Нашрияи Омӯзгор

Қиссаи қубба

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 242        Шарҳ: 0

Шахсе дар истгоҳи мошинҳои назди бозор мебинад, ки як қуббаи зебдиҳандаи чархи мошинаш куҷое парида рафтаст. Афсӯсхӯрон менигарад, ки қуббаи чархи мошин ё дар наздаш аз навъи қуббаи чархи мошини худи вай аст. Ба сараш фикре меояд, ки  ин қуббаро канда ба чархи мошини худ гузорад.

Аввал дудила мешавад, вале шайтон ба гарданаш нишаста, талқин мекунад, ки ин корро кунад, ҳеҷ қисса не, осмон ба замин омада намечаспад. Ҳарчанд бо шайтон мубориза мебарад, вале дар ниҳоят шайтон ғолиб меояд. Вай ба атроф дида медӯзад, ки касе ба ӯ аҳамият намедиҳад, ҳар кас пайи кори худ аст. Печтобро гирифта оҳиста қуббаи ғели он мошинро меканаду ба ғели мошини худ мечаспонад. Меандешад, ки соҳиби он мошин кори ӯро намебинад ва гумон мекунад қуббааш паридааст. Бо ин андешаҳо сар боло карданӣ мешавад, ки аз нӯги галстуки гарданаш касе медорад. Ҳуш аз сараш мепараду дар дасту пояш мадор намемонад. Меандешад, ки акнун барои дупула чиз шарманда хоҳад шуду дар ноомади кор, ба маҳкама ҳам, хоҳад афтод. Шахси номаълум галстукро сахт дошта буду ҳеҷ сар намедод. Ва ҳам хомӯш буду чизе намегуфт. Ин ҳайрати «дузд»-ро меовараду ҳам ғазабашро, ки чаро дастгиркунанда хомӯш аст. «Шояд бо ин роҳ аламашро гирифтанӣ ва маро масхара карданӣ», – меандешад вай ва ниҳоят мегӯяд:

- О – о, мебахшӣ, бародар, ман каме иштибоҳ, не беақлӣ кардам. Бовар кун, ин дар умрам бори аввал ва охирин хоҳад буд. Ман… ман… қуббаатро дар ҷояш баргашта мемонам. Илтимос, галстукро сар деҳ!  Вай оҳиста сухан мегуфт, то атрофиён нашунаванд ва аз воқеъа хабар наёбанд. Боз хомӯшӣ. Он шахс ба рӯйи дастгиркунандаи худ нигоҳ кардан намехост, шармаш меомад.

Ва боз гуфт:

 - Об – бо, бародар, наход, ба гапи ман бовар накунеду барои як қуббаи чарх гиребони маро гиред. Хуб, ман беандешагию беақлӣ кардам, ба ин кори нолматлуб даст задам. О, одобу ҷавонмардиро донед агар, гиребони маро сар диҳед охир. Ман аз шумо узр пурсида истодаам. Ҳол он ки дар умри худ ба ҷуз аз волидону зани худ дигар аз касе узр напурсидаам. Инсоф кунед, бародар!

Вале дастгиркунанда боз хомӯш буд ва галстукро сар намедод. Ронандаи  «дузд» дарк намуд, ки аз ин тарзи истодан гардану миёну дасту пояш ба дард меоянд ва ба сараш хун мезанад. Бо қаҳр мегӯяд:

- Хуб, аз ҳад гузарондед, бародар. Осмон ба замин фурӯ наафтодаасту шумо аз ду кило тиллои хеш маҳрум нагаштаед, ки гиребони маро ин хел сахт доред. Шуд, ман ба ҳар шарте ки пешниҳод мекунед, розиям. Илтимос, агар мард бошед, гиребонамро сар диҳед!

Вале хомӯшӣ ҳукмфармо буду галстукаш сахт нигоҳ дошта мешуд ва аз шиддати таранг гарданаш ба дарди ҷонкоҳе мепечид. Аз ин рӯ, то ки аз ин дарди ҷонкоҳи ҷисмонию ҳам рӯҳӣ раҳо ёбад, «ҳар чӣ бодо бод» гуфта  бо азобе қомат рост кард. Галстук раҳо ёфт ва дид, ки нӯги он каме дарида ҷудо шудаст. Бо қаҳр ба шахси ӯро дастгирифта нигарист, касе набуд. Ҳайраташ афзун гардида, ба атроф дида дӯхт; касе ба ӯ аҳамият намедод. Гардани дардмандашро молиш доду чашмаш ба қуббаи шинондааш афтод ва дид, ки порае аз галстукаш дар ҷои пайвастшавии қуббаи чархи мошин ҳамоил аст. Асли воқеаро акнун дарк намуда, беихтиёр қоҳ – қоҳ хандид; бо ҳоли худу рафтори худ. Пас, оҳиста қуббаро канду ба ҷойи аслиаш шинонд ва роҳи мағозаи қуббафурӯширо пеш гирифт…

Тошмурод Нормуродов 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш