Нашрияи Омӯзгор

Посдори мақоми забони давлатӣ

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 201        Шарҳ: 0

Маълум аст, ки таълиму тарбия дар мактаб танҳо бо нишондодҳои  барномаҳои  дахлдор  маҳдуд намешавад. Омӯзгорон бо истифода аз дастуру  китобҳои иловагӣ, маълумоти  воситаҳои ахбори омма ва сарчашмаҳои  дигар  ба хонандагон донишҳои  такмилбахш дастрас менамоянд.

Аз ҷумла, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забони давлатӣ» маълумот бояд дод. Шогирдони мо бояд донанд, ки нахустин маротиба чунин  қонун дар кишварамон  ҳанӯз соли  1989,  дар даврае, ки ҳоло ҷумҳурӣ истиқлол ба даст наоварда буд, қабул гардид. Соли 1992 мамлакат истиқлолияти  давлатӣ ба даст овард ва дар  ин замина марҳила ба марҳила  зарурати такмили комили  тамоми  соҳаҳои   ҳаёти  кишвар, аз ҷумла, дар соҳаи  қонунгузорӣ  ба миён  омад. Расо даҳ сол қабл аз ин  - 5 октябри  соли 2009 Қонуни  забони  ҷумҳурӣ  дар таҳрири  нав бо номи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ба тасвиб расид. Бисёр носаҳеҳию ноустуворӣ ва духӯрагиҳое, ки дар  таҳрири пешини  (соли  1989) ин  қонун мавҷуд буданд,  бартараф карда шуданд. Ҳамин тавр, тавассути  ин рӯйдоди  таърихӣ марҳилаи  нави  ташаккулу  такомулу рушди  забони  модариамон оғоз ёфт. Бояд  гуфт, ки Қонуни  забон  пушту паноҳи  забони тоҷикӣ, ҳимоятгари боэътимоди  он мебошад. Забони тоҷикӣ, ки  забони аксари  сокинони  Тоҷикистон аст ва номи  кишвар  бо он  ҳамбастагӣ дорад, дар мамлакати  озоду пешрави мо мақоми  давлатӣ дорад. Ин забони тавоно  таърихи хеле  қадимӣ  ва пурҳаводисеро  соҳиб шудааст ва яке аз забонҳои  ғановатманду муқтадири  ҷаҳон мебошад. Бо ин  забон як  силсила асарҳое  офарида шудаанд, ки  шуҳрати  байналмилалӣ  дарёфтаанд ва забони  тоҷикиро  пушту  паноҳ гардидаву муҳри  безаволӣ задаанд. Ин маврид танҳо  ёдоварию таъкиди он  нукта кофист, ки осори Одамушшуаро Рӯдакӣ,  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ғазалиёти  Ҳофизу Ҷомӣ, рубоиёти Хайём ва «Гулистон»-у «Бӯстон»-и  Саъдӣ бо ҳамин  забони  неруманд ва аз лиҳози  таркиби  луғавӣ камназир офарида шудаанд…

Мақоми давлатӣ  дарёфтани забони тоҷикӣ  чунин маъниеро дорост, ки давлати муайяне  тамоми  корҳои  расмии худро (аз гуфтугӯи  ҳамагонӣ то коргузорӣ) бо ин  забон сомон мебахшад. Он забон аз ҷониби  тамоми  қавму  халқиятҳои кишвар  ба сифати  забони  расмӣ ва муоширати  байниҳамдигарӣ  эътироф мегардад.

Забони тоҷикӣ ҳамбаста бо омилҳои  муҳими  дигар  як нишони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон  мебошад ва гузашта аз ин, истиқлоли кишварро  ҳифз менамояду пос медорад. Яъне, забони  давлатӣ  дар пойдории  давлати  миллӣ  нақши  барҷаста мебозад. Аз ин рӯ, ҳар мамлакате, ки мехоҳад қудрату  нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро тақвият  бубахшаду пойдор созад, бояд, пеш аз ҳама, мақому паҳнои  истифодаи  забони  миллиашро густариш бахшад. Донишмандон таъкид кардаанд; то замоне ки  тафаккури  миллӣ  тавассути  забони миллӣ  ба миён наояд ва онро ҳар фарди  ҷомеа  дарк накунад, дар бораи  истиқлоли  комил сухан  гуфтан маъние надорад. Дар Тоҷикистони азизи мо Қонуни забон бо тамоми нуктаву нишондодҳояш татбиқ мешавад. Ин қонун ба рушди  бесобиқаи   забони тоҷикӣ  мусоидат  кардааст. Дар кишварамон барои мусоидат ба риояи  комилу ҳамешагии  мақоми  забони давлатӣ  ва рушди  ҳаматарафаи  он мақоми  махсуси давлатӣ  - Кумитаи давлатии забон ва истилоҳот таъсис дода шудааст, ки  фаъолияти  густурда дорад.

Дар баробари маълумот ироа кардан дар бораи забони давлатӣ омӯзгор бояд аз шогирдон  тақозо намояд, ки  дар ситоиши забони тоҷикӣ  шеърҳо аз худ кунанд ва гуфтаҳои  бузургонро ба хотир гиранд.

Саодат ҚОДИРОВА,                                        

омӯзгори  синфҳои ибтидоии

мактаби №10-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш