Нашрияи Омӯзгор

Падидаи таърихӣ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 212        Шарҳ: 0

 

Барои халқи тоҷик 6 ноябри соли 1994 рӯзи таърихиву пурнишот мебошад, зеро дар ин рӯз Конс-титутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар устуворгардии давлати навини миллати тоҷик нақши сарнавиштсоз дорад.  Арзишҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар онҳо асос ёфтааст, чунин метавон номбар кард: бунёди давлати соҳибистиқлолу демократӣ, арзиши воло доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ягонагии арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуногунандешии сиёсӣ, озодии эътиқоду иқтисодӣ ва ғайраҳо.

Инак, бо гузашти бисту панҷ сол конститутсия аз санҷиши ҷиддии ҳаёт ва воқеият гузашт ва дурустии арзишҳои мазкур ба куллӣ исбот шуд. Мардуми сулҳпарвар ва ватандӯсти тоҷик дар зиндагии ҳамарӯзаи худ ба таври комил боварӣ ҳосил карданд, ки конститутсияи даврони истиқлол воқеан ҳам, ифодагари манфиатҳои волои миллату ватан, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳо мебошад. Дар баробари таҳкими давлатдории тоҷикон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва устувор гаштани сохтори сиёсиву вазъи ҷомеа зарурати такмили конститутсия ба миён омад. Ба ҳамин хотир 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он боз ҳам мукаммалу пурмуҳтаво гашт.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд: мақсад ва мазмуни татбиқи қонун ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад, ки тавассути ҳокимияти судӣ таъмин карда шавад. Ин арзиши олӣ муайянкунандаи фаъолияти давлат, ҳамаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои татбиқи ҳадафи асосии ҷомеа, яъне, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона карда шудааст.

Т. ДЕВОНШОЕВА,

омӯзгори калони ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш