Нашрияи Омӯзгор

Коргоҳи нонпазӣ фаъолияташро оғоз кард

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

Чанде қабл дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи нонпазӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ин коргоҳ асосан ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ пешбинӣ гардида, имрӯз, аллакай чанде аз донишҷӯёни кафедраи маҳсулоти хӯрока бо роҳбарии омӯзгор Дилрабо Комилова фаъолият бурда истодаанд.  Дар коргоҳи якчанд донишҷӯ ба пухтани анвои нонӣ машғул буда, дар оянда ният доранд, тибқи фармоишот ба пухтани нон ва 15 намуди дигари кулчақанд шурӯъ кунанд. Онҳо барномаи рушди стратегии кишварро вобаста ба баланд бардоштани сифати озуқа сармашқи кори худ дониста, мехоҳанд тибқи стандартҳои муайяншуда маҳсулоти хӯроквориро ба фурӯш бароранд. Донишҷӯён аз намояндагон – мутахассисони кишвари Олмон, ки ба васлу насби ин таҷҳизот омада буданд, дарс омӯхта, тарзи истифодаи онҳоро ба пуррагӣ аз худ намудаанд. Бояд гуфт, ки ҳама дастовардҳо самараи ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳҳои бонуфузи олам буда, дар заминаи ҳамкорӣ бо барномаи GIZ ба даст омадаанд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш