Нашрияи Омӯзгор

Накуному накукор буд

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 172        Шарҳ: 0

20-уми сентябри соли 2019 собиқадори маориф Шариф Одинаев, ки зиёда аз 50 соли ҳаёташро ба рушди фаъолияти мактабу маорифи кишвар бахшида буд, дар 81-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Шариф Одинаев 4-уми марти соли 1938 дар деҳаи Хоҷаалишоҳи ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, аз соли 1962 ба ҳайси мушовири фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб оғози фаъолият кардааст. Ҳамзамон, барои татбиқи донишҳои назариявии хеш ва робита бо мактабу омӯзгорон дар мактаб дарс мегуфт. Ҳамчун маърӯзагар дар ташкилоти ҷамъиятиии «Дониш» низ фаъолият карда, бо мардуми шаҳру ноҳияҳои минтақа суҳбатҳо меорост. Дар вазнинтарин солҳои фаъолияти соҳа (1991-2002) роҳбарии Донишкадаи такмили ихтисоси гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бар дӯшаш бор шуд. Баъд аз нафақа чанд сол  дар литсейи касбӣ-техникии №32-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгор ва мушовир фаъолият намуд. Бо фаъолияти бардавому пурсамараш чун фидоии соҳа, мактабшиноси варзида, омӯзгори асил ва инсони шарифу хайрхоҳ шинохта шуд ва аз худ номи нек боқӣ гузошт. Меҳнати фидокоронаи Шариф Одинаев бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гаштааст.

Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили

 ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи

 маориф дар минтақаи Кӯлоб,

Литсейи касбӣ-техникии №32-и шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш