Нашрияи Омӯзгор

Чашмаи саодат

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

Қиёси даврҳо туӣ, хулосаӣ зи доварӣ,

Давоми қиссаи куҳан, ҳикоятӣ зи сарварӣ.

Шавад ба ҷашну анҷуман баланд парчами Ватан,

Зи байни сад забон расад ба гӯш лафзи модарӣ.

 

Гувоҳи ҷонфидоиӣ, сари баланди миллатӣ,

Ту пояи адолатӣ, нишони тоҷу давлатӣ.

Дар осмони зиндагӣ ҳумои бахти мо туӣ,

Ба хони умр неъматӣ, ту чашмаи саодатӣ.

 

Туӣ уммеди рафтагон, сиришки чашми хомаӣ,

Зи Кова ёд оварӣ, ту эътирофномаӣ.

Мароми мо ба оламӣ, мақоми мо ба оламӣ,

Ту бар тани ҳар орзу ба мисли шоҳҷомаӣ.

 

Зи нури офтоби ту диёри мо мунаввар аст,

Зи файзи обшори ту ҳамеша сабз кишвар аст.

Паёми васлу шодиӣ, ту бахти умрбодиӣ,

Ба рӯи мо зи хотират кушода бар ҷаҳон дар аст.

 

Гувоҳи ҷонфидоиӣ, сари баланди миллатӣ,

Ту пояи адолатӣ, нишони тоҷу давлатӣ.

Дар осмони зиндагӣ ҳумои бахти мо туӣ,

Ба хони умр неъматӣ, ту чашмаи саодатӣ.

 

 

Бахтовар

Гар намекардӣ алови ҷанги доғовар хамӯш,

Гар намебастӣ дами тӯфони баҳри пурхурӯш,

Гар намекардӣ ба ҷои шаҳди ҳастӣ заҳр нӯш,

Гар намерафтӣ ба роҳи нанги худ мисли Куруш,

 

Мо намедидем нури чеҳраи иқболро,

Партави озодию хуршеди Истиқлолро.

 

Дар замоне, ки зи ҳар дар мерасид оҳу фиғон,

Аз бадан ҷонро бурун мекард бо тираш камон.

Дар ҳамон рӯзони марговар Худои меҳрубон,

Гар намекард интихобат зиндагибахши замон,

 

Мо намедидем нури чеҳраи иқболро,

Партави озодию хуршеди Истиқлолро.

 

Сози ҳастиро фақат соҳибҳунар бахшад наво,

Дарди миллатро ба фаҳму раҳми худ кардӣ даво.

Тоҷикистонро зи чанги нестӣ кардӣ раҳо.

Чун мукофоти амал шуд номи некат Пешво.

 

Нест сангинтар ба дӯш аз бори тақдири Ватан,

Дар ҷавоният шудӣ пири батадбири Ватан.

Мекунӣ пурнуртар хуршеди Истиқлолро,

Мекунӣ пояндатар таҳкурсии иқболро.

 

 Муҳаммад ҒОИБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш