Нашрияи Омӯзгор

Монологи забони модарӣ

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 230        Шарҳ: 0

Ман забони модариям, беҳтарину арзишмандтарин дороии ҳар фарди шарафманду  баору номусам. Ман бо ифтихори миллӣ ва шаъну эътибори мардумон тавъам мебошам. Аз ман ҳамагон ифтихор мекунанд ва ситоишам менамоянд. Маро муҳимтарин рукни давлатдорӣ, нишони ҳастии миллат медонанд. Вақте ки «забони мо ҷаҳони мост», «забон-пояи миллат», «забон-сарвати беназири ҳар халқ» мегӯянд, тамоми ҳастиамро ҳисси гуворои ифтихор фаро мегирад. Сарфарозам, ки дар васфи ман аҳли хирад суханони пурмаънию меҳрбор мегӯянду шоирон ашъори баландмазмуну самимӣ месароянд. Як шоири сарсупурдаи миллат аз ҳамагон даъват  кардааст:

Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем.

Хирадварони миллат пайваста бар он мекӯшанд, ки таркиби луғавии ман вусъат ёбад, пурбортар гардад. Бо ҷидду ҷаҳди онҳо ман давра ба давра тавонотар, фарогиртар ва рангинтар мешавам. Боз аз онҳое сипосгузорам, ки баҳри тозагии ман ва орӣ аз сактаҳо буданам мекӯшанд ва дигаронро низ ба ин кор ҳидоят менамоянд.

Ман забони модариям, бо модар, бо миллат, бо мардум пайванди ҳамешагӣ дорам. Саодатмандам аз он ки соҳибзабонон бо муҳаббат месароянд:

Забони модарӣ, ҷону дили ман,

Ба ту пайваста аст обу гили ман!

 

Қурбонгул Саидова,

омӯзгори мактаб-интернати

махсуси №2-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш