқ нони хӯрдан надошт» авзои онрӯзаро бо тамоми паҳлуҳояш ифода карда метавонад. Ана, дар ҳамин гуна шароиту авзои даҳшатбор Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Ин абармард сулҳу ваҳдатро барқарор карда, Тоҷикистонро аз нав сохт. Ӯ чизеро тайёру омода аз дигарон нагирифтааст ва дар давоми як даҳсолаи аввал талошу заҳматҳояш танҳо барои устувор гардонидани сулҳу ваҳдат сарф гардидааст. Сулҳу ваҳдатро дар кишвари ба домани ҷанги шаҳрвандӣ печида овардан кори осон набуд. Ҷонбозӣ, сабру таҳаммул ва матонатро мехост. Боз ҳам мункирон ба дур не, ба кишвари ҳаммарзу ҳамзабони мо – Афғонистон нигаранд, ки зиёда аз сад сол боз дар он ҷо ихтилофу ҷангҳои шаҳрвандӣ идома доранд. Дар ин муддат роҳбарону президентҳо дар ин кишвар бешумор буданд, ки як муддат ба сари қудрат меомаданду мерафтанд ва ин ҷараён то ҳанӯз идома дорад. Аммо касе аз онҳо натавонист, ки миллати мазлуми афғонро аз ин бало раҳоӣ бахшад. Ҳамин қиёс кифоя аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро эҷодгари бузургтарин неъмат – сулҳу ваҳдати миллати тоҷик шиносему эътироф намоем. Тамоми пешравиҳову комёбиҳои халқи тоҷик дар партави ҳамин сулҳу ваҳдат матраҳ аст ва орзу дорем, ки ин ҷараён беохир бошаду наслҳои минбаъда ҳеҷ гоҳ ҷангу хунрезиро набинанд.

Мутриба БОБОҶОНОВА,

номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳала ва вазъиятҳои барои кишварамон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омаданд ва давлатро аз  вартаи ҳалокат наҷот бахшиданд. Дар як муддати кӯтоҳ  бо корнамоиҳои бемислу монанд сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуданд, обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид ва дар ҷумҳурӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо роҳбарии Пешвои миллат садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардид ва шароити созгори таълиму тарбия барои омӯзиши таҳсил ба насли наврас фароҳам оварда шуд. Инчунин, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд ва дар чор фасли сол мардуми шарафманди тоҷик бемамониат ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар менамоянд ва равобити минтақаҳо таъмин гардида, даҳҳо неругоҳи барқи обӣ сохта шуд ва саноатикунонии босуръат дар кишвар идома дорад.     

Аз ин ҷост, ки на танҳо сокинони кишвар, балки берун аз он ҳам Пешвои миллатро ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътирофу эҳтиром мекунанд..

Бешубҳа, таҷлили  Рӯзи Президент барои мо, мардуми тоҷик, пеш аз ҳама, ифтихор ва шараф буда, баробари арҷ гузоштан ба кору пайкори Сарвари давлат, инчунин, дар замири насли наврасу ҷавон  меҳанпарастӣ ва ба қадри сулҳу субот расиданро бедор менамояд.

Таснифи

 Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш