Нашрияи Омӯзгор

Беҳтаринҳо соҳиби роҳхат гардиданд

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 221        Шарҳ: 0

Марҳилаи дуюми даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Истеъдод ва маҳо-рати наврасону ҷавононро ҳакамон, шоир Озар, Раҷабалӣ Худоёрзода, Шарифхон Шарифзода, Ҳасани Муродиён ва Дилбар Зарифзода баҳогузорӣ карданд.

Ширини Мирбадал, донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар аз рӯйи чор номинатсия баромад карда, аз тарафи аъзои ҳакамон барои гирифтани «Шоҳҷоиза» дар даври шаҳрӣ пешниҳод шуд. Аз рӯйи номинатсияи азёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик Фарзона Сафарзода, хонандаи синфи 11-и мактаби №11 сазовори ҷойи якум, Маҳмуд Шарифзода, хонандаи синфи 9-и гимназияи ДДБ ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи дуюм ва Холнисо Бегонова, донишҷӯи ДДБ  ба номи Носири Хусрав ба ҷойи сеюм лоиқ дониста шуд.

Мудири Китобхонаи марказии шаҳри Бохтар Дилбар Зарифзода изҳор дошт, ки аз рӯйи номинатсияи азёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик се нафар ҷавонони фаъоли шаҳр соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дилноза Амонова, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи якум, Шамсулло Мудинов донишҷӯи донишгоҳи зикргардида, соҳиби ҷойи дуюм ва Саиднуриддин Исмоилзода сазовори ҷойи сеюм шуданд. 

Ҳамзамон, аз рӯйи номинатсияи азёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Маъмурзода Раҳмонқул, хонандаи синфи 7-и литсейи давлатии «Ориёно» ба ҷойи якум, Лоиқ Шералӣ, хонандаи синфи 7-и литсейи давлатии №1 ба ҷойи дуюм ва Ҳусноро Идиева, хонандаи синфи 7-и мактаби №8 ба ҷойи сеюм шарафманд гардонида шуданд.   

Бо мақсади ҳавасманд-созӣ ва сарфароз гардонидани ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷамъомад баргузор гардид. Ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонданд.

Ғолибони даври шаҳрии озмун бошанд, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

С.АЗИЗӢ,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш