Нашрияи Омӯзгор

Сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи варзиш илҳомбахш аст

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, профессор Шодӣ Сафаров

- Устоди муҳтарам, шумо роҳбарии яке аз бонуфузтарин мактабҳои олии ҷумҳуриро, ки ба омода намудани мутахассисони риштаи варзиш машғул аст, ба зимма доред. Мехостем аз таҷрибаатон дар мавриди соҳаи варзиши кишвар, дастоварду навгониҳои соҳа, нақши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷомеа ва мавқеи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар пиёдасозии сиёсати роҳбарияти олии кишвар дар соҳаи варзиш ва дигар масъалаҳои рӯзмарра суҳбат ороем.

- Мусаллам аст, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби хиради бузург буда, табиатан дӯстдори варзиша аст ва тавре кулли хонандагони сершумори минбари воқеан бонуфузи “Омӯзгор ” шоҳиданд, ба шарофати  Истиқлолияти давлатӣ, бо саъй ва эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар, дар соҳаи варзиш тӯли солҳои охир баҳри рушди он ғамхориҳои хоса зоҳир гардида, соҳаи варзиш аз самтҳои афзалиятноки давлат қарор гирифтааст. Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалби сокинонро ба тарзи ҳаёти солим аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон ҳамқадами замон, ҷисман солим ба камол расанд. Дар ин замина дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани варзиш яке аз ҷанбаъҳои муҳими демократикунонии ҳаёти ҷомеа мебошад, чунки он бевосита ба ҷалби одамон барои ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад. Илова ба ин, дар шароити имрӯза, яке аз роҳҳои пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлубу хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, нашъаҷаллобию нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ, бахусус дар байни ҷавонон, ин ба варзиш ва ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани онҳо мебошад. Дар шароити кишварамон, ки ҷавонон нуфуси асосии аҳолиро ташкил медиҳанд, саломатии насли наврас ва муҳити солим дар рӯзгори мо дар ҷои аввал меистад. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст”.

 Қайд кардан зарур аст, ки ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон ва тануманду солиму қавирӯҳ ба камол расонидани онҳо вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа аст. Боиси  хурсандист, ки имрӯз бо истифода аз имкониятҳои зиёди фароҳамгашта ҷавонону навасони мо ба варзиш бештар рӯ меоранд, солҳои охир муносибати бисёр ҷавононамон ба варзиши касбӣ, бешубҳа, хурсандиоваранд, дар мавриди дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи баланд ҳамарӯза худ шоҳид гашта истодаед, ки албатта, боиси ифтихор аст.

- Тавре ёдовар шудед, кишваре, ки ҷомеаи солим дошта бошад, ба комёбиву муваффақият ноил мегардад ва ҳадафи асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба таҳкими саломатӣ, инкишофи ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон ва истифодаи он дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардидааст. Шумо ҳамчун роҳбари донишкада ва ҳамчун олими соҳа дар ин маврид чӣ андеша доред?

- Дуруст қайд намудед. Дар воқеъ, тарбияи ҷисмонӣ ва солимии инсон дар навбати аввал ба назорати волидон вобастагии қавӣ дорад, зеро шахс аввал ҳаракатҳои одии ҷисмониро дар айёми наврасӣ дар оила аз модар меомӯзад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзанд дучанд намоянд. Дар ҳамин қонун ба аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маданияти тарбияи ҷисмонии кӯдакон эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Иштироки фаъолонаи оила дар ҳаракатҳои ҷисмонӣ – оммавӣ, мақсаднок иҷро намудани восита ва шаклҳои гуногуни маданияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳаёти ҳаррӯза дар замони мо ба як шакли муайян даромадааст. Дар мавриди нақши омӯзгор бошад, зикр бояд намуд, ки таъсири мактаб на фақат аз кор бо падару модарон иборат аст, балки омӯзгор худи хонандагонро барои дарсҳои мустақилонаи ҳаёт бояд омода намояд. Инҳо омӯзиши маҷмӯи машқҳои гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, обутобёбии ҷисмонӣ, машқҳои мураккаби ҷисмонӣ, иҷроиши вазифаҳои хонагӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ, гузаронидани машқҳои мустақилона барои супоридани меъёрҳои таълимӣ мебошанд. Ҳам падару модарон ва ҳам мактаб корҳои худфаъолиятӣ - машқии кӯдаконро бояд ташкил намоянд, баҳо диҳанд ва барои инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонию маҳорати варзишии онҳо ғамхорӣ намоянд. Аз ҳамин ҷост, ки бо маслиҳати падару модарон, муаллимон ва мураббиён насли наврас фаъолона дар чорабиниҳо иштирок менамоянд. Аз тарафи дигар, муносибати онҳо ба маданияти тарбияи ҷисмонӣ дар оила, ин асбоби аёнии зинда барои кӯдакон мебошад. Инро бояд ҳар як падару модар ва омӯзгорон хуб донанд.

- Имрӯз дар кишварамон кам нестанд ҷавонону наврасоне, ки ба варзиш майл доранд ва ё ин ки мехоҳанд ба варзиши касбӣ рӯ оранду комёб гарданд. Чун мутахассиси соҳа ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед? Чӣ гуна метавон варзишгари муваффақ шуд?

- Падидаи бисёр ҳам нек аст, ки майлу рағбати насли ҷавони кишвар сол ба сол ба варзиш, бахусус ба варзиши касбӣ зиёд мегардад, мушоҳидаҳои қабул ба донишкада нишон медиҳад, ки сафи довталабон ба соҳа афзуда истодааст, бисёр довталабон на танҳо бо мақсади интихоби касби бошарафи омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ба муассиса рӯ меоранд, балки мехоҳанд, нозукиҳои варзиши касбиро аз худ намуда, дар оянда дар ин ҷода муваффақ гарданд. Дар баробари ин, онҳое, ки мехоҳанд, пешаи варзишро интихоб кунанд, бояд фаромӯш накунанд, ки барои аз худ намудани ин касб роҳи басо мушкилро тай намудан зарур аст: машқҳои мунтазам, сарфи қувваи ҷисмонию вақти зиёд, ба даст овардани малакаю маҳорати варзишӣ, натиҷаҳои баландро нишон додан... Ҳамаи ин аз шахс кӯшишу иродаи қавиро талаб менамояд. Барои ба ин зинаи ифтихорӣ расидан пайваста омӯхтан, машқ кардан, дар интихоби варзиш дурахшидан зарур аст. Варзиш аз инсон эҷодкорӣ, таҳаммул ва зебоипарастиро талабида, варзишгарро дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибори баланд мегардонад. Барои тарбия намудани як варзишгари беҳтарин солҳои зиёду меҳнати зиёд сарф мешавад. Тайёрии варзишгарон оғоз дораду анҷом надорад. Бар замми ин, барои ба варзиши касбӣ рӯ овардан истеъдоди баланд даркор аст. Варзиш ҳунар аст, он ҳаётро ба шӯру шар, ба зебоипарастию хештаншиносӣ табдил медиҳад. Варзиш безаволу орӣ аз ғиромию дасисабозиҳои пасипардагист. Он иффату некӣ, фурӯтаниву шикастанафсӣ, шаффофию тозакориҳоро талаб менамояд. Варзиш ба мисли тифли навзод озодаю шаффоф аст. Ниҳоят, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “...дар назди варзишгар шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватан меистад..” Дар ин замина, варзиш арсаи нангу номус, ифтихори халқияту миллат мебошад. Ҳамин аст, ки варзиш дар арсаи сиёсати байналмилалӣ чун рукни асосӣ ворид шуда, сарҳадро намеписандад. Аз ин рӯ, варзишгар ба пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир бо чашми хираду ифтихори миллӣ бояд назар андозад ва ояндасоз бошад. Танҳо як нуқта бомаврид аст, ки як варзишгар метавонад, дар баробари тамоми миллат ватану миллати хешро дар арсаи байналҳалқӣ муаррифӣ намояд. Пас, метавон хулоса намуд, ки саҳнаи варзиш саҳнаи нангу номус, саҳнаи ватандориву ору номуси миллӣ аст, яъне барои варзишгари муваффақ шудан танҳо неруи ҷисмонӣ кифоя набуда, балки меҳру муҳаббати хосаи варзишгар ба Ватан дар ҳамбастагӣ сарчашмаи муваффақият мегардад. Ба ибораи дигар, варзиш саросар саршори омилҳои зебоӣ, паҳлавонӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз сафи варзишгарон –ҷаҳонпаҳлавонони кишварамон сол ба сол афзоиш дорад ва бахусус, корномаҳои варзишии паҳлавононамон тӯли солҳои охир, аз ҳисоби ҷавонони боору номус аз рушди минбаъдаи варзиш дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад. Корномаҳои варзишии онҳо худ як дарс, як василаи муҳими таҳкими худшиносиву ватандӯстии сокинонамон, аз ҷумла, ҷавонону наврасонамон аст.

- Дар мавриди фаъолияти кунунии донишкада, ки таърихи қариб нимасраро дорост, андешаҳоятонро баён менамудед.

- Тамаддуни варзиши тоҷик хеле қадимӣ бошад ҳам, бешубҳа ривоҷу равнақи илми варзиш бевосита ба номи ин донишкада вобаста аст. Боиси хурсандии аҳли кормандони донишкада аст, ки бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти донишкада чун дигар соҳаҳои кишвар саҳифаи нав –марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат, таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, ғамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт ва имрӯз донишкада анъанаи дерини падарону модарони ҷаҳоншинохта, нобиғаҳои варзиши ватаниро дар шакли нав ва рӯҳу равони тоза идома бахшида истодааст. Имрӯз донишкада ба як маркази омода намудани варзишгарони касбӣ, тайёр намудани омӯзгорон, мураббиён, доварон, афсарон, сайёҳон, кӯҳнавардҳо ва воқеанигорони варзиш мубаддал гаштааст. Ин ҷо бамаврид аст, бо як ифтихору самимият иброз намоем, ки имрӯз бисёр дастовардҳои варзишии кишварамон ба дастпарварону шогирдони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов иртиботи зич доранд. Кифоя аст, танҳо ёдовар шавем, ки номварони варзиши ҷаҳонӣ Зебунисо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Сайидмуъмин Раҳимов, Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва ба инҳо монанд маҳз нахустин алифбои варзишро аз ин донишкада омӯхтаанд, ки сокинони кишвар мудом аз пирӯзию сарбаландӣ ва муваффақиятҳои ҷолиби онҳо ифтихор мекунанд. Садҳо шогирди имрӯзаи донишкада анъанаи онҳоро бошарафона идома дода, имрӯз на танҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ дар сабқатҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ пешсаф мебошан.Айни замон зиёда аз 200 нафар муҳассилин – варзишгарони муассиса аъзои дастаҳои яккачини кишвар мебошанд.

Албатта, ҳамаи ин шуҳрату эътибори донишкадаро дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳо боз ҳам афзун намудааст ва сол ба сол барои зиёд шудани сафи хоҳишмандони таҳсил дар донишкада мусоидат намуда истодааст. Аз ҷумла, соли равон шумораи довталабони таҳсил нисбат ба солҳои қаблӣ хеле афзуд. Хурсандиовар аст, ки сафи довталабон аз ҳисоби духтарон афзудааст. Имсол сафи ҷавонони дорои дараҷаҳои варзишӣ низ кам набуданд, ки ба онҳо ҳангоми қабул имтиёзҳо муқаррар гашта буданд. Умуман, дар ҳаёти муассиса навгониҳо афзун гашта истодаанд.

- Шумо вобаста ба бардошту мушоҳидаҳоятон муносибати ҷавононро ба касбомӯзӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед. Баъзан чунин мушоҳида мегардад, ки бархе аз ҷавонони мо ҳангоми интихоби пешаи минбаъдаашон саҳлангорӣ менамоянд.

- Тавре шоҳидем, имрӯз дар заминаи ғамхориҳои зиёд ба соҳаи маориф ва ислоҳоту рушди он, бобати бештар фарогирии ҷавонон ба касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат  рақобатпазир  тадбирҳои зиёд роҳандозӣ шуда истодаанд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ин имкониятҳоро дуруст истифода намебаранд ва ҳангоми интихоби шуғли минбаъда ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд. Баъзан тасодуфӣ, ғайри ихтиёри худ, берун аз доираи қобилияту лаёқати хеш ва ё бо омилҳои дигар пешаи минбаъдаашонро интихоб мекунанд. Дар мавриди касбинтихобкунӣ волидон ва омӯзгорони мактаб бояд нақши муҳим бозанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки волидони гиромии мо ҳангоми интихоби касб ва умуман тақдири минбаъдаи пайвандонашон баъзан саҳлангорӣ мекунанд. Илова ба ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои роҳнамоии касбӣ ва интихоби дурусти касб ҳанӯз чандон ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Бисёр хонандагон моҳияти касб ва мазмуни касбу ихтисосҳоро дуруст дарк намекунанд. Ҳамин аст, ки баъди хатми мактаби миёна хатмкунандагон дар мавриди интихоби пешаи минбаъдаашон душворӣ мекашанду роҳгум мезананд. Дар ҷомеаи муосир масъалаи касб ва касбинтихобнамоӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, чунки танҳо мутахассиси соҳибихтисос метавонад вобаста ба қобилиятнокӣ ва касби интихобнамудааш дар соҳаҳои гуногун фаъолият намояд. Барои бедор намудани шавқи ҷавонон баҳри касбу илмомӯзӣ мо бояд ҳанӯз аз хурдӣ дар ниҳоди фарзандон зина ба зина майлу рағбатро ташаккул диҳем. Мояи ифтихор ҳам аст. ки имрӯз аксари ҷавонони мо қобилияти хубу маҳорати баланди азхудкунии илмҳои муосирро доранду ҳатто бисёре аз онҳо новобаста ба ҷавониашон дар муассисаву корхонаҳое, ки кор мекунанд, нақши навовариву созандаро доранду дар ин синну сол аллакай миёни ҳамкорон мавқеву обрӯ пайдо намудаанд.

Мавлон ШАРИФОВ,

узви ИЖТ, устоди ДТҶТ

ба номи С.Раҳимов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш