Нашрияи Омӯзгор

Аҳамият ва омӯзиши экология дар замони мо

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 308        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир амалҳои номатлубу ношоистаю бесалоҳияти созмонҳои гуногун ба муҳити зист, истифодаи зиёди захираҳои табиӣ, зиёдшавии партовҳои саноатӣ, истифодаи ҳаматарафаи замин, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ғайра ба он овардааст, ки на фақат саломатии инсон, балки мувозинати экологии биосфера низ коҳиш ёфта истодааст.

Иллати дигари коҳиш ёфтани вазъи экологии сайёра он аст, ки қисми зиёди аҳолӣ аз экология ва муҳити зист, қонуниятҳои ҳамзистии организмҳои зинда ва аз маърифату фарҳанги экологӣ хуб бархӯрдор нестанд.

Ҳадафи асосии таълиму тарбияи экологӣ аз он иборат аст, ки хонандаро ба омӯзиши масъалаҳои муҳими экологӣ ҷалб намуда, дар ботини ӯ бояд нисбат ба олами набототу ҳайвонот, обу хок, ҳавою давою табиати зебоманзар муносибати дилсӯзонаро ташаккул медиҳад ва ба ин васила, барои наслҳои оянда муҳити зисти тоза ва манзараву мавҷудоти бенуқсон боқӣ гузорад.

Тавре маълум аст, одам аз рӯзҳои аввали пайдоиши худ бо табиат дар робитаи мунтазам қарор дошта, ҳамеша аз сарватҳои табиӣ, дар мадди аввал аз захираҳои ғизоии он истифода мекард, лекин фаҳмиши ӯ нисбат ба қонуниятҳои муҳити зист асоси илмӣ надошт. Бо гузашти вақт манбаъҳои дониши экологии инсон ташакул ёфтаанд.

Ҳанӯз дар давраҳои ибтидоӣ дониши экологӣ на фақат оид ба номгӯи намудҳои гуногуни растаниву ҳайвонот, инчунин, оид ба тарзи зиндагии онҳо дар муҳити сукунат инкишоф ёфта буд. Ба онҳо намудҳои ҳайвонҳои шикорӣ, парандаҳо, ширхӯрҳо, моҳиҳо ва растаниҳои ғизоӣ дохил мешуданд.

Ба ҷаҳонбинӣ олимони даврони мо асарҳои илмии олимони Юнони қадим таъсири бузург расониданд. Дар асари илмии файласуфи бузурги юнонӣ Арасту (384-322 то милод) „Таърихи ҳайвонот»дар бораи гурӯҳҳои гуногуни ҳайвонҳои обй, хушкӣ, дубаҳра, хазанда ва паранда маълумот дода шудааст. Ба ғайр аз ин, доир ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва мутобиқат ба муҳити зист, баъзан тарзи ҳаёти якка ва ё гурӯҳи тарзи ғизогирии онҳо низ маълумот оварда шудааст. Масъалаи сохт, таркиб ва ҳаёту зиндагонии организмҳо дар тадқиқоти илмии файласуфон ва мутафаккирони давраи қадим Теофраст (371- 280 то милод), Плиний (23 -79 милодй) ҳам мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Дар асарҳои Теофраст, аз ҷумла дар „Сабабҳои растанӣ» ва „Таърихи табии растаниҳо» дар хусуси гуногунии наботот ҷой, мавқеи иқлими хок нисбат ба сабзиш ва инкишофи онҳо маълумоти пурқимат гирд оварда шудаанд. Ғайр аз ин, ӯ нақши иқлимро дар паҳншави рустаниҳо нишон додааст. Хуллас, маълумоти нахустини экологӣ дар фанҳои ботаника ва зоология мавҷуд буданд ва онҳоро олимони дигар пурраву мукаммал гардониданд.

Химики маъруфи англис Р. Бойл (1627 ва 1691) бори нахуст таҷрибаи экологӣ гузаронида, таъсири фишори пастро ба фаъолияти ҳайвонҳо муайян кард. Дар таҳқиқи олимони машҳур К. Линней (1707 ва 1788) аҳамияти таъсири омилҳои экологӣ ба организмҳои зинда нишон дода шудааст.

Ҳаётшиноси немис Э. Геккел соли 1866 истилоҳи экологияро пешниҳод карда, экологияро ҳамчун фан чунин муаррифӣ кардааст: „Экология таъсири байниҳамдигарии  организмҳои зиндаро бо муҳити органикӣ ва ғайриорганикӣ муайян мекунад». Ба иборати дигар, экология илм оид ба робита ва муносибатҳои мураккаб дар табиат мебошад, ки онро Ч. Дарвин „мубориза барои ҳаёт» номидааст.

Дар инкишофи экология олими набототшинос (ботаникҳо) К.А. Тимирязев (1843-1920), Ф. Клементс (1874-1945), В.Н.Сукачев (1880-1967), хокшинос В.В.Докучаев (1846 ва 1903) ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд.

Шарофиддин Талбаков,

омӯзгори мактаби №14, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш