Нашрияи Омӯзгор

Неруи ҳикмат

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

Дар адабиёти классикии тоҷик мавзӯи  панду ҳикмат дар меҳвари эҷодиёти  аксар шоирон қарор дорад. Ба ин анъанаи инсондӯстона сардафтари адабиёти шуҳратёрамон, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асос гузоштааст.

Минбаъд шоирони дигар онро  идома  бахшидаанд ва дар сафи  онҳо мутафаккир, олиму ориф ва шоири шӯридадил Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳе  барҷаста дорад. Метавон гуфт, ки асари  ҷаҳонгири  ин адиби бузург «Маснавии маънавӣ» саропо андарз аст, ҳикмати зиндагист ва ба оламиён тариқи шоиста зистанро  дар ҷаҳони  басо мураккабу пуршебу фароз меомӯзад. Дар ғазалиёт ва дигар навиштаҳои  шоир низ мавзӯи  панду ҳикмат  фаровон тавзеҳу ташреҳ шуда.  Доираи ин мавзӯъ дар мероси  адабии  Мавлоно фарох  буда, ба ин  васила ориф ва суханвари  бузург ҳамагонро ба зиндагии  шоиставу фаъолона, ба илму  донишомӯзӣ, ба дӯстиву рафоқат, ба ҳамдилию ҳамбастагӣ, ба хушзабонию боназокатӣ, ба маслиҳату машварат, ба таҷрибаомӯзию дасти  ҳам гирифтан, ба озодагии  зоҳиру ботин, ба андешидаву санҷида ҳарф гуфтану амал кардан, ба меҳнати ҳалол, ба иффату покдоманӣ, ба ҳазар аз кирдори  номатлуб ва ба дигар хисоли  неку  ҳамида даъвату ҳидоят  мекунад.

Панду андарзи  созандаи  Мавлоно асрҳост, ки дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа хидмати арзанда мекунад. Сухани ин шоири  барҷаста хеле равон, саммию дилчаспу  эътимодбахш аст ва касро мафтун мекунад. Хеле боварибахш ва муътамад садо медиҳад каломи ҳикматрези  Мавлонои  хирадсолор. Ӯ насиҳат ва насиҳат гуфтану насиҳат пазируфтанро бисёр  муҳим  медонад ва бар он аст, ки  насиҳат боиси  уқдакушоӣ аз бисёр мушкилот мешавад, ғалатҳоро ислоҳ мекунад, ҳидоятгари роҳи рост мегардад.

Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле

В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле.

Ҳар касе, ки  насиҳатпазир аст, шарафманду комёб хоҳад буд ва ба маънии неку бад хоҳад расид ва хуб хоҳад донист, ки:

Он чӣ бомаънист, худ пайдо шавад

В-он чӣ бемаънист, худ расво шавад.

Мавлоно ҳамагонро ба боадаб будан, хушрафтору хушгуфтор будан, аз бадию бадкирдорӣ барҳазар будан даъват менамояд. Одоб  зинати инсон, обрӯбахши ӯст. Шахси беадаб доғи ҷомеа аст, аз ӯ ҷуз зарару зиён ба мардум чизе нарасад. Фоҷиа дар он аст, ки  беадаб таъсир  бар дигарон мерасонад, аз кирдори  ношоистааш ҳама зарар мебинанд, тару хушк месӯзад:

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ бар ҳама офоқ зад.

Ин монанди он аст, ки «Оламеро як сухан вайрон кунад, Рӯбаҳони  мурдаро шерон кунад».

Инсон будан мартабаи  баландест, масъулиятмандист. Як амали ношоиставу  наандешида боиси шармандагиву нокомии  кас шуда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша ҳушёру бедор, санҷидагӯву санҷидарафтор, аз шитобкорӣ барҳазар бояд буд.

Ҳар кӣ аввал бингарад поёни кор,

Андар охир ӯ нагардад шармсор.

Ин қитъаи Ҷалолиддини Румиро  метавон ҳамчун маромномаи  зиндагӣ, ҳамчун дастуру  раҳнамо барои  ҳар як амалу гуфтори  худ пазируфт:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо, ки равӣ , азизу маҳрам бошӣ,

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Соли 2007 дар саросари  ҷаҳон бо қарори ЮНЕСКО 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  таҷлил карда шуд. Ин бори дигар собитгари он шуд, ки таълимоти орифи бузурги тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ дорад ва садсолаҳо боз дар  тарбияи  аҳли  башар нақши  сазовор  мебозад. Андарзномаи  Мавлоно чун тамоми  эҷодиёташ безаволу  ҷовидонист.

Раҳимҷон Ризвонов,

омӯзгори мактаби №15-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш