Нашрияи Омӯзгор

Фарҳанги муомила дар фаъолияти омӯзгорӣ

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 16        Шарҳ: 0

 

Яке аз самтҳои асосии ташаккули хусусиятҳои психикии шахс муомила ба ҳисоб меравад. Муомила шарти муҳимми иҷтимоишавии одам, талаботи ҳамешагию зарурии ӯст.

Он раванди мураккабу гуногунҷанбаи барқароркунӣ ва вусъатдиҳии робитаи байниҳамдигарии одамон буда, дар асоси хоҳишу фаъолияти якҷоя намудани онҳо ба вуҷуд меояд ва мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва дарки ҳамдигарро фаро мегирад. Фарҳанги муомилаи педагогӣ мубодилаи фикр байни омӯзгор ва хонанда буда, дуруст муомила карда тавонистан, худдорӣ аз гуфтори ғайри қобили қабулро мефаҳмонад. Маҳорати педагогӣ одоби муомила дар кори таълиму тарбиявӣ аст. Барои дар кори педагогӣ ба пешравию комёбиҳо ноил шудан ба омӯзгор лозим аст, ки як қатор хусусиятҳо, аз қабили сатҳи баланди дониш, маҳорати баланди тарбиядиҳӣ, маҳорати касбӣ, фарҳанги муомилаи педагогӣ ва маданияти баланд дошта бошад. Дар ҳолати мавҷуд набудани ин хусусиятҳо ӯ омӯзгори асил шуда наметавонад ва ин омӯзгор тасодуфӣ буда, зарурати педагог шуданро надорад. Агар мо, омӯзгорон, маҳорати касбӣ, муомилаи фарҳанги педагогӣ надошта бошем, дар ҷомеа қадру манзалат ҳам пайдо карда наметавонем.

Муомила дар ташаккул ва такомули идоракунии хонандагон аҳамияти бузург дорад. Барои дарк кардани муомила ҳолатҳои онро донистан зарур аст. Инҳо коммуникативӣ, интерактивӣ ва персептивӣ мебошанд. Моҳияти функсияи коммуникативиро мубодилаи ахбор ва ба ҳамдигар радду бадал намудани маълумот (маҷмӯи тасаввурот, ақида, шавқу ҳавас, ҳолати рӯҳӣ, ҳиссиёт ва мақсадгузориҳои муомилакунандагон) ташкил медиҳад.

Функсияи интерактивии муомила аз ҳамкории байниҳамдигарии муомилакунандагон иборат мебошад. Яъне дар ҷараёни муомила на танҳо додугирифти донишҳо, ақидаҳо, балки додугирифти амалҳо низ ба вуҷуд меояд.

Функсияи персептивӣ маънои идроки байниҳамдигарии муомилакунандагон ва ё худ ҳамдигарфаҳмиро дорад. Идрок ё худ дарк кардани шахс дар асоси муқоиса намудани худ бо ҳамсуҳбат ба амал омада, бо се ҷиҳат тавсиф дода мешавад: индентификатсия – дар асоси хусусиятҳои худ дарк кардани ҳамсуҳбат; эмпатия-қобилияти дарки эмотсионалии ҳамсуҳбат дар шакли ҳамдардӣ; рефлексия-дар оинаи дарки ҳамсуҳбат чӣ тавр инъикос намудани худро ифода мекунад.

Яке аз воситаҳои асосии муомила забон ба ҳисоб меравад. Забон воситаи асосии муомилаи одамон аст. Нутқ истифодаи забон дар ҷараёни муомила мебошад. Нутқи инсон танҳо дар натиҷаи азхудкунии забон шакл мегирад ва бояд ҳамеша бо меъёрҳои забон мувофиқ бошад. Ноил шудани омӯзгор ба комёбиҳои касбӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас аз бисёр ҷиҳат ба сифатҳои шахсӣ ва махсусан, ба қобилияти педагогии ӯ вобаста мебошад.

 

Сарвиноз НОДИРОВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи

мактаби №40, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш