Нашрияи Омӯзгор

Аз интернет ҳадафмандона истифода намоем

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

Асри 21 асри инкишофи технологияи информатсионӣ ва интиқоли босуръати хабарҳои ҷаҳон ба воситаи шабакаи интернет аст. Хонандагон метавонанд иттилооти зиёдеро аз интернет дарёфт намоянд, ки барои ташаккули донишу ҷаҳонбинии онҳо мусоидат менамояд, зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ ба иттилоот аз тамоми фанҳои дарсӣ осон аст. Инчунин, ба воситаи шабакаи интернет метавон фикру ақидаҳои худро баён намуда, нуқтаи назари дигаронро оид ба ин ё он мавзӯъ дарк кард.  Ҳамаи ин ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ мегардонад ва фарҳанги муоширати онҳоро баланд мебардорад.

Мутаассифона, бештари хонандагон технологияи иттилоотиро тамоман бар хилофи одобу ахлоқи анъанавӣ истифода мебаранд. Ба ҷои ба корҳои илмӣ, омӯзишӣ, назарсанҷии тадқиқотҳои бузурги олимони ҷаҳон ва дигар омилҳои такомули захираҳои ақлонӣ ва ахлоқии худ машғул шудан, онҳо ба сомонаҳои каммоҳият, ё хатарнок ворид мешаванд ва зери таъсири ашхоси манфиатхоҳ ва гурӯҳҳои тундгаро мемонанд. Ин амал хонандагонро аз илмомӯзӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ дур месозад. Аламовар он аст, ки хонандагон аз адабиёту фарҳанги бойи мо оҳиста-оҳиста дар канор мемонанд. Хондани асарҳои бадеӣ ва қироати шеърҳои шоирони форсу тоҷикро бо мулоқотҳои бефоида дар интернет, тавассути компютер ва телефонҳои мобилӣ иваз намудаанд. Волидони хонандагон низ аз чунин ҳолат хавотиранд, лекин барои бартараф намудани оқибатҳои нодуруст истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ ягон чораҷӯӣ намекунанд.

Дар вақти омӯзиши баъзе мавзӯъҳо ба шогирдонам вазифа месупорам, ки онро аз шабакаҳои омӯзишии интернетӣ пайдо намоянд. Масалан, дар вақти омӯхтани жанрҳои адабиёт ё зиндагиномаи шоирону нависандагони форсу тоҷик ба хонандагон супориш медиҳам, ки аз воситаҳои техникӣ истифода бурда, оид ба воқеаҳои таърихӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва мавқеи ҷуғрофии давлате, ки ин ё он шоир ва нависанда умр ба сар бурдааст, маълумот пайдо кунанд. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд, ба ин шева матнҳои асарҳои шоирону нависандагони классикӣ ва муосирро дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик дарёфт намоянд, гӯш кунанд ва аз худ намоянд.

Гузаронидани вақти холӣ ва реҷаи муайян доштани хонандагон ба сифати таҳсили онҳо таъсири калон дорад. Хонандагон баъди дарс ба чӣ корҳо машғуланд? Чӣ қадар вақтро барои бозӣ ҷудо мекунанду чанд соат барои иҷрои вазифаи хонагӣ пешбинӣ мешавад? Кадом вақт ба хоб мераванд ва чӣ миқдор вақти онҳо ба тамошои оинаи нилгун сарф мешавад? Ҳамаи ин омилҳо ба омӯзгор ёрӣ мерасонад, то дили хонандаро ба даст оварда, сабаби пешравӣ ва қафомонии ӯро фаҳмад. Агар омӯзгор аз ҳоли равонӣ, вазъияти хона, шавқу завқи хонанда ва маҳорату камбудиҳои шогирдонаш огоҳ бошад, ӯ метавонад завқи хонандаро ба раванди таҳсил ва омӯзиш бедор намояд. Ин ҷараёни дурудароз ва заҳматталаб аст ва аз шахс маҳорату муносибати ҷиддиро тақозо дорад.

Умедворем, ки ҳар як падару модар дар ҳамкорӣ бо мактаб фарзандашонро барои илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ ва меҳнатдӯстиву лаёқатмандӣ талқин намуда, ба ояндаи дурахшони ӯ бетарафӣ зоҳир намекунанд.

Д. АБДУЛФАЁЗОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷики

мактаби №30 ба номи

Худоназар Мамадназарови

ноҳияи Шуғнон  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш