Нашрияи Омӯзгор

Гар шиновар нестӣ...

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 231        Шарҳ: 0

Моҳи аввали фасли тирамоҳ ба кишвари гарму офтобии мо қадам гузоштааст, аммо мавсими оббозӣ то ҳанӯз давом дорад. Зеро оббозӣ ба ғайр аз ҳаловат бахшидан, ҳамзамон, ба саломатии мо фоида мерасонад. Вале бояд иқрор шуд, ки он қоидаҳои худро дорад, ки агар риоя нашаванд, оқибати нохуш моро интизор аст. Бинобар ин, агар хоҳед, ки ҳангоми шиноварӣ ба ҳодисаҳои ногувор наафтед, ин тавсияҳоро ҳатман риоя намоед:

 - пеш аз он ки ба об дароед, камзӯлчаи муҳофизатӣ пӯшед. Камзӯлчаҳоро бо пуфак ва дигар бозичаҳои пластмассӣ иваз кардан мумкин нест.

- дар ҳолати мастӣ ба об надароед;

- дар дарёву ҷӯйҳои ношинос шино накунед;

-дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ нанамоед.

Агар шумо шиновар набошеду тасодуфан дар об афтидед, ба пушт гардед, дасту поятонро кушод нигоҳ дошта, амиқ нафас кашед. Ҳангоми таҳдиди ғарқшавӣ ба таҳлука наафтед. Бо ҳаракатҳои дасту пой дар рӯйи об худро нигоҳ доред. Агар об ба роҳи нафасатон рафта, нафаскаширо душвор намуда бошад, сарро баланд бардошта, сахт-сахт сулфа занед. Агар маҷрои шиддатноки об шуморо барад, зидди он ҳаракат накунед, балки нафасро ором нигоҳ дошта, бо самти ҳаракати об сӯйи соҳил шино намоед.

Агар бинед, ки касе ғарқ шуда истодааст, ба ӯ ашёи наҷотдиҳиро партоед. Инчунин, ӯро ором намуда, дигаронро низ ба ёрӣ ҷеғ занед. Агар ба сӯйи ғарқшуда шино намуданӣ бошед, самти ҷараёни обро ба назар гиред. Агар ғарқшуда аз ҳаракат монда бошад, аз мӯи сараш гирифта, ба сӯйи соҳил шино намоед. Бодиққат бошед ва нагузоред, ки ҳодисаи фавқулода ҳаёти шумо ва атрофиёнатонро зери хатар гузорад. 

 

Абдураҳим Қурбонов,

Сангимурод Иззатов,

омӯзгорони коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш