Нашрияи Омӯзгор

Ҳар киро устод набвад...

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 231        Шарҳ: 0

Барои он ки аз паси касе равию ӯро эҳтиром бикунӣ, ба ӯ эътимод бубахшӣ, бояд ба он кас бовар намоӣ. Ба ин мазмун, шогирдон ҳамон вақт пешраву муваффақ мешаванд, ки ба омӯзгори худ бовар кунанд,  ӯро шахси наздик ва ғамхори худ донанд, ба ҳар ҳарфу суханаш, ба ҳидоятҳояш бо ихлосу эҳтиром гӯш диҳанд. Барои ин шахсияти омӯзгор бағоят муҳим аст.

Омӯзгор бояд асосҳои пешаи худро ҳам аз лиҳози педагогика ва ҳам психология хуб донад, мунтазам ба худомӯзӣ машғул шавад, ҷаҳони кӯдакону махсусиятҳои онро хуб донад. Хонандагон  табиатан хеле кунҷкобанд ва ба ҳар як рафтору гуфтори омӯзгор таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ҳатто ба либоспӯшию  ҳаракатҳояш диққат медиҳанд. Омӯзгори  хуб маҳбуби шогирдон аст. Вақте ки омӯзгор ба дили хонандагон роҳ меёбад, писанди онҳо мешавад, дарсҳояш бештар самаровар мешаванд. Халқи тоҷик аз қадим  нисбат ба омӯзгор эҳтирому  эътиқод доштааст, ки ба ин, аз ҷумла, ҳикмату андарзҳо ва ҳикоятҳои пурмаънии хирадмандони миллат гувоҳӣ медиҳанд. Дар «Футувватнома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ омадааст: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар  намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад,  бе бунёд бошад.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд

нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз

устод нест».

Ҳамчунин, дар ситоиши омӯзгор андарзу мақолҳои фаровоне гуфта  шудаанд, ки ин чанд  далел намуна аз онҳост: «Меҳри муаллим чароғест ҳамеша фурӯзон», «Сарвати муаллим дониш асту силоҳаш нутқи бурро», «Шогирд бақои умри омӯзгор аст», «Муаллим нахустмуаллифи китоби  маърифат мебошад». Қофиласолори адабиёти тоҷик, устод  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши омӯзгор байте машҳуру баландмазмун гуфтааст: «Агар дар ҷаҳон  набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор».

Ба хонандагон бояд  оид ба заҳмати пешаи омӯзгор, хислатҳои ҳамидаи омӯзгорон ва   нақши аҳли таълиму  тарбия дар рушди ҷомеа нақл кард, то муҳаббату эътимодашон ба устодони хеш устувору самимӣ бимонад. Нақл вобаста ба мазмуни қитъаи зер аз  ин лиҳоз муассиру ибратбахш хоҳад буд:

То ин ки тифл хонаду соҳибназар

шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар

шавад.

Лаънат ба он касе, ки пас аз хатми

хонданаш

Аз меҳнати муаллими худ бехабар

шавад.

Пас аз шарҳи ин қитъа бо хонандагон вобаста ба мавзӯъҳои «Омӯзгори писандида», «Устоди меҳрубони мо», «Оё шумо омӯзгор шудан мехоҳед?», «Кадом хислатҳои омӯзгорон ба шумо мақбуланд», «Дар бораи омӯзгор шеър ё ҳикмате медонед?»... суҳбат ташкил кардан  манфиатбор хоҳад буд.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба омӯзгорон арҷ гузошта мешавад. Барои фаъолияти фарогири онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорон аз як қатор имтиёзҳо бархӯрдоранд. Дар Тоҷикистон ҳамасола дар  якшанбеи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мешавад.  Ин санаи муборакро аҳли ҷомеа дар сатҳи баланд истиқбол мегиранд ва тантана  мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон эҳтироми самимӣ доранд ва онҳоро «барафрӯзандагони роҳи имрӯзу фардои миллат» номидаанд. Маҳз дар заминаи эҳтиром ба омӯзгори худ зумрае аз хонандагон дар оянда пешаи омӯзгориро мепазиранд.

Омӯзгор гули сари сабади ҷомеа аст. Ҳамагон ва  махсусан, шогирдон бояд ба қадри ӯ бирасанд ва эҳтиромаш бикунанд. Эҳтиром  ба омӯзгор эҳтиром ба илму  дониш, ба халқу миллату Ватан мебошад. Ниёгони соҳибхирадамон хеле  хуб даъват кардаанд:

Ҳамебуд доим бафарҳангу рой,

Ба таъзими устод кӯшиш намой.

 

Дилоро Шафиева,

омӯзгори мактаби

№100-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш