Кафолатбахши дониши хонандагон

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» қабул гардидааст. Ин тадбир саривақтӣ буда, барои рушди бемайлони сохтори кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки кабинетҳои фаннӣ-таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд ба рушди фарҳанги шахсии хонандагон, баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва самаранокии раванди таълиму тарбия мусоидат кунанд. Муҷаҳҳазгардонӣ ва ороиши кабинетҳо бояд ба талаботи зебоипарастӣ, беҳдоштӣ ва таълимии раванди таълим мувофиқ буда, тибқи талабот истифода шавад. Кабинети фаннӣ дар асоси номгӯи навъҳои асбобу анҷоми таълимӣ-аёнӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҷиҳозонида мешавад. Аммо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ машғулиятҳои фанни адабиёт дар руҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ ба роҳ монда мешаванд.

Кабинети фаннӣ синфхонае мебошад, ки бо асбобҳои аёнӣ, воситаҳои зарурии таълимӣ ҷиҳозонида шуда, дар он машғулиятҳои синфӣ ва дигар чорабиниҳои таълимиву тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Агар кабинети фаннӣ хуб таҷҳизонида шуда бошад, дар он маҳсули эҷодии омӯзгорону хонандагон васеъ истифода шавад, метавон ба натиҷаҳои дилхоҳ комёб гашт. Аз тарафи дигар, кабинети таълимӣ барои омӯзгор озмоишгоҳе мебошад, ки ба ӯ дар тайёр кардани дарс, дарёфти усулҳои фаъоли таълим ёрӣ расонида, вақтро сарфа ва азхудкунии фанни таълимиро ба хонанда осон мегардонад. Яъне, самаранокии дарсҳои кабинетӣ дар он аст, ки азхудкунии дарсҳо беҳтар ва шавқу ҳаваси хонандагонро нисбат ба ин фанни таълимӣ афзун мегардонад. Чунки дарс агар аз тарафи омӯзгор бо тайёрии пухта ва шавқовар гузаронида шавад, натиҷаи хуб хоҳад дод.

Барои ташкил намудани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ чунин амалҳоро иҷро кардан зарур аст:

— интихоби синфхонаи мувофиқ барои кабинети фаннӣ;

— харидории таҷҳизоти таълимӣ ва техникии барои кабинет зарур.

Кабинети фаннӣ бояд ба таври зайл муҷаҳҳаз гардонида шавад:

— ташкили гӯшаи корҳои санҷишии хонандагон;

— воситаҳои техникии замонавӣ (тахтаи электронӣ, компютер, телевизор, видео-дискҳо);

— номгӯи китобҳои дарсӣ ва дидактикӣ (дастурҳои методӣ-таълимӣ, барномаҳо ва дастуру фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра);

— аёният: ҷадвалҳо ва мусаввараҳо;

— гӯшаи матбуот (рӯзнома, маҷаллаҳо);

— намунаи беҳтарин корҳои эҷодии хонандагон.

Барои дуруст истифода бурдани кабинети фаннӣ роҳбари кабинетро зарур аст, ки нақшаи кории онро барои як соли таҳсил тартиб дода, дар асоси он фаъолият намояд.

Маълум аст, ки ҳар як кабинети фаннӣ вазифаҳои худро дорад. Аз ҷумла, кабинети адабиёт чунин вазифаҳоро бояд иҷро намояд:

— ташкил ва гузарондани машғулиятҳои синфӣ (дарсҳо);

— ташкили ҳамаи навъҳои корҳои беруназсинфӣ (маҳфилҳо, конференсияҳо, озмун­ҳо…);

— ташкилу баргузории машваратҳои омодагӣ ба имтиҳонот.

Бовар дорем, ки дар сурати ташкил ва фаъолият кардани кабинетҳои фаннӣ самари таълими фанҳои таълимӣ беҳтар мегардад.

Зайниддини АБДУЛҲАМИД,

омӯзгори МТМУ № 98-и ноҳияи Сино, номзади илмҳои филологӣ