Нашрияи Омӯзгор

«Қуттии почта»

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 14        Шарҳ: 0

«Қуттии почта» китобест, ки намунаҳои эҷодиёти классики машҳури адабиёти Озарбойҷони асри гузашта, нависанда ва драматург, намояндаи маъруфи ҳақиқатнигории интиқодӣ, публитсист, муассиси матбуоти ҳаҷвӣ, равшангари афкори омма ва раҳо намудани мардуми минтақа аз ҷаҳолат, таъсисдиҳандаи ҳаракати маорифпарваронаи  мардуми озар Ҷалил  Мамедқулизода (1866 – 1932) – ро гирд овардааст.

Муаллиф соли 1906 бо ҳаммаслаконаш маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Насриддин» - ро таъсис дод. Муҳтавои он дар равнақи маданияти мардуми Озарбойҷон ва интишори афкори ҳақиқатнигории интиқодӣ миёни донишмандон саҳми босазое дошт. 

«Қуттии почта» аз ҳикояҳои хурд – хурди ҳаҷвӣ иборат буда, ба 150 – солагии адиб тавассути нашриёти «Эр – граф» бо тарҷума ва пешгуфтори  профессор  Муҳаммадсалом  Махшулов  пешкаши алоқамандони адабиёт гардидааст.  

Ҳотами  ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш