Миёни ҷомеа дар бораи мактабҳои хусусӣ гуфтаниҳо кам нестанд. Ҳисси кунҷковӣ маро ба гимназияи хусусии «Ҳамадон»-и шаҳри Душанбе овард. Муассиси гимназия, соҳибкори муваффақу маорифпарвар Валимад Муродов, директори он, бонуи озодакору масъулиятшинос Марҳабо Муродӣ аст.
Фарҳанги волои хонаводагӣ, тарбия ва роҳнамоии падар ва амакаш (Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ) Марҳаборо раҳнавард ва вориди ин роҳ гардонданд. Ӯ ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ (фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ)-ро азхуд намуда, бо касбияти воло, муносибат ва ташкили кори бонизом дар ҷомеа мақоми шоистае пайдо карда тавонист. Марҳабо Муродӣ зимни суҳбат зикр кард, ки гимназия дар тобеияти муассис қарор дошта, дорои мустақилияти молиявӣ, суратҳисоби бонкӣ, нишона ва муҳр бо сабти ном мебошад. Ба гуфти ӯ, агарчи таълим дар муассиса мувофиқи Стандарти давлатӣ бо забони русӣ бошад ҳам, ҳуҷҷатгузорӣ пурра бо забони тоҷикӣ сурат мегирад.
– Дар муассисаи таълимӣ, дар баробари таҳсил дар асоси Стандарти давлатии таҳсилот, дар асоси шартномаи дуҷониба бо шахсони алоҳида (волидон) барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон мутобиқ ба меъёрҳои давлатии таълим, омӯзондани фанҳои таълимӣ, фанҳое, ки дар Стандарти давлатии таҳсилот пешбинӣ гардидаанд, омӯзиши амиқи мавзуи дарсҳо тибқи барномаҳои таълимӣ, ташкили конфронсу маҳфилҳо, таҳсилоти иловагӣ, томактабӣ ва дигар хидматрасониҳо ба роҳ монда мешавад, – гуфт директори гимназия. – Соли ҷорӣ мо дар назди гимназия бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар муассисаи томактабиеро ҳам бо номи «Боғи Мурод» кушодем, то минбаъд дар тайёр кардани хонандагони гимназия заминаи устуворе гузошта тавонем.
Дар гимназия 333 хонанда (аз ҷумла, 115 духтар) дар синфҳои 2 то 7 ва 60 нафар дар синфи 1 таҳсил мекунанд. 16 синфхонаи муассиса бо компютер ва тахтаи электронӣ таъмин аст. Дар кабинети технологияи иттилоотӣ бошад, 18 адад компютер, 1 адад тахтаи электронии дигар, инчунин, 4 адад принтер (нусхабардор) дар синфхонаҳо мавҷуд аст. Гимназия дорои кабинетҳои муҷаҳҳаз аз фанҳои технологияи иттилоотӣ, физика, биология, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ мебошад. Дар муассиса маҳфилҳои «Шоҳмот», «Суруд ва мусиқӣ», «Рассомӣ» фаъолият мекунанд. Иштироки Ёсин Ҳомидов-хонандаи синфи 3«г» дар номинатсияи «Адабиёти бачагона»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», пирӯзии 6 нафар хонанда дар олимпиадаи байналмилалии «Ҳиппо», пирӯзии 8 нафар дар олимпиадаи байналмилалии «Кенгуру», инчунин, ғолибияти Ҳилола Ӯрунова-хонандаи синфи 7-ум аз фанни забони русӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ (ҷойи 3-юм), ғолибияти 31 нафар байни хонандагони синфҳои 2-4 дар озмуни ноҳиявии «Чароғи маърифат» боиси ифтихори гимназия мебошад.
Кори аввали муассис ва роҳбарияти гимназия ҷалби мутахассисон буд. Беҳтарин ва хушкортарин омӯзгорон ба гимназия даъват шуданд. Омӯзгори соҳибтаҷриба Давлатбегим Ҳисайнова муовини директор таъйин гардид. Давлатбегим Ҳисайнова аз ҷумлаи омӯзгорони асил ва роҳбарони масъулиятшиносу соҳибтаҷриба аст. Ӯ дастпарвари факултети методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аст. Аз соли 1997 фаъолияти омӯзгориашро сар кард ва 22 сол боз дар соҳа заҳмат мекашад. Дар кӯтоҳтарин муддат худро чун омӯзгори асил, навовар, эҷодкор ва роҳбари кордон нишон дода тавонистан ҳунари ҳар кас нест. Давлатбегим то соли 2016 дар мактабҳои №№1 ва 16-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият кард. Аз соли 2016 ба пойтахт омад ва корро дар МТМУ №33 идома дод. Соли 2021 ӯро ба гимназияи «Ҳамадон» ба кор даъват карданд. Баъди як соли кор дар синфҳои ибтидоӣ муовини директор таъйин гардид. Зимни мушоҳида маълум шуд, ки муваффақияти гимназия, аз як тараф, ба сатҳи донишу касбияти омӯзгорон, аз тарафи дигар, ба фаъолияти бонизом дар асоси реҷаи муайяни кор рабт дорад. Ба таъкиди Д. Ҳисайнова, давомнокии дарсҳо дар гимназия аз соати 8:00 то соати 15:30 муқаррар шудааст. Роҳбарияти гимназия ҳамарӯза омодагии синфҳо, сари вақт ҳозир будани омӯзгорон ба дарс, тайёр будан ба дарс бо конспекти яксоата, сару либоси омӯзгорон ва хонандагонро аз назар мегузаронанд.
– Даромадан ба синфҳо ва санҷиши фаъолияти онҳо тибқи нақшаи ҳафтаина сурат мегирад, – иброз намуд муовини директор зимни суҳбат. – Дар ин санҷиш ҷо ба ҷо кардани дарсҳо аз рӯйи ҷадвал, дида баромадани давомоти хонандагон, назорати хонандагон дар ошхона ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ, ҳолати рӯзномадории хонандагон, ҳолати дафтарҳои даврӣ, мушоҳида ва таҳлили дарсҳо, гузарондани рейд оид ба телефонҳои мобилӣ ва дигар ашё, гузарондани маҷлис бо духтарони синфҳои болоӣ, баргузории чорабиниҳо (ҳар як чорабинӣ ба синфе вобаста шуда, дар вақти муайяншуда мегузарад), санҷиши журналҳои синфӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
Шиносоии мо бо гимназия ба давраи анҷоми соли таҳсил (20.05.2025) рост омад. Хонандагон ба аттестатсия омодагӣ медиданд. Шогирдони синфҳои ибтидоӣ аз ҷониби омӯзгорон барои хуб гузарондани таътили тобистона маслиҳатҳо мегирифтанд. Қисме аз хонандагон ба истирорҳатгоҳҳо мерафтанд. Омӯзгорон аз шогидон таҳти унвони «Таътилро чӣ тавр мегузаронам?» иншо мегирифтанд. Ба гуфти Д. Ҳисайнова, дар аввали соли таҳсили оянда бо номи «Ман таътилро чӣ тавр гузарондам?» иншо гирифта мешавад.
– Бо ин восита мо ба рушди тафаккури хонандагон ва эҷодкории онҳо таъсир мерасонем, – гуфт Д. Ҳисайнова. – Албатта, барои хуш гузарондани таътил, ҳамзамон, дур нашудан аз таълим мо ба шогирдон мутолиаи китобҳо, иштирок дар маҳфилҳои забономӯзиро низ тавсия медиҳем.
Баъди анҷоми дарс маҷлиси умумии падару модарон ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар маҷлис ду масъала баррасӣ гардид: 1. Ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» вобаста ба муносибати падару модарон дар амалу рафтори хонандагон; 2. Омодагӣ ба таътили тобистона ва давраи аттестатсияи хонандагон.
Дар маҷлис директори гимназия ва муовинон маърӯза карда, дигар иштирокдорон ба музокира баромаданд. Дар анҷом барои иҷрои масъалаҳои матраҳ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз мушоҳидаҳо ба хулоса омадам, ки як рӯзи мактаби мо, воқеан, пурбор аст. Таъсис ва фаъолияти бахши хусусӣ дар маориф барои ба миён овардани рақобати солим ва пешрафти соҳа омили хуби таъсиргузор аст. Дар чунин мактабҳо сатҳу сифати дониши хонандагон аз шогирдони дигар муассисаҳои таълимӣ хеле фарқ дорад. Пас, умед бар он мебандем, ки дар «Ҳамадон» ҳамадонҳо бештар ба камол расанд.
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»