Нашрияи Омӯзгор

Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик

Сана: 2019-10-24        Дида шуд: 467        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори 400-солагии адиби мумтози тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ 15-16-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик» баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистону Эрон ширкат доштанд. 

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт, ки миллати тоҷик бо таъриху тамаддун ва фарҳанги беназираш дар рушду инкишофи адабиёту фарҳанги умумибашарӣ нақши бориз гузоштааст. Дар ҳар садсолае аҳли фазлу адаб пешоҳанги фарҳанги худ гардида,  барои мондагории забони модарӣ талошҳои зиёде кардаанд. Чунин як рисолат ва масъулияти бузургро Миробид Сайидои Насафӣ дар қарни 17, дар замони бисёр мушкили ҳукмронии Аштархониён бар дӯш гирифта буд. Ин фарзанди  фарзонаи миллати тоҷик бо вуҷуди доштани илму фазл ва истеъдоди баланди шоирӣ бо мардуми одӣ ҳамрадиф будани хешро авло дониста, баробари ҳамзамонони худ дар фақру нодорӣ умр ба сар бурдааст ва бо зӯри бозуи хеш рӯзиашро фароҳам месохтааст. Сайидои Насафӣ яке аз он адибони барҷастаест, ки дар осори ӯ тамоми вижагиҳои забони тоҷикӣ ва сабку шеваҳои гуфтори мардуми Мовароуннаҳр инъикос ёфтааст. Дар баробари ин, анъанаи адибони пешинаро идома додан, шоири тавоно дар рушду инкишофи адабиёти бадеӣ, махсусан, шеър саҳми назаррас гузоштааст.

Мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода қайд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти аҳли илму адаби тоҷик ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Ин на танҳо ба хотири зинда кардани номи онҳо, на танҳо ба хотири  таблиғу тарғиби осори онҳо, балки ба хотири баланд бардоштани ҳувияти миллии ҳамагон мебошад. Миробид Сайидои Насафӣ яке аз он бузургон аст ва саҳмаш дар пешрафти забону адабамон хеле мондагор мебошад. Аз ин лиҳоз, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки дар баробари дигар ҷашнҳо 400-солагии ин шоири тавоно ҷашн гирифта шавад. Бояд гуфт, ки оҳангҳои иҷтимоӣ дар ашъори шоир ва ҳамасрони ӯ дар масъалаи таблиғу тавсифи ҳунармандӣ ва аҳли ҳунар хеле чашмгир аст. Ин ҷанбаи эҷодиёти  Насафӣ-таблиғу ташвиқи ӯ аз ҳунармандӣ дар қарни 21 низ дархӯри замон аст, яъне, ба замони мо низ мувофиқ аст. Мо метавонем ҷанбаҳои ҳунармандӣ ва тавсифи онро, ки дар осори Сайидост, имрӯз мавриди истифода қарор диҳем. Чунонки медонем, бо ташаббуси Сарвари давлат се соли оянда Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мо метавонем, ки дар ин замина аз  хазинаи маънавии Сайидои Насафӣ истифода намоем.

Сарпарасти сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмахсуми Бадахш изҳор дошт, ки Сайидо ҳақе дорад болои ҳама, зеро мо-афғонистониёну тоҷикон фарҳангу забону дини муштарак дорем. Умедвори онам, ки соири осори ин шоири хушном бо зевари табъ ороста гардад. Хеле хушҳолам, ки дар чунин ҳамоиши бошукӯҳ  ширкат меварзам.

Номзади илмҳои филология, сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Фахриддин Ҳайдаров гуфт, ки баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар арафаи ҷашни Меҳргон рост омадааст. Ташкили ин конфронс аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллӣ иқдоми муҳим буда, барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дар самти пажӯҳиши осори гузаштагон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани усулҳои муосири таҳсилот мусоидат менамояд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии ҳамоиш ҷаласаҳо дар ду бахш: забон ва адабиёт сурат гирифтанд.

Ҳамзамон, дар доираи ин конфронс меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии кишварамон дидан карданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш