Нашрияи Омӯзгор

Шӯрои ректорон: мушкилоти макотиби олӣ ҳалшавандаанд

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 167        Шарҳ: 0

12 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷаласа дастовардҳои донишгоҳи мазкур ба намоиш гузошта шуд. Зимни боздид муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода ба дастоварду комёбиҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ баҳои баланд дод. Баъдан ҷаласа ба кори худ оғоз намуд. Дар оғоз раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки фаъолияти Шӯро тадриҷан тақвият ёфта, дар бартараф намудани проб-лемаву мушкилоти мактабҳои олии кишвар кӯшиши якҷояи аъзои он назаррас аст. Дар ҷаласа шаш масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Фаъолияти паркҳои технологиро бояд вусъат бахшид

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров оид ба «Вазъи фаъолияти парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва натиҷаи татбиқи таҳқиқоти илмӣ тавассути он дар истеҳсолот» суханронӣ намуд.  Мавсуф зикр намуд, ки  Парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон – «ТОҶ»  соли 2013 дар заминаи бонки таълимии донишгоҳ таъсис дода шудааст. Соли 2018 дар сохтори парки технологии «ТОҶ» маркази таълимию истеҳсолии технологияи хӯроки умумӣ, Маркази илмию таҳқиқотии Рушди бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, маркази омӯзиши хизматрасонӣ ва дастархондорӣ, маркази таълимии меҳмонхонадорӣ, маркази таълимии рушди сайёҳӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, коргоҳи дӯзандагии таълимию истеҳсолии «Зебо» ва ошхонаи донишҷӯён  ҳамроҳ карда шуданд. Дар парки технологӣ донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ба корҳои пажӯҳишиву озмоишӣ ҷалб гардида, ба дастовардҳо ноил гардидаанд.  Дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Мушкилоти асосии фаъолияти паркҳои технологӣ   ҳаҷми нокифояи маблағгузорӣ ба рушди базаи моддию техникии паркҳои технологӣ, нарасидани мутахассисони баландихтисос дар самти омӯзиши бозор, набудани таҷрибаи соҳибкорӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолкардаи паркҳои технологии мактабҳои олӣ ба бозори иқтисодӣ (арзиши аслии баланди маҳсулот, сифати нисбатан пасти маҳсулоти истеҳсолшуда), номукаммал будани низоми дастгирии давлатии фаъолияти паркҳои технологӣ, ҳамоҳанг набудани фаъолияти паркҳои технологӣ, робита надоштани мактабҳои олии кишвар бо сохторҳои бахши хусусӣ дар самти пешбурди фаъолияти инноватсионӣ, дар сатҳи зарурӣ ба фаъолияти илмию инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ ҷалб нашудани донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба ҳисоб меравад. Гумон мекунам, ки мушкилоти мазкур  дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани ин мушкилот ва рушди паркҳои технологӣ корҳои зеринро ба анҷом расонидан зарур аст.  Бояд  фонди махсус барои рушди паркҳои технологӣ ва  пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ташкил карда шавад. Силсилаи курсҳои омӯзишӣ барои роҳбарон бо мутахассисони паркҳои технологӣ тавассути таҳия ва татбиқ кардани лоиҳаҳои грантӣ гузаронида шуда,  низоми самараноки дастгирии давлатии фаъолияти паркҳои технологӣ (такмили сиёсати андозбандӣ ва пешниҳодҳои имтиёзҳои андозӣ, фармоишҳои давлатӣ ва ғ.) таҳияву татбиқ гардад. Паркҳои технологии байнидонишгоҳиро созмон дода, робитаи мактабҳои олӣ бо бахши хусусӣ дар соҳаи фаъолияти паркҳои технологӣ таҳким бахшида шавад.  Сохторҳои тиҷоратӣ барои ҳамкорӣ дар ин самт бо муассисаҳои олии касбии кишвар ҳавасманд гардонида, донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ  ва ихтироъкорӣ, инчунин, таъсиси корхонаҳои хурди инноватсиониро бо иштироки онҳо ба роҳ мондан зарур аст.

Коррупсия  - омили хатарзо

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло-ҳи Рӯдакӣ Абдулло Ҳабибулло дар мавзӯи «Чораҳои пешгирии ҳолатҳои даст назадани омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба амалҳои коррупсионӣ (иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар донишгоҳ)” суханронӣ намуда, қайд кард, ки коррупсия яке аз падидаҳои манфии замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи кишварҳо мегардад. Он ба ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва равандҳои ҳуқуқии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади мубориза бар зидди коррупсия зиёда аз 8 санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт ратификатсия шудааст.  Дар кишвари мо коррупсия дар баробари дигар таҳдидҳо ба амнияти миллӣ дар як саф баробар дониста шуда, дар ин самт низ якчанд санади меъёрии ҳуқуқии миллӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”   қабул гардид.          Стратегияи мазкур аз муқаддима, 4 боб ва 11 банд иборат буда, банди 7-уми боби  2-юми он ба пешгирии коррупсия дар соҳаи маориф ва тандурустӣ  бахшида шудааст.

Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар донишгоҳи мазкур корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати татбиқи амалии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» нақшаи чорабиниҳои вижаро таҳия намудааст.

Ҳамчунин, дар донишгоҳ маркази таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёфта, мутахассисони бахши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, ҳамчунин, омӯзгорону кормандони  муассиса ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Системаи автоматикунонидаи электронии fosilavi.kgu.tj созмон ва ба фаъолият оғоз намуд, нуқтаҳои бақайдгирӣ бо истифодаи таҷҳизоти изи ангушт ташкил гардид, суроғаҳои почтаи электронии расмӣ дар домени kgu.tj таъсис ва барномаҳои компютерии системаи автоматии идоракунӣ вобаста ба модулҳои лоиҳа харидорӣ шуд,  шабакаи дохилии компютерӣ, насби камераҳои мушоҳидавӣ ташкил ва 12 синфхонаи компютерӣ созмон дода шуд. Донишгоҳ бо интернети баландсуръат таъмин гардид. Ин ҳама имкон дод, ки лоиҳаи «Донишгоҳи электронӣ» мавриди татбиқ қарор гирад.  Тамоми ҳаракати омӯзгор аз тариқи таҷҳизоти мушоҳидавӣ дар ҷараёни таълим сабт гардида, ҳамчун далел дар бойгонии раёсат маҳфуз мегардад.

Дар назди Маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ синфхонаи компютерии замонавӣ бо теъдоди умумии 30 адад компютер пайваст ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет ташкил шуд, ки бо системаи таҳсилоти фосилавӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет тавассути суроғаи электронии fosilavi.kgu.tj фаъолият мекунад. Дар марказ аз рӯи таҳсилоти фосилавӣ айни замон 2330 нафар донишҷӯи курсҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи 19 ихтисос илм меомӯзанд. Ба роҳ мондани таҳсилоти фосилавӣ  аз воситаҳоест, ки ба саҳлангорию бетарафии донишҷӯёни таълими ғоибона, ки қаблан ҳатто ба дарсҳо муҳлатҳои тӯлонӣ ҳозир нашуда, ба имтиҳон роҳ меёфтанд, хотима мебахшад, яъне, ҳама ҳаракати донишҷӯ тавассути сервери марказонидашуда ва таҷҳизоти изи ангушт назорат карда мешавад. 

Бояд зикр намуд, ки дар 7 синфхонаи компютерӣ, маркази бақайдгирӣ, маркази тестӣ, маркази таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи муҳосибот, факултаи физика ва математика шабакаи дохилии  компютерӣ  созмон дода шудааст, ки ин яке аз ҳадафҳои дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ мебошад.

Дар даромадгоҳи ҳамаи биноҳои таълимии донишгоҳ қуттии арзу шикоятҳо насб карда шудааст, ки мактубҳои ба он воридшуда, моҳе як маротиба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар давоми соли таҳсил ду-се маротиба аз ҷониби шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот миёни донишҷӯён пурсишномаҳои махфӣ (анкетирование), бе нишон додани ному насаби донишҷӯён гузаронида мешаванд, ки ин омил ҳам дар ошкор намудани фаъолияти коррупсионӣ мусоидати созгор дорад.

Китоб – манбаи дониш

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён зикр намуд, ки дар донишгоҳ барои  таъмини ихтисос ва равияҳои донишгоҳ бо китобҳои дарсии фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ ва дастрасӣ ба китобхонаи электронӣ  корҳои шоиста анҷом дода шудааст.  Қайд гардид, ки соли 2019 дар  Донишгоҳи давлатии Данғара 7255 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Китобхонаи  Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти худ-ро аз соли 2005 дар заминаи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур оғоз намудааст.  Айни замон, китобхона дар бинои асосии донишгоҳ дар ошёнаи якум ҷойгир буда, бо шароити созгор муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Китобхона аз 3 толори барҳавои хониш (2 толори хониши анъанавӣ, 1 толори иборат аз технологияҳои компютерии муосир) иборат аст, ки донишҷӯён аз он самаранок истифода мебаранд.

Ҷойҳои корӣ  дар китобхона 6 воҳиди кориро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор нозири мониторинги китобдорӣ ва эдвайзери идораи барномаҳои фарҳангӣ ва соатҳои экологӣ 1 воҳид, китобшиноси калон 1 воҳид, тренер тютори китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ 1 воҳид, тренер тютори идораи ҳукумати электронӣ 1 воҳид, тренер тютор коромӯз 2 воҳид мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳоло аз рӯйи 64 ихтисосу равия мутахассисон дар 2 зинаи таҳсилот – бакалавр ва магистратура омода карда мешаванд. Таҳияи маълумоти оморӣ оид ба истифодаи китобҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ ба таври зерин ба роҳ монда шудааст.

Хазинаи умумии китобхонаи донишгоҳ ҳоло 22969 адабиётро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 15783 китоби фаннӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои умумикасбӣ  ва  тахассусӣ  маҳсуб меёбад. Дар донишгоҳ татбиқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, № АП-1165 дар бораи  “Фурӯғи субҳи доноӣ.....” аҳамияти махсус пайдо намудааст.Дар ҳолати хубу созгор, аз нигоҳи татбиқи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 барои ҳар фанни таълимӣ аз нигоҳи омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, мавҷудияти китобҳо дар китобхона бояд ба ғайр аз забони давлатӣ бо забонҳои  хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ низ зарур мебошад. Дар ин раванд, донишҷӯён зимни иҷрои корҳои мустақилона, корҳои курсӣ, рисолаи хатм, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дастрасӣ ба маводи заруриро бояд дошта бошанд. Дар мадди  аввал донишгоҳ тайи солҳои 2016-2019 масъалаи ба тавозун овардани миқдори китобҳои дарсиро вобаста аз фанҳои таълимии умумикасбӣ ва тахассусӣ  мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, гузаронидани тендерҳо оид ба харидории китобҳоро ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи ҷунин кору фаъ-олият, тайи солҳои 2016-2019 дар умумият ба хазинаи китобхонаи донишгоҳ 12475 адад  китоб ворид гардидааст, ки аз ин миқдор дар асоси озмуни тендерӣ 3688 нусха бо маблағи  125 844 сомонӣ харидорӣ карда шуда, 8707 адад (бо маблағи эквивалентии 111 860,45 сомонӣ) китоби дигар ҳамчун  туҳфа ва кумак дар раванди ҳамкорӣ аз ҷониби муаллифони алоҳида, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазоратҳо ва дигар сохторҳо дастрас гардидааст.

Ба ғайр аз харидорӣ ва ворид намудани китобҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ аз рӯйи ихтисос ва равияҳо аз ҷониби олимони Донишгоҳи давлатии Данғара барои зиёда аз 50 фанни таълимӣ китоб ва дигар маводи таълимӣ бо забони давлатӣ таҳия ва чоп гардид, ки фанҳои умумикасбии соҳаҳои кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ, забони тоҷикии тахассусӣ, забони русии тахассусӣ, рақобатшиносӣ, химия, математика ва дигарро дар бар мегирад. Аксари ин осор бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода тавсия гардидаанд.

Аз ин нуқтаи назар, бо дарназардошти  масъалагузории Шӯрои ректорон Донишгоҳи давлати Данғара аҳамияти истифодаи китобҳои таълимию методӣ мансуб ба бахшҳои умумикасбӣ ва тахассусиро дарк намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зимни омӯзиш ва таъмини адабиёт аз фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ ба дастрасии китобҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ аҳамият дода шавад. Таҳлилҳои муқоисавӣ дар донишгоҳ оид ба ин мавзӯъ нишон медиҳанд, ки такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи китобҳо, монографияҳо ва дастурҳои таълимӣ барои омӯзиши фанҳо ва барои дар раванди таълим, инчунин, тақвияти донишу малака ва иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва дигар фаъолияти донишҷӯёну омӯзгоронро фаро гирад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҷрибаи “Модели муваффақияти гурӯҳи академӣ” пешниҳод гардидааст, ки дар асоси он вобаста ба иҷрои корҳои эҷодӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ ба донишҷӯён холҳои ҳавасмандгардонӣ пешниҳод мешавад. Бо истифода аз маркази таълимӣ – маърифатии “Амри вақт”-и донишгоҳ мавод бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ, англисӣ ва хитоӣ пахш мегардад.

Мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ – омили

сифати таълим

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ вобаста  ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами омода намудани экспертҳои байналмилалӣ зикр намуд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар муассисаҳои олии кишвар баҳри бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик намудани нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот саъю кӯшиш ба роҳ монда мешавад. Дар донишкадаи мазкур  бо ёрии лоиҳаҳои Темпус ва Эрамус+ дар асоси сиёсат дар соҳаи таъминоти сифат, коркард ва тасдиқи барномаҳо, таълим, таҳсил ва баҳодиҳии ба донишҷӯ нигаронида шуда, қабули донишҷӯён, пешрафт, эътироф ва сертификатсия, ҳайати омӯзгорон, захираҳои таълимӣ ва низоми дастгирии донишҷӯ, идораи иттилоот, иттилооткунонии ҷамъият, мониторинги доимӣ ва баҳодиҳии даврии барномаҳо ва таъминоти берунии даврии сифат амалӣ мегардад.  Дар идома мавсуф қайд кард, ки ҳар як  хатмкардаи донишкадаро зарур аст, ки дониши зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад, забонҳои хориҷӣ ва принсипҳои гузаронидани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва конструкториро донад. Ба дониш оид ба принсипҳои тиҷораткунонии натиҷаҳо ва малакаи ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ ва қабули чунин қарорҳо қобилияту тавон  дошта бошад.

Ҳамчунин, механизми омода намудани экспертҳо дар донишкада дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.  Донишкада ба талаботи ESG 2005 ESG 2015, яъне  низоми дохилимуассисавии таъминоти сифат такя мекунад, ки он бояд ҳам барои истифодаи дохилимуассисавӣ ва ҳам берунӣ мувофиқат кунад. Малакаҳои азхудшуда бевосита дар фаъолияти омӯзгорон  истифода мешавад. Малакаҳо бояд ташаккулёбанда бошанд ва бозомӯзии ҳамасола ба ин мусоидат намояд.  Эксперти (сатҳи баҳодиҳӣ аз рӯи таксономияи Блум) дар соҳаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз салоҳиятҳои зарурии омӯзгори муваффақ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Носир Сайдализода вобаста ба мушкилоти тайёр намудани кадрҳои илмӣ,  Директори минтақавии Элсевиер дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Алия Оспанова доир ба таълифи мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва ворид намудани муассисаҳо дар радабандии байналмилалӣ  ва роҳбари Ҳамоҳангсози лоиҳаи Elsevier, “Илм-2020” дар Ӯзбекистон Дилноза Алланазарова вобаста ба таҷрибаи ин давлат барои ворид шудан дар рейтинги ҷаҳонӣ суханронӣ карданд.

Дар охир муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода ба иштирокдорон-ректорони мактабҳои олии касбии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон, онҳоро муваззаф намуд, ки ҳарчи зудтар ихтисосҳои муайянро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, баҳри баланд бардоштани сифати таълим ҳамвора талош намоянд.

Насриддин ОХУНЗОДА,

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш