Нашрияи Омӯзгор

Модарам хайётӣ омӯзад маро

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 192        Шарҳ: 0

 

Аз Душанбе ба дидани модарам ба деҳа меравам ва раҳораҳ даврони кӯдакиям ба ёдам мерасад, ки ҳар субҳ аз  хоб бедор мешудам ва модарамро дар сари мошини дарздӯзӣ медидам.

Ҷиҳози арӯсии духтарони деҳаро  ӯ медӯхт. Чун медид, ки субҳ дамидаасту барои фарзандонаш бояд субҳона омода намояд, зуд аз ҷой бармехесту барои ҷӯшидани шири гов ба оғилхона мерафт. Баъди лаҳзае дар даст кӯзаи шир меомаду барои мо ширчой ва  ё ширбиринҷ мепухт. Мо, чаҳордухтарон, бо бародаронамон субҳона хӯрдаву ба мактаб мерафтем.Чун аз мактаб меомадем, модарам моро дар бараш мешинонду дар дастамон сӯзану риштаҳои ранга медоду мегуфт, ки зуд корро оғоз кунед, ки ин ҳафта духтари ҳамсоя ҷашнӣ арӯсӣ дорад, ман куртаҳояшро медӯзаму шумо шерозаву болиштҳояшро гулдӯзи кунед.

Оре, модарам солҳост, ки хайётӣ мекунад, тамоми занону духтарони деҳаро бо камзӯлча, ҷомаҳои атласу бахмалӣ таъмин менамояд. Ба ёд меорад, ки солҳои нави хонадорӣ, ки зиндагӣ мушкил омад ва  бо меҳнати дастам рӯзгорро меҷунбонидам, ҳарчанд падаратон кор мекард, аммо боз ба рӯзгор намерасид. Солҳое  буд, ки дар деҳа тамокупарварӣ ривоҷ ёфта буд, аз субҳ то шом дар сари замин будам ва барги тамокуро чида, ҳамел мекардам, шом чун меомадам боз сӯзану ришта дар даст гирифта, гулдӯзӣ  ва қуроқдӯзӣ менамудам, то фарзандонам бо либосу хӯрок таъмин бошанд.

Аз он рӯзгор солҳое гузашта, синну соли модарам низ ба ҷое расида, аммо то ҳол пушти мошини дарздӯзист, ҳарчанд дигар  ба дастмуздаш ниёз надорад, аммо  лаҳзае наметавонад бе сӯзану ришта бошад. Мо, фарзандон, ӯро хоҳиш мекунем, ки модар, дигар худатонро хаста накунед, аммо мебинем, ки  гуфтаи мо хушаш намеояд, дилаш таҳ мехӯрад ва ҷавоб медиҳад, “ садои шақар - шуқури мошини дарздӯзӣ бароям мисли садои мусиқист,  агар дӯстам медоред, маро бигузоред, ки ҳамеша дар сари мошинаам бошам”.

Хушбахтона, дастони моҳири модар буд, ки бо шарофату ҳидояташ мо, хоҳарон, низ имрӯз  ба ҷуз он ки омӯзгор ҳастем, боз дар вақтҳои холӣ нақшу нигор дар болои матоъ медӯзем, камзӯлча барои занону кӯдакон омода мекунем, яъне модар моро ҳам ҳунар омӯхту ҳам соҳиби  маълумоти олӣ намуд.

Аз шаҳр барои дидорбинии модар ба деҳа сафар мекунам.Мошини  мо ба хонаи падар наздик мешавад ва  садои хандаҳои модар  ба гӯшам мерасад ва як рубоие ба ёдам меояду  зери лаб такрор мекунам:

Қишлоқаки ман бӯи ту дорад, модар,

Гул аз рухи хушрӯи ту дорад, модар.

Ҳар санги варо бӯса занам, шод шавам,

Ҷонам ҳаваси рӯи ту дорад, модар.

Чун  дарвозаи хонаи падарро во мекунам, нахуст боз садои мошини дарздӯзиро мешунавам ва кӯдакона шодӣ мекунам, ки ин садоест аз будани модарам дар хона дарак медиҳад. Ин лаҳза  модар бо миёни хамида, ки дар ҷавонӣ қади сарву чашмони зебояш падарамро шефта намуда буд,  ба истиқболи ман меояд ва худамро дар оғӯши гармаш меафканам:

Модар, бари ту хоби ширинам мебурд,

Ширин - ширин хоби маҳинам мебурд.

Он лаҳза, ки ту навозишам мекардӣ,

Дасташ фаришта бар ҷабинам мебурд.

 

Таҳмина Турсунхолова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш