Нашрияи Омӯзгор

Такмили технологияи иттилоотӣ

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 41        Шарҳ: 0

Дар Маркази технология-ҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) бахшида ба  такмил додани   марказ ва оғози лоиҳаи  «Таълимоти барвақтии  барномасозӣ (Softwape) барои ҷавонон» ҷамъомад барпо гардид. Дар чорабинӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии  Кореяи Ҷанубӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли У Чол, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти кореягии «Ҳамсояҳои нек», намояндагони ВАО ва раёсати ДТТ ширкат намуданд.

Ин маркази таълимӣ соли 2018 аз тарафи созмони умумиҷаҳонии интиқоли технологияҳои  итти-лоотӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

- Натиҷаи чунин ҳамкориҳо буд, ки намояндаи Фонди миллии тадқиқотии Корея, профессор Пак Ёнг Ҳо аз соли 2017 инҷониб ба донишҷӯёни ДТТ аз фанҳои технологияҳои иттилоотӣ дарс мегӯяд, - гуфт зимни муаррифии марказ ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур. Барнома ва маводи таълимӣ дар асоси татбиқи курсҳои омӯзишии тайи ду соли охир гузаронидашуда таҳия гардиданд. Барои гузаштани дарсҳо даҳ нафар омӯзгор аз ҳисоби донишҷӯён ва хатмкунандагони самти ТИК- и ДДТ ҷалб гардида буданд.

Ҳамчунин, дар асоси нақшаи марказ дар ду мактаби базавӣ – литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди донишгоҳ ва мактаби таҳсилоти  миёнаи  умумии рақами 2 – и шаҳри Бохтар машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Аз моҳи октябри  соли ҷорӣ дар ҳафт мактаби ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар  панҷ  мактаби  шаҳри Душанбе курсҳои  давомнокиашон бист ҳафта барои ду нимсолаи хониш оғоз мегардад. МТИК  ба курсҳои зикргардида аз ҳар як мактаб 15 нафариро аз ҳисоби хонандагони  синфҳои 6 – 7 ба таҳсил фаро хоҳанд гирифт. Ба хотири таъмини рушди давомнок ва устувори донишҳо дар самти ТИК омӯзгорон ба ташкил намудани маҳфилҳои ТИК дар назди мактабҳо вазифадор мегарданд. Бо ин мақсад панҷоҳ ҳазор доллари  ИМА  сармоягузорӣ карда хоҳад шуд.

Пас аз амалӣ гардидани ин лоиҳа дар назар аст, ки дар Тоҷикистон чунин таълим дар самти барномасозӣ ба таври баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон ва таҳияи барномаҳои таълимӣ паҳн мегардад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ  Ли У Чол  қайд намуд, ки дар аксар давлатҳо таълими барномасозӣ аллакай дар синфҳои ибтидоӣ ҳатмист ва технологияи иттилоотӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир гардидааст. Дар назар аст, ки лоиҳаи «Таълимоти барвақтии барномасозӣ барои ҷавонон», ки аз ҷониби МТИК амалӣ карда мешавад, саҳми назарраси худ-ро дар рушди индустрияи ТИК-и Тоҷикистон гузошта, ҷиҳати омодасозии кадрҳои ТИК – и соҳибтахассус мусоидат менамояд.  

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш