Нашрияи Омӯзгор

Ифротгароӣ ва насли наврас

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 289        Шарҳ: 0

 

Терроризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон дар зери ниқоби арзишҳои динии бебунёд паҳн шуда истодааст, ки ин хатари калони иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти кишварҳои гуногун бевосита таҳдид карда истодааст. Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ кишвари мо низ истисно нест.

Намояндагони ин гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, ба насли наврасу ҷавононе кор мегиранд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳист. Давлати мо низ барои мубориза ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Қобили қайд аст, ки дар заминаи мубориза ба ифротгароӣ ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир муассисаҳои таълимӣ нақши калидиро мебозанд.

Дар ин робита омӯзгорон бояд маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавононро баланд бардоранд.

Ҳамчунин, омӯзгорон бояд робитаи зичи худро бо оилаи хонандагон таъмин намоянд, зеро агар оила дар рафъи ин мушкилот таъсиргузор набошад, фаъолияти мактабу оила чандон самарабахш намегардад.

Маълум аст, ки дар ҳар як мактаб чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуда, хатари таҳдиди ифротгароӣ ва терроризм фаҳмонда мешаванд.

Дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки волидайн гузаронидани чорабиниҳо, ба монанди “Волидайн зидди радикализм, ифротгароӣ ва терроризм” бениҳоят муҳим аст. Дар саргаҳи таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ омӯзгор қарор дорад. Омӯзгоре, ки бо неру ва иқтидори зеҳнӣ ва ақлонӣ мусаллаҳ аст, метавонад ҷомеаро ба сӯйи хирадмандӣ ва донишгустарӣ раҳнамун созад. Маҳз омӯзгор бо дониш, биниш ва фазилату фаросати амиқ, кӯдак, наврас ва насли ҷавонро аз вартаи хатарбори ҷаҳолату торикӣ мераҳонад ва ба сӯи рӯшанӣ раҳсипор менамояд.

Омӯзгоре, ки биниши илмӣ дорад, тарзу тариқи фаҳму дарки олам, ҳаводису воқеот ва бурду бохти ҷаҳони инсониро бо диди тоза ва орӣ аз таассубу ҳурофот ба хонанда мерасонад.

Таҳлили вазъияти кишварҳои доғи ҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки бетарафӣ ва саҳлангорӣ дар кори мубориза бар зидди ифротгароӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳури он, аз қабили зӯроварӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ифротгароӣ минтақаҳои беш аз пеши ҷаҳони муосирро фаро мегирад ва тарзу усули ғоявӣ ва амалии воқеъпазирии он чи аз ҷиҳати идеологӣ ва чи аз ҷиҳати ҳарбӣ мудҳиштар ва хатарноктар мегардад. Инро мо метавонем дар амалҳои охири ДИИШ дар Ироқу Сурия, Ал - Қоида дар Яман ва Боко Ҳарам дар Нигерия мушоҳида кунем. Акнун ҳадафи қатлу куштори онҳо на фақат сарбозон ва кормандони давлатӣ, балки пеш аз ҳама, занону кӯдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои ғайр қарор гирифтаанд. Ин усули бесобиқаи даҳшатафканӣ ҳаракатҳои ифротгароиро ба марҳилаи нав ва бисёр нигаронкунандаи идеологӣ ворид кардааст. Акнун меъёрҳо ва догмаҳои зиддиинсонии қабилавӣ ва мазҳабӣ, аз қабили қатлу куштор, роҳзанӣ ва қасосгирӣ ба ҳақиқатҳое табдил дода мешаванд, ки ифротгароиро машрӯъият мебахшанд. Ин омилҳо бояд ва ҳатман бо такя ба неруҳои солим ҷомеа, ки омӯзгорон қишри фаъоли он мебошанд, ҷилавгирӣ шаванд. 

Чунончи, Мавлоно ба ҷавҳари тарбияи ботинии инсонҳо ишорат карда, басо нишонрас ин падидаро тафсир кардааст:

  Мо бурунро нангарему қолро,

  Мо дарунро бингарему ҳолро.

 

Маҳдия ЁРОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №94-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш