Нашрияи Омӯзгор

Дастоварди бузурги миллӣ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 224        Шарҳ: 0

 

Ҳанӯз дар соли 538 (пеш аз мелод) нахустин бор Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиниён, шоҳ Куруши Кабир эълом шудааст, ки дар давоми қариб дуюним ҳазорсола моҳияти худро гум накарда, нишондодҳои он дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар конститутсияҳо истифода шудаанд.

Соли 1778 Амрико аввалин конститутсияро қабул намуд, сипас, кишварҳои Аврупо Фаронса, Олмон, Венгрия, Австрия... конститутсияи худро қабул карданд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал соли 1918 ва сипас, соли 1924 конститутсия қабул шуд…

Бо комёб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мустақили давлатдории хешро муайян ва конститутсияи худро чун дурнамои давлатдорӣ қабул намуд. Тоҷикистон дар даврае Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, ки дар ҷаҳон буҳрони сиёсиву молиявӣ оғоз гардида буд. Дар чунин шароит ҷумҳурии мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонист аз муқаррарот ва таҷрибаи ҷомеаи байналмилалӣ дар канор бошад. Дар баробари ин, раванди ҷаҳонишавӣ, тезутунд гаштани масъалаҳои энергетикӣ, молиявӣ, захиравӣ, экологӣ ва дигарҳо ба пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ дар дохили ҳар як кишвар таъсири ҷиддӣ расониданд. Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз нахустин баромадҳояшон таъкид доштанд, ки «мақсади мо бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем»

Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати олии сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳаёти бузурги таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буд. Бори аввал дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон конститутсия он нуктаро эътироф намуд, ки асоси ҳуқуқии ҷомеаи нав, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озидиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ муқаррар намуд. Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият даровард ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Он ҳамчун қонуни асосии мамлакат асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, шакли идоракунии давлатии Тоҷикистонро муайян намуд. Конститусия ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардид ва муқаррар намуд, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори устувори давлат мебошад, ки дар худ арзишҳои пазируфтаи умумиинсонӣ, асосҳои бунёдӣ ва сохтори давлатдориро возеҳу равшан таҷассум кардааст. Он соҳибихтиёрии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровард. Ҳуқуқбунёдӣ ва демократия бошад, ҷавҳар ва мақсади ниҳоии ҳар давлати башарпарвар аст. Давлати ҳақиқӣ танҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки конститутсия ва қонунҳои ба он мутобиқ муқаррар кардаанд, бояд амал намояд. Умуман, чунин давлате вуҷуд надорад, ки он ба қонуну тартибот ва қоидаҳои ҳуқуқӣ эҳтиёҷ надошта бошад, бахусус, давлати ҳуқуқбунёд. Аз ин рӯ, ҳуқуқ, қонун ва пеш аз ҳама, қонуни асосии мамлакат, ки манбаи ҳуқуқ ва ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад, бояд волоият дошта бошад. Арзиши баланди ин ҳуҷҷат дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мешавад.  Умуман, таърихи начандон тӯлонии даврони истиқлолият собит намуд, ки қабули конститутсия ва роҳи интихобнамудаи мардуми кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст будааст ва ин роҳи бебозгашту ифтихорӣ мебошад.

Мавлон ШАРИФОВ,

дотсент, ҳуқуқшиноси ДТҶТ  ба номи Саидмуъмин Раҳимов, узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш