Нашрияи Омӯзгор

Тараннумгари ваҳдат

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

Аз соли 2009 инҷониб 30 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Мавлоно бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО 800-солагии Мавлоно эълон гардид, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо офаридани «Девони Кабир», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Маснавии маънавӣ» инсониятро ба худшиносӣ ва расидан ба камоли маънавӣ талқин менамояд.  Китоби «Маснавии маънавӣ»-аш бори нахуст аз ҷониби олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925-1937 аз забони форсӣ ба англисӣ тарҷума гардида (иборат аз 25 ҳазору 632 байт), дар Аврупову Амрико ӯро шуҳратёр кард. Бо гузашти беш аз 800 сол осори адабию ирфонӣ ва андешаи инсондӯстонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ арзиши бештаре пайдо намудаву дар асри 21 китоби «Маснавии маънавӣ»-аш серхаридортарину серхонандатарин асар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дониста шуд. Соли равон Рӯзи Мавлоно дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва илмии мамлакат дар сатҳи баланд таҷлил шуд.   Ҳамин гуна як ҳамоиши бошукӯҳ 27 сентябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таҳти унвони «Мавлоно - тараннумгари ваҳдат» баргузор гардид. Дар он олимону донишмандон, мавлоношиносони маъруф ва шоирону нависандагон иштирок намуданд.

Хонандагон бо қироати шеърҳо аз эҷодиёти Мавлоно ҷашнро ифтитоҳ бахшиданд.  Хурсандиовар он буд, ки пиру барнои ин деҳаи дурдаст осори Мавлоноро хуб медонанд ва шеърҳои зиёд аз эҷодиёти ин мутафаккир азбар кардаанд. Дар чорабинӣ бо хонадоне шинос шудем, ки аз кӯдаки 4 – сола то навраси 11 – сола аз осори Ҷалолиддини Балхӣ шеърҳо медонистанд.  Ба ин монанд оилаҳои зиёде дар ин деҳа мавҷуданд, ки ба китобу китобхонӣ алоқамандии қавӣ дошта, фарзандонашонро дар рӯҳияи осори Мавлоно, ки дар меҳвари он инсони комил қарор дорад, ба камол мерасонанд. Аз баромади  хонандагони ин даргоҳи илму маърифат ва сокинони ин сарзамини куҳандиёр маълум мегардад, тору пуди ин мардум бо  ашъор ва  созу навои  Мавлоно сиришта шудааст.

Баъди қироати шеърҳои хонандагон аз ашъори Мавлоно қисми дуюми конфронс шурӯъ гардид. Нахуст сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми кишвар Фахриддин Ҳайдаров зикр намуд, ки  як сабаби шуҳрати Мавлоно дар он аст, ки таълимоти ӯ дархӯри завқу фаҳмиши тамоми  инсоният мебошад.

Сипас, доктори илми фалсафа, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи «Чанд андеша дар бораи донои Вахш» суханронӣ намуд. Ба таъкиди мавсуф, зодгоҳи шоир бо нишондоди олими амрикоӣ Ф. Д. Люис дар асоси маъхазҳои дар Туркия мавҷудбуда мавзеи Сангтӯдаи Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ӯ навиштааст: «Байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210…, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин бо хонадонаш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва оилааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд». Румӣ масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ карда, руҷӯи лаҳзавие ба овони кӯдакии худ дар Вахш мекунад:

Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту

дурахш,

Дар дурахше кай тавон шуд

сӯи Вахш?»

«Вахш, ки одатан ҳамчун шаҳри асримиёнагии Леваканд (ё Ловаканд) ё Сангтӯда муаррифӣ мегардад, дохили марзҳои Тоҷикистони муосир, тахминан 65 километр дар ҷанубу шарқи Душанбе, 35 километр дар шимолу шарқи Бохтар ва 500 километр дуртар аз сарҳади Хитой қарор дорад»; «Минтақаи Вахш, ки Румӣ он ҷо ба дунё омадааст» (нигаред ба харита).

Доктори имлҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова зикр намуд, ки дар осори Мавлоно инсон олитарин шакли офариниш, султони ирода ва омили хоҳишҳояш ба шумор меравад. Ба пиндори ӯ, инсон на танҳо қодири идроки норасоиҳои худ мебошад, балки тавони ислоҳи онҳоро низ дорад.  Аз ин ҷост, ки дар андешаҳои ахлоқии Мавлоно инсон соҳиби мақому манзалати махсус аст.

Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмадаминов иброз дошт,  арзишҳои умумибашарие, ки дар осори Мавлоно ва  дар эҷодиёти устод Айнӣ ифода ёфтаанд, баёнгари мақсаду маром ва орзуву омоли  на танҳо як миллат, балки ҷаҳониён  мебошад.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзо Солеҳов зикр намуд, ки осори Мавлоно дар баланд бардоштани рӯҳи худшиносиву худгоҳӣ ва ватандӯстии насли наврас дар замони ҷаҳонишавӣ нақши муассир дорад.

Шоистаи таъкид аст, ки  дар конфронси мазкур дар мавзӯъҳои «Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ», «Масъалаи инсон аз дидгоҳи Мавлоно», «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба зодбуми худ бармегардад», «Муҳри каломи Мавлоно ишқ аст», «Мавлоно-шоири андеша ва афкори миллӣ», «Ашъори Мавлоно дар барномаи ҳунарии Аҳмад Зоҳир», «Бозтоби Офтоб» ва «Сангтӯда-ватани бозёфтҳои нодири таърихӣ»  баррасӣ гардида,  паҳлуҳои норавшани ашъори Мавлоно мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Пешниҳод гардид, ки дар мисоли «Шаби арӯсӣ», ки рӯзи вафоти Мавлоно – 17 декабр ҳамасола дар Қунияи Туркия баргузор мегардад, дар Сангтӯда низ 30 сентябр ҳар сол «Шаби пос» гузаронида шавад.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Бонги най» Сайҳомуддин Нарзуллозода зикр намуд, ки маҳфили мазкур соли равон таъсис дода шуд ва бори аввал  конфронси сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин маҳфил беш аз ҳазор хонандаи мактабҳои Ҷамоати деҳоти Сангтӯда ҷалб гардидаанд ва аз ашъори Мавлоно шеърҳои зиёд азхуд кардаанд. Кӯшиш менамоем, ки дар оянда фаъолияти маҳфилро тавсеа бахшем.

Баъдан меҳмонон аз ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва қадам-ҷойи Мавлоно дидан карданд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш