Нашрияи Омӯзгор

Забони ширадору боназокат

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 238        Шарҳ: 0

 

Ками дар кам халқияту миллатҳоеро ном бурдан мумкин аст, ки забони худро дӯст надоранду аз он ҳимоят нанамоянд. Онҳое, ки ба беэҳтиромӣ нисбат ба забони модарии худ роҳ додаанд, кайҳо боз онро ҳам аз даст додаю худшиносии миллии худро бохтаанд.

Арзи ҳастӣ доштани  забонҳои гуногун дар ҷаҳон худ шаҳодати он аст, ки забон дар ҳаёти инсонҳо мавқеи муҳим ишғол менамояд. Зарурияти бисёрзабониро донишмандон ҳанӯз хеле кам шарҳу тафсир додаанд. Вале таърихи инсоният муҳимияти онро дар бақои миллат борҳо бо далелҳои қатъӣ собит сохтааст. Мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, ки бо аз байн рафтани ин ё он забон бар асари ҳаводиси таърихӣ, беэҳтиётию ҳифз нагардидан халқияту миллат ва давлатҳои замоне соҳибқудрат низ аз байн рафтаанд ва дар байни дигар миллатҳо омезиш ёфтаанд. Замони имрӯзаи ҷаҳонишавии фарҳангҳо ҳам имтиҳони навбатии ҷиддиест, дар нигаҳдошти забону фарҳангҳои халқияту миллатҳои гуногуни ҷаҳон. Аз ин хатар, махсусан, давлатҳои хурд ва дар сатҳи пасти иқтисодӣ қарордошта эмин нестанд.

Забони ноби форсӣ – тоҷикӣ аз ҷумлаи он забонҳои нодире маҳсуб меёбад, ки тӯли мавҷудияти худ ба муқовимат ва бархӯрдҳои сангине рӯ ба рӯ гардида, хушбахтона, ба таври ҳайратовар побарҷо боқӣ мондааст. Миллати тоҷик давлатҳои худ, минтақаҳои алоҳидаи ҳудудии худро аз даст дод, вале забонашро нигоҳ дошта тавонист. Аҷобаташ он аст, ки истилогарон бо вуҷуди дар баробари барҳам задани давлати миллии тоҷикон ва бунёди давлатҳои миллии худ, нақшаи аз байн бурдани забони тоҷиконро доштан, онро забони давлатии худ қарор додаанд ва сухангустариро бо ин забон барои худ мояи ифтихор донистаанд. Шуҳрати забони модари тоҷик ба ҳадде боло рафт, ки анқариб нисфе аз меҳвари оламро тасхир намуд. Берун аз марзи тоҷик, дар сарзаминҳои аз лиҳози забон, мазҳабу дин дар тавофут паҳн гардид, рушд ёфт. Ин забони шеъру чашмаю рӯдҳои мусаффо шоирони миллатҳои ғайр чун Қатрони Табрезӣ, Ҳилолӣ, Фонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ва Иқболро водор ба он намуд, ки бо тоҷикӣ асарҳои беназир ба башарият ҳадя намоянд ва дар ҳолатҳое беҳтар аз шоирони тоҷик сухан бигӯянд. Аз забони модарии худ воло донистани забони тоҷикӣ аз тарафи эшон худ арҷгузории баландест ба забони миллати тоҷик. Ҳатто Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бо ҳама золимии худ дар рушду таҳкими забони форсӣ - тоҷикӣ дар Ҳиндустону Покистон саҳми беандоза баланд гузоштааст ва илҳомбахши шоирони миллатҳои дигар ба гунаи Иқбол гардидааст. Донишманди машҳури эронӣ Сайид Нафисӣ бо шефтагӣ аз забони тоҷикӣ баён намуда буд, ки забони форсӣ – тоҷикиро дар шакли хеле беолоишиаш дар Тоҷикистон дарёфтааст. Забоне, ки шоири шаҳири Доғистон Расул Ғамзатов бо ваҷд ва хитоб ба устод Мирзо Турсунзода «Аз савти забони шумо, ба қавли Есенин, бӯи гулҳои Шероз меояд» - гуфта ситоиш намудааст. Гёте – шоири бузурги олмонӣ бо илҳом аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ забони ӯро забони хоссаи шеър арзёбӣ кардааст.

Мутаассифона, муборизаҳои муғризона алайҳи ин забони поку беолоиш дар замони мо авҷ гирифта истодааст. Гурӯҳе, ки дар он тоҷикони худбохта ҳам шомиланд, нияти ба ҳам зид гузоштани се фарзанди як модар – форсӣ, дарӣ, тоҷикиро шиор қарор дода, иддао доранд, ки тоҷикӣ гуфтанӣ забон несту фақат форсист ва ба ин шева мавҷудияти Тоҷикистонро низ ҳамчун давлат зери хатар гузоштанианд. Бинобар ин, вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст иборат аз он аст, ки дар ин муборизаҳо бетарафиро интихоб накунанд. Поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарию давлатӣ, истифодаи вожаҳои даркору нодаркори бегонаро сарфи назар кардан беҳтарин ҳимоят аз он мебошад. 

 

Ахтар ЁДГОРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш