Нашрияи Омӯзгор

Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои СҲИ

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 200        Шарҳ: 0

Дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Тоҷикистон доир гашта, дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳоло Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои нахустин ва устувори худро мегузорад, дар ин ҷараён омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии мамлакат басо муҳим аст.

«Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб шудани шаҳри Душанбе натиҷаҳои сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, табдил додани пойтахт ба як макони тамошобоби сайёҳӣ аз ҷониби раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад. Имрӯзҳо ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд», — илова намуд манбаъ.

Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд.

Таҳияи Н. Охунзода

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш