Нашрияи Омӯзгор

10 соле, ки самараҳои нек овард

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

 Филиали Донишгоҳи давлатии Мос-ква ба номи М. Ю. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми  майи соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуд. Филиал таҳти  санадҳои тасдиқнамудаи Вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия фаъолияти доманадори худро пеш мебарад. Дар ин филиал дар қатори донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил тибқи шартнома аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ низ донишҷӯён  таҳсил менамоянд.

Филиали донишгоҳи номбурда бо иштироки меҳмонони зиёди ватаниву хориҷӣ ҷашни 10 – солагии фаъолияти худро қайд намуд. Директори иҷроияи филиал, доктори илми техникӣ Сайъало Мирзоев зимни шодбошии меҳмонон иброз дошт, ки имрӯз дар филиал устодони баландихтисос  ҳам аз худи филиал ва ҳам аз Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов  дарс мегӯянд. Ин ҷо аз рӯйи шаш равия - математика ва информатика, химия, физика ва механика, геология, муносибатҳои байналмилалӣ, лингвистика ва раёсати хадамоти давлатӣ (таълим бо забони русӣ) ба роҳ монда шудааст. Қайд гардид, ки имрӯз дар филиали донишгоҳ 25 нафар донишҷӯ аз давлатҳои  Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон таҳсил менамоянд. Доир ба ҳамаи равияҳои таҳсил дар филиал  соли хониши 2009 – 2010 курсҳои тахассусии равиявӣ ташкил карда шуд. Дар соли таҳсили 2011- 2012  дар назди филиал литсей оид ба равияи табиатшиносӣ ва дар соли 2014  Маркази тайёрии тестикунонӣ барои донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ ифтитоҳ гардид.    

Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон, мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳайати устодону донишҷӯёни даргоҳро бо    ҷашнашон  табрик гуфта, оид ба зарурати ифтитоҳ намудани чунин таълимгоҳ андешаронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки тӯли даҳ сол   филиалро садҳо нафар шогирдон хатм карда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат ва берун аз он  кор карда истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигар кишварҳо ба ҳайси мамлакати дӯст ва ҳамкори боэътимод  эътироф менамоянд.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло  Мирбобоев аз саҳми устодону донишҷӯёни филиали мазкур ёдовар гардида, иброз дошт, ки мутахассисони он барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ менамоянд ва барои дар бозори меҳнат мавқеъ ёфтани мутахассисони ватанӣ мекӯшанд.  Муовини аввали вазири маориф ва илм ба 8 нафар устоди фаъоли филиал барои натиҷаи кори пурмаҳсулашон нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» - ро супорид.  Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин – Фролов Игор Семёнович аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду ҷониб ҳарф зада, ёдовар гардид, ки ҳамкориҳо, махсусан,  дар соҳаи маориф  хушҳолкунандаанд. Ба таъкиди ӯ, имрӯз дар давлати Россия бисту ҳашт ҳазор нафар донишҷӯёну олим машғули омӯзишу пажӯҳиш қарор доранд, ки нисбат ба дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд аст.

Меҳмонони ҷашнвора, аз ҷумла,  муовини ректори ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Москва Игор Бочков, директори филиали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Душанбе   Павел Демидович, директорони филиалҳои ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳрҳои Қазоқистон, Ереван, Боку, Екатеринбург, Михаил Вождаев - роҳбари  маркази фарҳангии «Россотрудничество» дар шаҳри Душанбе, нахустин директори иҷроияи филиал дар шаҳри Душанбе, ректори   ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи русиву славянии Тоҷикистон  Нуралӣ Солеҳов ва дигарон ҳайати профессорону устодон ва шогирдони филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо бо ҷашни даҳсолагии фаъолият табрик гуфтанд.

Ҳамчунин, дар  доираи  чорабинии мазкур конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои муосири илмҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ ва нақши онҳо дар таҳкими робитаҳои илмии байни кишварҳо» баргузор гардид, ки дар он олимони соҳа андешаҳои худро баён дош-танд.         

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш