Нашрияи Омӯзгор

Эҳтирому садоқат ба лафзи миллат

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 23        Шарҳ: 0

 

Азбаски дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентӣ тибқи Конститутсияи мамлакат пазируфта шудааст, дар ҳалли кулли масъалаҳо азму ирода ва дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ аҳамияти аввалдараҷа дорад. Аз ҷумла, муқаррар шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад.

Хушбахтона, дар кишвари мо ҳамбаста ба масъалаҳои дигар сиёсати дохилӣ дар сатҳи баланд ва одилонаю  ватандӯстона ба роҳ монда шудааст. Ин нуктаро мо метавонем дар мисоли сиёсати Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаи забони давлатӣ собит бинамоем.

Дар Тоҷикистон тибқи моддаи дуюми Конститутсия забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишвар вазифадор мебошад, ки онро омӯзаду донад ва эҳтиром  намояд. Боиси ифтихор аст, ки Президенти ҷумҳурии мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пуштибонӣ аз забони давлатӣ мекунанд ва пайваста ҳамагонро ба эҳтиромгузорӣ ба ин муқаддасоти миллат ҳидоят менамоянд. Бояд гуфт, ки барои ҳамчун забони давлатӣ пазируфтани забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, Сарвари кишварамон иқдом гузоштаанд. Муҳаббату эҳтироми Президенти ҷумҳурӣ нисбат ба забони тоҷикӣ хеле самимию ибратбахш аст. Дар аксари суханрониву мулоқотҳояшон Пешвои миллат ба ин масъала дахл мекунанд ва таъкид менамоянд, ки забони миллат ҳастии миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорист. Сарвари кишвар худ бо забони хеле шевою равон ва муҳаббатбор сухан мегӯянд ва як силсила гуфтаҳои меҳрборашон дар васфи забони тоҷикӣ ба шиору маромномаи мардумӣ табдил ёфтааст. Барои мисол, дур нарафта, чанд далел аз суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар моҳи октябри соли равон меоварем. Дар оғози ин суханронии пурмуҳтавояшон Президенти муҳтарам чунин арз доштанд:

«Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, чаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла, мо-тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили асосии ҳифзи он мебошад». Ин нуктаҳо аз муҳаббати самимӣ нисбат ба  забони модарӣ сарчашма мегиранд ва хеле ибратбахшу ҳикматомӯзанд. Гуфтаи иқтибосшудаи Пешвои миллатро нуктаи дигар аз суханронии мазкурашон боз ҳам комилтар месозад: «Забони модарии мо-забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад».

Президенти муҳтарами кишварамон муҳаббату самимият ва эҳтироми худро ба забони тоҷикӣ бо он ҳам собит намудаанд, ки маҳз бо ташаббуси дастури Сарвари давлат ниҳоди махсус баҳри ҳимояву роҳандозии «Қонуни забони давлатӣ» ба номи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳот таъсис дода шудааст ва ҳамчунин,  Пешвои миллат дар бораи забони  тоҷикӣ чанд китоб таълиф намудаанд, ки яке аз онҳо «Забони миллат-ҳастии миллат» ном дорад.

 

Моҳира Шералиева,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷики

мактаби №115-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш