Нашрияи Омӯзгор

Комёбии Сомон Маҳмадбеков дар Марокаш

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 239        Шарҳ: 0

 

Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти ҷудо дар байни  ҷавонони ҷаҳон (дар вазни 73 кг) дар кишвари Марокаш ғолиб омада, соҳиби  медали тилло гардид. Дар ин сабқати бонуфуз аз 81 кишвари олам беш аз 500 варзишгар иштирок карданд ва пирӯзии варзишгари тоҷик дар ин мусобиқа боиси ифтихор аст. Сомон дар шаш набард ҳарифони худро пеш аз муҳлат шикаст дод. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ варзишгари Федератсияи Россия Георгий Элбакиевро мағлуб намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Пас аз ин пирӯзӣ Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷудочиёни  ҷавони дунё (дар вазни 73 кг) дар зинаи аввал қарор гирифт.

Дилафрӯз Қурбонӣ, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш