Нашрияи Омӯзгор

Номгузорӣ ва асолати миллӣ

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 29        Шарҳ: 0

Боиси ифтихор ва шарафмандии ҳар яки мо, шаҳрвандони кишвари озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст, ки забони модариамон мақоми давлатӣ дорад ва ба рушди такомули ҳамешагии он аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ва ҳукумати мамлакат ғамхории доимӣ зоҳир карда мешавад.

Забони модарӣ ҳамбаста бо шаъну шараф, нангу номус ва орияти ватандории мост. Шоири маъруф Расул Ғамзатов бо ҳисси баланди вафодорию садоқат ба забони модарӣ гуфта буд: «Агар фардо забони ман бимирад, Ман авло мурданам имрӯз донам». Ҳар як фарди худшиносу маърифатманд бояд забони модарияшро самимона дӯст дорад ва баҳри пояндагиву равнақи он пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад. Дӯст доштану эҳтиром кардани забони модарӣ марбут ба якчанд омил мебошад. Яке аз ин омилҳои муҳим таваҷҷуҳ ба ному номгузорист. Ба ин масъала дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Сарвари кишвар номи зебо ва тоҷиконаро сарвати забон ва як ҷанбаи эҳтиром ба он арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки «эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии мо мебошад».

Президенти мамлакат аз «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ ва меъёрҳои интихоби номҳои миллӣ муқаррар шудааст, ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки ҳадаф аз ин амал эҳё кардани арзишҳои маънавӣ ва мероси пурарзиши таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад. Ҳама гуна ном ва пеш аз ҳама, номи шахс бояд дар такя ба асолату саҳеҳияти забони модарӣ гузошта шавад, ном бояд зебо, бомазмун ва мухтасару гӯшнавоз бошад, умеду орзуҳои некро ифода намояд, зеро, ба таъбири Пешвои миллат, «асолати миллӣ доштани номи инсон омили неруманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад».

Дар баробари ин, Сарвари кишвар аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, ба фарзандони худ номҳои дорои маънои коста ё номҳои ба анъанаҳои миллии мо носозгору бегона мениҳанд, ки ин амали бехирадона, кӯтоҳандешона ва саҳлонгарона мебошад. Ном тамоми умр бо инсон мемонад ва як ҷузъи зебоиву хиради ӯ маҳсуб меёбад. Сарвари кишвар таъкид карданду ҳушдор доданд, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ (гузоштани номҳои ғайритоҷикӣ ва бегонаю бемаънӣ ба фарзандон) наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ин хеле таассуфовар ва гузашта аз ин, манфур аст. Вобаста ба ин масъала ва дар асоси суханронии мазкури Пешвои миллат бояд дар кулли таълимгоҳҳо оид ба ном ва номгузорӣ, моҳият, аҳамият ва махсусияти ин масъалаи муҳим ва пайванд ба ифтихору ҳуввияти миллӣ дар давоми ҳар соли таҳсил маҳфилу конфронсҳо ва дарсҳои тарбиявӣ баргузор карда шаванд. Бояд ҳар як хонанда маънои номи худро донад, моҳияти номи зеборо фаҳмад, ҳаргиз номи рафиқонашро кӯтоҳ талаффуз накунад, дар дафтари адабиёташ рӯйхати номҳои зебою пурмаънии тоҷиконаро дошта бошад.

Забони тоҷикӣ хеле тавонову ғановатманд ва дорои имконоти фаровон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла, дар самти ному номгузорист. Бояд аз имконоти забони нобу асиламон мавридшиносона ва уҳдабароёна истифода бинамоем.

Афзалшо РАМХУДОЕВ,

омӯзгори забони англисии  мактаби №100-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш