Нашрияи Омӯзгор

Одоб ҳуснафзои инсон аст

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 13        Шарҳ: 0

 

Дарсҳои тарбиявӣ дар таълимгоҳ мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар мавзӯи «Дӯстиву саховатмандӣ – хислатҳои нек» баргузор намудани чунин дарс хеле манфиатбахш аст.

Муаллим дарсро бо байти Хоҷа Ҳофиз шурӯъ мекунад:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор

орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор

орад.

Баъд ба шогирдон бо чунин суол муроҷиат мекунад:

– Ба фикри шумо, киро дӯст гуфтан мумкин аст?

Аз тарафи шогирдон чунин ҷавобҳо шунида мешаванд:

– Дӯст шахси дилсӯз, беғараз ва ғамхорро мегӯянд.

– Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша аз рафиқи худ хабардор мешавад.

- Дар бораи шинохти дӯстон Мавлоно Ҷомӣ хуб гуфтааст:

Барои дӯст ҷонатро фидо кун,

Валекин дӯст аз душман ҷудо кун.

Суҳбатро омӯзгор идома медиҳад:

«Дӯстро ҳамеша ба некӣ ёд кунед, ба некиаш бо некӣ ҷавоб диҳед. Ба шодиаш шоду ба рӯзи сахташ дастгир, ёру мададгораш бошед. Ба дӯстон ёрӣ расонед ва бо душманони онҳо дӯстӣ нанамоед».

Пас аз ин устод аз шогирдон мепурсад:

– Киро саховатманд номидан мумкин аст?

– Одами сахӣ, дасткушодро.

Муаллим ҳикояти хурдакакеро мисол меорад:

– Духтарчае чун ҳаррӯза бо падару модари пираш назди чойхонае омада нишастанд. Чойхоначӣ нонпораҳо, санбӯсаҳои нимхӯрдаро назди онҳо гузошт. Марде, ки рӯ ба рӯйи онҳо нишаста чой менӯшид, ин ҳолро дида ғамгин шуду чорто нони гарм, чанд санбӯсаю як чойник чой оварда наздашон монду ба хӯрдан таклиф кард. Ин, албатта, саховати он мардро нишон медиҳад. Бузургон фармудаанд:

Саховат пеша кун ту аз каму беш,

К-аз он бегонагон гарданд чун хеш.

Ё худ:

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз,

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз.

Муаллим:

– Як ҳикмати ҷовидонаи шоири бузург Саъдии Шерозӣ тамоми мардуми ҷаҳонро ба ягонагӣ, ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдардӣ ва дӯстию рафоқат даъват мекунад:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Баъд аз ин шоҳбайтҳои шоирон аз тарафи омӯзгор қироат карда шуда, ба ҳар як нафар яктоӣ супорида мешавад, то азёд карда, худашон низ чунин байтҳоро ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳамин тавр, муаллим дарсро ҷамъбаст намуда, ба шогирдон таъкид мекунад, ки бояд аз хислату сифатҳои нек бархӯрдор бошанд ва дар рӯзгори ҳамарӯзаашон ба одобу рафтори ҳамида риоя бикунанд.

Қурбоной Каримова,

ҷонишини директори 

мактаби №63-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш