Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии забони давлатӣ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 196        Шарҳ: 0

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олиест, ки номи онро ҳамагон бо ифтихор ба забон меорем ва дар қатори муқаддасоти миллат эҳтиром мекунем. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд ва  таъкид сохт, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Чӣ қадар гуворову пурифтихор ва тантанавию масъулиятбор садо медиҳанд нахустсатрҳои Конститутсияи кишвари маҳбубамон: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро  дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, озодӣ ва ҳуқуқи шахс-ро  муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Эҳтироми инсон ва ҳимоят аз манфиатҳои ӯ дар конститутсия мавқеи муҳим дорад. Дар  моддаи 5-и ин санади олии ҳуқуқӣ омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ  арзиши олӣ  мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Яке аз  омилҳои маънавии инсон, ки бо шаъну шараф ва худшиносии миллии ӯ ҳамбаста мебошад, забони модарии ӯст. Дар моддаи 2-и конститутсия таъкид мешавад, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Воқеан, доштани забони давлатӣ яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ва собитгари ҳастии миллат мебошад. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон эътироф шудааст ва он собиқаи дерини забони давлатӣ буданро дорост. Ҳатто дар замонҳое, ки дар қаламрави аҷдодони тоҷикон сулолаҳои аҷнабӣ ҳукмронӣ кардаанд, ин забон аз маснади расмӣ-давлатиаш маҳрум намондааст ва аз гуфтугӯ то коргузорӣ бо ин забони тавоно сурат мегирифтааст. Инак, дар айёми соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ боз ҳам мартабаи дерини худро соҳиб гашт ва ҳамчун забони давлатӣ шинохта шуд. Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос дош-тану равнақ бахшидани забони тоҷикӣ пайваста тадбирандешӣ  мекунанд. Китоби пурмуҳтавои Сарвари кишвар «Забони миллат-ҳастии миллат» оинаи тамомнамои таърих, саргузашт, неру ва паҳнои забони тоҷикист. Президенти муҳтарамамон мунтазам даъват менамоянд, ки нисбат ба забони давлатӣ бепарво набошем, онро ҳамарӯза биомӯзем, захираи луғавиашро такмил бахшем, номгузории фарзандон, маҳалҳо ва кулли мавзеъҳои мамлакат хусусияти миллӣ дошта бошад, забони модариамонро ҳам дар гуфтор ва ҳам дар навиштор аз  сактаю ғалатҳо эмин нигоҳ дорем.

Ҳар як сокини Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатии ҷумҳуриро хуб биомӯзаду бидонад  ва эҳтиром намояд. Дар баробари ин, тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон барои инкишофи озодонаи тамоми забонҳое, ки бо онҳо халқиятҳои алоҳидаи сокини ҷумҳурӣ гуфтугӯ мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Агар ба таҳқиқ бингарем, тамоми бобу моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти демократию инсондӯстона доранд ва ин нуктаро нисбат ба нишондодҳои ин қонуни асосии кишвар вобаста ба забони давлатӣ ва муносибат ба забонҳои дигари ҳудуди мамлакат бисёр равшан мушоҳида метавон кард.

 

Парвина Салимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш