Нашрияи Омӯзгор

Вусъатбахши тафаккур

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 16        Шарҳ: 0

Таълими ҳамгиро имкон медиҳад, ки  фанҳои аз ҷиҳати моҳияту  методика ва назарияи илмӣ ба ҳам  наздик ба таври муштарак омӯзонда шаванд.

Ба хусус,  роҳандозии машғулиятҳо аз фанҳои забони тоҷикӣ ва хониш,  табиатшиносӣ ва санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва технология (меҳнат) ва амсоли ин аз ҳамин қабил маҳсуб меёбанд. Дар таълими ҳамгиро ҳадафи асосӣ ташаккули қобилияти зеҳнии хонанда,  мустақилона амал кардану фикри худро озодона баён намудани ӯ  ва ба ин васила, пешниҳоди андешаҳои шогирдон ба шумор меравад. Маҳз тавассути мулоҳиза рондан атрофи як ашё (масалан, санг, дарахт, об, нон ва ғайра) хонанда имкон меёбад, ки доираи фаҳмишу биниши худро васеъ намояд, кӯшиш кунад, то дар хусуси ину он ашё  донистаҳову мушоҳидаҳояшро то ҳадди имкон баён созад. Таври мисол, чун сухан  аз нон равад, метавон дар боби ин неъмати бебаҳо соатҳои тӯлонӣ ҳарф зад. Нахуст хонанда дар хусуси чӣ тавр тайёр намудани  нон, сарчашмаи истеҳсоли он бояд  маълумот диҳад. Яъне, нон аз гандум  тайёр карда мешавад. Аммо ин раванд  якуякбора ба амал намеояд. Тавре ки маълум аст, вақте ки гандум пухта мерасад, онро деҳқонон дарав карда, офтоб медиҳанд. Вақте ки дон хушк шуд, онро тавассути комбайн мекӯбанд. Дони  гандумро ба халтаҳо ҷо карда, сипас ба осиёб мебаранд. Дар осиёб гандумро орд  мекунанд ва танҳо баъд аз ин аз орди тайёр нон омода карда мешавад. Нонро дар танӯр мепазанд. Бояд гуфт, ки аз орд ҳар гуна ғизоҳои ширадори хӯрданбоб, торту  кулчақанд ва чалпак омода мекунанд. Макарон низ аз орд тайёр карда мешавад. Нон  сарчашмаи асосии зиндагист. Бад-ин  тартиб, дар атрофи матни ҳикояшуда ҷумлаҳо тартиб  медиҳем ва онҳоро аз ҷиҳати грамматикӣ таҳлил мекунем. Метавонем дар хусуси як дарахт маълумот диҳем. Дарахт чӣ тавр ба вуҷуд меояд? Вақте ки дон ба замин меафтад, нами заминро ҷабида, нумӯъ меёбад,  сар мекашаду сабз мешавад ва оҳиста-оҳиста ба ниҳолак табдил  меёбад. Ин ниҳол рафта-рафта, бо гузашти солҳо бо таъсири гармии офтоб ва намиро ҷаббида гирифтани решаи он неруманду тавоно ва мавзун мегардад. Чунонки аз фанни ботаника маълум аст,  дар ниҳол ҳодисаи фотосинтез ба амал меояд. Агар ниҳол мевадиҳанда бошад, самар меорад. Дарахтони сояафкан барои дар зери он дам гирифтану  фароғат кардани одамон мусоид мебошанд. Ба ин тарзу шева ҷанбаи фикрронии хонандагон такомул ёфта, онҳо дар баёни гуфтор салиқа пайдо мекунанд, ҷаҳонбинияшон васеъ мегардад.

 

Заррина Ҷобирова,

омӯзгори мактаби №26,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш