Нашрияи Омӯзгор

Эҳёи анъанаҳои бостонӣ

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 221        Шарҳ: 0

Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвару маърифатгустар дар шумори анъанаҳои дигар дорои як силсила ҷашну маросими хоси худ мебошанд. Дар ин миён се ҷашн – Наврӯз, Меҳргон ва Сада барои ин халқи шуҳратёр аҳамияти бештар ва маъруфияту маҳбубияти махсус дарёфтааст.

Ҷашнҳои мазкур дар мавсими гуногун таҷлил мешаванд, вале моҳиятан гардиши сол, марҳилаҳои вақт ва махсусиятҳои онҳоро ифода мекунанд ва реша ба даврони асотирӣ доранд. Дар бораи ҷашни Меҳргон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Воқеан,  Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу  ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир додаанд». Қадимӣ будани ҷашни Меҳргонро таърихи рангини он низ собит месозад. Аз ин хусус, сарчашмаҳои гуногун маълумоти ҷолиб  ва баъзан хилофи якдигар пешниҳод мекунанд. Чунончи, муаллифи «Таърихи Табарӣ» иттилоъ медиҳад, ки мардум ғалабаи Фаридунро бар Заҳҳок воқеаи бузург ва сурурбахш шуморида, онро ҷашн гирифтанд ва ин ҷашн дар моҳи меҳр ва дар рӯзи меҳр буд ва бо номи ҷашни Меҳргон маълуму машҳур гардид». (Дар гузашта аксар рӯзҳои моҳҳо ба номи эзадон гузашта  мешудааст ва чун номи моҳ бо номи рӯз мувофиқ ояд, онро ҷашн мегирифтаанд.) Ин пирӯзии Фаридун ба равнақи мулк, аз ҷумла, ба фаровонҳосилию хайру баракат мусоидат мекунад ва тадриҷан Меҳргон чун  ҷашни табиат, ҷашни фаровонии ризқу рӯзӣ таҷлил мешавад. Бо ин маънӣ, Меҳргон ҷашни рӯҳбаландию қаноатмандии кишоварзон ва гирдоварии ҳосили деҳқонон, ҷамъу захира кардани зироат ва омодагӣ ба зимистон муаррифӣ мешавад. Ҳамчунин, Меҳргон ҷашни зоиши Меҳр, ҷашни аҳду паймон ва тантанаи пирӯзӣ ва ба ҳадаф расидани инсонҳост. Дар сарчашмаҳо омада, ки Меҳргон навиде аз муваффақона сипарӣ шудани тобистон, самарабахшии меваю дарахтон ва рустаниҳо ва муътадил гаштани ҳаво мебошад.

Як  анъанаи бостонии Меҳргон чунин буда, ки ин ҷашн дар дарбори шоҳон оғоз бахшида мешуд ва пасон ба тамоми қаламрави кишвар доман паҳн гардидаву оммавият пайдо мекард ва ҳамагонро рӯҳияи пурнишоти  идона фаро мегирифт. Эътибору нуфузи Меҳргон то ба дараҷае будааст, ки шоҳон маросими тоҷгузориву тахтнишинии худро дар ин ҳангом баргузор мекардаанд.

Меҳргон дастурхони хосаи худро, ки дар оростани он анъанаҳои махсус  риоя мешуданд, дошт ва дар хони меҳргонии назди шоҳон навъҳои гуногуни шаҳдрези хӯришҳо, меваҳо, анвои гиёҳҳои хушбӯй гузошта мешуданд.

Ба ифтихори  фарорасии ҷашни Меҳргон дар тамоми ноҳияву маҳаллаҳо тантанаҳои оммавӣ, сабқатҳо, намоишҳо, бозиҳои гуногун, ҳазлкашию аскиягӯиҳо баргузор мегардиданд, ҳофизон ҳунарнамоӣ мекарданд.

Меҳргон аз ҳама гуна монеаву вартаҳои таърих устувор гузашта, то ба айёми мо расид ва имрӯз –дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамасола дар сатҳи баланд, бо риояи суннатҳои дерину таърихияш таҷлил мешавад, ҷашни ифтихории тоҷикон дар қатори Садаву Наврӯз аст. Метавон гуфт, ки  ҷашни Меҳргон дар айёми мо комилан эҳё гардидааст ва минбаъд боз ҳам вусъат пайдо хоҳад кард.

 

Маҳбуба Нарзуллоева,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш