Нашрияи Омӯзгор

Заминагузори рушди кишвар

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввали ташаккули пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ конститутсияи нав қабул ва саҳифаи нав дар низоми таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Қонуни асосии кишвар ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт.

Тибқи конститутсия, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, барои татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, заминаи воқеӣ гузошт.

Конститутсия муҳим-тарин арзишҳои демократӣ, аз қабили ҳуқуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ихтиёран дохил ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузоштанд.

Якум, афзалияти ҳу-қуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва шикастнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд.

Дуюм, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил имкон дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд.

Сеюм, волоияти конститутсия нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Ягон қонун ё дигар санад наметавонад конститутсияро ислоҳ ё пурра намояд ва ё ба он мухолифат намояд.

Чорум, афзалияти са-надҳои байналмилалӣ.

Ин хусусияти давлати ҳуқуқбунёд барои ба ҷаҳони муосир ворид шудани Тоҷикистон нигаронида шуда, дар заминаи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ қонунгузории миллӣ ба шакли муайян дароварда шуда, ба ин васила рушди демокративу иҷтимоии давлат, ки аз санадҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.

Тахмина Гулакова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш