Нашрияи Омӯзгор

Аз муассисаҳои томактабӣ то макотиби олӣ: пешравӣ ва мушкилот

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 730        Шарҳ: 0

 

13 октябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ ширкат варзиданд.

Вазири маориф ва илм М.Имомзода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо масъалаҳои баррасишаванда шинос намуд. М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омўзгорӣ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, маблағгузории соҳа, муносибатҳои байналмилалӣ, сохтмону таъмири биноҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ ва маводи таълимӣ ва чанде дигар ҳисобот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм соли 2021 фаъолияти худро дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 681 расида, ба таълиму тарбияи томактабӣ 97 679 нафар кўдак фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 19 кўдакистон зиёд шудааст.

Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъсиси Маркази инкишофи кўдак корҳои муайян амалӣ шуд. Агар чунин марказҳо дар соли таҳсили 2019-2020 1771 адад бо фарогирии 46360 кўдак фаъолият карда бошанд, пас, ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2020-2021 ба 1764 расид, ки дар онҳо 49332 нафар тарбиятгиранда ба тарбия фаро гирифта шуданд.

      Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва ҳамкории соҳибкорон бо Ҳукумати мамлакат, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ то андозае рў ба афзоиш ниҳодааст. Айни замон, дар ҷумҳурӣ 165 муассисаи томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кўдак бо фарогири 8200 нафар кўдак фаъолият менамояд.

Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040», Стратегияи омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №165 тасдиқ карда шуда, дастраси сохторҳои воҳидии дастгоҳи марказии вазорат, муассисаҳои тобеи он, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ гардид.

Тибқи маълумоти пешни-ҳоднамудаи сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дар анҷоми соли таҳсили 2020-2021 натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 98,4% ва сифати таҳсилот ба 51,8% баробар гардидааст.

Ҳамасола аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ оид ба эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва норасоии омўзгорон ба вазорат дархост пешниҳод карда мешавад. Барои соли таҳсили 2021-2022 барои 70 нафар омўзгори фанни забони русӣ ва 100 нафар омўзгори фанни забони англисӣ дархост шуда буд. Дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 381 нафар омўзгори фанни забони русӣ ва 574 нафар омўзгори фанни забони англисӣ дар асоси роҳхат фиристода шуд, вале мушкилот то ҳанўз пурра бартараф нашудааст.

Дар робита ба ин, моҳи феврали соли 2021 аз тарафи гурўҳи кории вазорат фаъолияти муассисаҳои таълимии хусусӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Маълум гардид, ки баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ бо раёсату шуъбаҳои маориф ҳамкориҳои судманд надоранд ва ин боиси сари вақт дастрас нагардидан ва амалӣ нашудани қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илм, фармоишу мактубҳои вазорат мегардад.

Агарчи масъалаи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ ҳалли худро ёфта бошад ҳам, аммо дараҷаи таҳсилот ва тахассуси омўзгорон то ҳанўз дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгў нест. Масалан, аз 1010 нафар омўзгор, 897 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 36 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 67 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 10 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар ин муассисаҳо 31 нафар омўзгор ғайри ихтисоси омўзгорӣ ва 78 нафар ғайри ихтисоси фаннӣ ба хонандагон дарс мегузаранд.

Дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» моҳи январи соли 2021 179 номгўй китоби бадеии кўдакона бо теъдоди 1 миллиону 300 ҳазор нусха чоп карда шуд, ки дар моҳҳои апрел ва майи соли 2021 пурра дастраси 3001 муассисаи таҳсилоти умумии такягоҳии лоиҳа гардонида шуд. Дар самти татбиқи таълими фарогир корҳо идома дошта, моҳи феврали соли ҷорӣ 12 номгўй китоби бадеии кўдакона ба алифбои Брайлӣ чоп гардид, ки ҳар як номгўй 80 нусха буда, дар маҷмўъ 960 ададро ташкил медиҳад.

Айни замон, дар ҷумҳурӣ 24 олимпиадаи фаннӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», айни замон дар ҷумҳурӣ 10 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ - риёзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии дар соли таҳсили 2020-2021 доиргардида, 4243 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2019 1873 нафар иштирокчӣ зиёд мебошад.

Вазорати маориф ва илм дар самти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Дар моҳҳои июл, август ва сентябри соли ҷорӣ 11 стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқ гардида, дар доираи ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва мониторинги сифати таълими Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 стандарти тахассусии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия гардида, дар мушовараи моҳи сентябрии соли ҷорӣ тасдиқ гардидааст.

Дар соли таҳсили 2021-2022 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон ва берун аз он 42246 ҷой пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 3946 ҷой зиёд мебошад.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 аз теъдоди умумии 154 927 нафар донишҷў, 152 924 нафар (98,7%) донишҷў ба сессия роҳ ёфт. Ҳамзамон, 2003 нафар донишҷў бо сабабҳои гуногун ба сессия роҳ наёфтанд. Аз ин миқдор 150609 нафар (97,2%) донишҷў ҳамаи имтиҳонҳоро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд. Шумораи донишҷўёни қарздор 2315 нафар (1,5%) ва донишҷўёни хориҷшуда 1659 (1,1%) нафар ва теъдоди донишҷўёне, ки бо иллати қарздории академӣ хориҷ нашудаанд, 344 нафарро ташкил медиҳад.

Дар даври ниҳоии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 сатҳи донишазхудкунии донишҷўён ба 97,2% баробар гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ раванди тайёр кардани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) мавриди таҳлилу омўзиш қарор дода шуд. Масъалаи мазкур дар Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ раванди таълим аз рўи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар муассисаҳои мавриди назар дар ин самт баробари комёбиҳо норасоиҳо низ ба мушоҳида расид.

Дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ва сатҳи сифати таҳсилоти довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравӣ ба чашм расад ҳам, бо вуҷуди ин, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо дар баъзе аз ихтисосҳои соҳаҳои омўзгорӣ, фарҳанг ва санъат довталабоне пешниҳод карда мешавад, ки сатҳи дониши онҳо ба талабот ҷавобгў намебошад. Баъзе аз довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ, Ҷайҳун, Кўшониён, Хуросон, Ёвон, Балҷувон, Норак, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Бўстон, Истиқлол, Спитамен, Нуробод, Тоҷикобод аз рўи фанҳои алоҳидаи ихтисосҳои интихобкарда дониши паст нишон дода, ба саволҳо ҷавоби дуруст дода наметавонанд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласаи ҳайати мушовара муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён доир ба фаъолияти муассисаҳои тобеи вазорат - Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Маркази матбуот ва нашрияҳои соҳавӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таълимии занон “Сарвар”, Муассисаи нашриявии “Маориф” ва дигар самтҳои фаъолияти вазорат ҳисоботи муфассал дод.

Дар идома Ғ. Бобизода – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, К. Исозода – директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Б. Исмоилзода – сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 9 моҳи соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм М. Имомзода таъкид дошт, ки новобаста аз корҳои ба сомон расонида, камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасанд ва боварӣ ҳаст, ки мушкилоти мавҷуда тадриҷан бартараф карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, бо назардошти дастуру супоришҳои вазир ва таклифу пешниҳодҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бахтовар САФАРОВ,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш