Нашрияи Омӯзгор

Агар кӯдакистонҳои нав бунёд гарданд… 

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 55        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Норак 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст. Дар қиёс бо дигар муассисаҳо кӯдакистони №3–«Офтобак»-и шаҳр фаъолияти пурсамару фарогиртар ба роҳ мондааст.

Ба иттилои мудири он Нисо Додарбекова, муассисаи мазкур соли 1966 бунёд гардида, то имрӯз кӯдакони зиёдеро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Соли 2010 кӯдакистон ҳудудан васеъ гардида, аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Баъди чанде бо маблағҳои ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак муассисаро азнавсозӣ намуданд, ки ин имкон дод 160  кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.

Мураббиҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба аз рӯйи барномаи «Рангинкамон» дар 6 гурӯҳ машғулиятҳои хотирмону пурмазмун мегузаронанд. Дар 2 гурӯҳ таълим бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар кӯдакистон барои шавқовар гузаронидани машғулиятҳо ва пурсамар гаштани раванди таълиму тарбия  толори варзиш, толори мусиқӣ, китобхона, гӯшаҳои расмкашӣ ва ҳавзи оббозӣ мавҷуд аст.

Дар китобхонаи муассиса китобҳои афсона, ҳикояву қисса ва таронаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ мавҷуд аст, ки аз он адабиёт мураббиҳо дар ҷараёни машғулиятҳо васеъ истифода мебаранд. Инчунин, ҳафтае 2 рӯз бо кӯдакон машғулияти адабиёти бадеӣ гузаронида мешавад, ки ба инкишофи нутқи кӯдакон мусоидат менамояд.

Дар ҳавлӣ ва гирду атрофи парваришгоҳ дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва гулҳои ороишии зиёде шинонида шудааст. Кӯдакон дар зери сояи дарахтон бозӣ карда, истироҳат менамоянд.

- Муассисаи мо, - мегӯяд Нисо Додарбекова, - бо ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Чанде пеш гурӯҳи омодагӣ ба мактаб иборат аз 25 нафар барои идомаи таҳсил ба мактабҳо гусел карда  шуданд.

Ба гуфтаи сарвари кӯдакистон, дар мавсими тобистон, арафаи ҷашну идҳои таърихию миллӣ тарбиятгирандагонро барои тамошову истироҳат ва фароғат ба мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ, боғи марказии фарҳангӣ, осорхона, мактаби мусиқӣ, маркази дилхушии кӯдакони шаҳри Норак сафарбар менамоянд.

Натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмати таълимгоҳ буд, ки муассиса дар озмуни шаҳрии «Кӯдакистони беҳтарин-2019» сазовори ҷои якум гардида, ба даври вилоятии ин озмун роҳхат гирифт.

Лоиқи зикр аст, ки имрӯзҳо теъдоди аҳолии шаҳри Норак афзудаву талаботи мардум ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар гардидааст. Мавҷуд будани 4 кӯдакистон талаботи сокинони шаҳрро пурра қонеъ карда наметавонад. Умед мебандем, ки дар ояндаи наздик бо бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ин мушкилоти мардум роҳи ҳалли худро меёбад.

 

Аъзам Бобоев,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш