Нашрияи Омӯзгор

Роҳҳои ҷалби хонандагон ба мутолиа

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 18        Шарҳ: 0

 

Ба мутолиа ҷалб намудани хонандагон бояд бо шаклу шеваҳои амиқи тавзеҳбахшӣ аз ҷониби омӯзгорону устодон, хусусан, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ва забони  русӣ ба роҳ монда шавад.

Огаҳ будани  омӯзгор аз осори  бадеии оламшумул як тарафи  кор буда, вай вазифадор аст, ки  дар машғулиятҳои  худ ва дарсҳои  иловагию маҳфилҳои  фаннӣ  дар хусуси  асарҳои маъруфу машҳури  адабиёти классикии  форсу тоҷик, адибони муосири  кишварамон ва ҷаҳон маълумоти  муфассалро ба шогирдон манзур намояд, шавқу рағбати онҳоро  ба дарёфту ҷустуҷӯ ва мутолиаи  осори  мазкур  тақвият бахшад. Рисолати  омӯзгор танҳо аз он иборат нест, ки  рӯйхати  асарҳои  бадеиро як-як дар тахтаи  синф  навиштаю мутолиаи  он ҳама  осорро  қотеъона  аз хонандагон талаб кунад. Талқину таъкиди китобхонӣ  ва дӯст доштани  адибону  асарҳои  таълифнамудаи  эшон  аз  муҳити  хонавода, ба вижа, падару модар низ  вобастагии  амиқ дорад. Масъалаи ба мутолиа ҷалб намудани  фарзандон бо харидани  чор-панҷ китоби бадеӣ аз дуконҳои  китоб ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли  мусбати худро  нахоҳад ёфт. Имрӯз зарур аст, ки (ва ин бояд қарзи  виҷдонии волидон маҳсуб ёбад) дар оилаҳо китобхона таъсис дода шавад. Ҳадди ақал китобхонаҳои оилавӣ аз 50 то 100 нусха китоби  бадеиро бояд фаро гирад. Ҳақиқати маълум аст, ки фарзанд ба таври  доимӣ китобро дар пеши  чашми худ бинад, онро ҳатман варақ мезанад. Дар ин роҳ бояд ҳам  омӯзгорон ва ҳам  волидон асарҳои  хонданиву пурмуҳтаво ва баландғояро ба хонандагон баҳри мутолиа тавсия диҳанд. Омили  дигаре, ки ҷиҳати такомулу таҳаввули ҷаҳонбинии  шогирдон ва пурхонда гардидани  онҳо  такону ангеза мебахшад, ин китобхонаи  мактаб ва китобдор  ба шумор меравад. Тайи  солҳои  охир бо иқдом ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нашри китобҳои  бадеӣ  ва ба муассисаҳои  таълимӣ  дастрас намудани ин осор  вусъати  тоза пайдо кардааст. Акнун ин китобҳоро бояд ба  хонандагон китобдори  заҳматпешаву дӯстдори касби  худ дар ҳамкорӣ бо омӯзгори забон ва адабиёти  тоҷик, роҳбарони синфҳо ба хонандагон барои  мутолиа тавсия ва пешниҳод карда, ҳангоми  баргардонидани  китобҳо маънию ғоя ва нуктаҳои  асосии  асарро аз хонандагон пурсида, қаноатмандӣ ҳосил намояд.

Дар ҳар сурат, раванди  ба мутолиа фаро гирифтани  хонандагон дар бедории шуури  онҳо ва такмилу тавсеаи ҷаҳонбинияшон кумак хоҳад расонд.

 

Сайфиддин КАМОЛЗОДА,

корманди АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш