Технологияи компютерӣ: пешрафту монеаҳо

Яке аз сохторҳои тобеи раёсати маорифи ВМКБ Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия мебошад. Ин сохтор, тавре аз номаш бармеояд, бо компютеру технологияҳои компютерӣ сарукор гирифта, кору амалҳои муҳим анҷом медиҳад, зеро ки дар ҷаҳони муосир кор бе технология, аз ҷумла, технологияи компютерӣ душвор аст. Дар ҳар идораву муассиса будани технологияи мазкур ҳатмист, давраи мошинаҳои чопӣ бебозгашт гузашт. Мавҷудияти технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ имкон пеш меорад, ки хонандагон онро омӯзанд, пурра аз худ кунанд ва аз он самаранок истифода карда тавонанд.

Маркази технологияи ин­форматсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маориф дар фаъолияти худ ба асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа, бахусус, «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» такя мекунад. Як талаби барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кормандони соҳаи маориф, хоса, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба технологияи рақамӣ аст. Кормандони марказ бо истифода аз технологияи мавҷуда бо ҷалби 5255 нафар омӯзгор, ё худ 67 фоизи омӯзгорони вилоят якчанд семинари омӯзишӣ баргузор намуданд. Бо мақсади таҳлили шаффофи фаъолияти марказ ва сохторҳои тобеи он, муайян намудани самтҳои муҳимми фаъолияти минбаъда дар шаҳру ноҳияҳо аввали соли равон ҷаласаи Шурои марказ баргузор шуд. Дар он кормандони маркази вилоятӣ ва роҳ­барони он дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, фаъолияти марказ ва ҳар як бахши он дар минтақаҳо ба таври ҷудогона таҳлилу арзёбӣ гардид ва самтҳои минбаъдаи кор муайян карда шуданд. Аз вазифаҳои муҳимми марказ ва бахшҳои он харидориву дастрас намудани технологияи компютерӣ ва аз эътибор соқит намудани компютеру таҷҳизоти корношоям мебошад. Аз рӯйи иттилои марказ равшан гашт, ки муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ 18, ноҳияҳои Шуғнон 20, Ишкошим 16, Мурғоб 6 адад компютер харидаанд, ҳамчунин, дар маҷмуъ, 11 тахтаи электронӣ дастрас шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии вилоят шумораи компютерҳое, ки куҳнаанд ё корношоям гаштаанд, ҳанӯз зиёданд. Аз ин ҷост, ки аз эътибор соқит намудани онҳо ҷараён дорад. Чунончи, дар ноҳияи Ванҷ 100, ноҳияи Шуғнон 62 компютери куҳнаву корношоямро аз ҳисоб баровардаанд. Ҳоло ҳам ҷо-ҷо компютерҳои хеле куҳнаи тамғаи «Пентиум-4» ба чашм мерасанд. Вақте мо дар бораи донишу маърифати рақамӣ гап мезанем, мавҷудияти таҷҳизоти куҳнаи компютерӣ барои фаъолияти хубу босамар монеа ба вуҷуд меорад. Аз ин ҷост, ки бисёр муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба технологияи компютерии наву муосир ниёзманданд. Бино ба иттилои марказ, танҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ норасоии 45 адад компютер ба ҳисоб гиифта шудааст, дар ноҳияи Дарвоз баъди аз эътибор соқит кардани компютерҳои куҳна дар ду муассисаи таълимӣ ягон компютери нав мавҷуд нест. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур 19 тахтаи электронӣ, 9 видеопроектор, 3 принтер намерасанд. Нора­соии компютер дар мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Ванҷ ба 98 адад мерасад, 15 тахтаи электронӣ, 10 видеопроектор, 6 дастгоҳи чопкунӣ дар ин муассисаҳо камӣ мекунад. Дар таълимгоҳҳои ноҳияи Рӯшон норасоии технологияи компютерӣ ва таҷҳизоти дигари техникӣ чунин аст: 17 компютер, 14 тахтаи электронӣ, 7 видеопроектор. Ба мактабҳои ноҳияи Шуғнон 44 компютер, 2 тахтаи электронӣ, 3 принтер лозим аст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Роштқалъа нарасидани 44 компютер, 10 принтер, 5 видеопроекторро ба ҳисоб гирифтаанд, дар 2 муассиса, умуман, компютер нест. Мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Ишкошим ба 23 компютер, 5 тахтаи электронӣ, 3 видеопроектор эҳтиёҷманданд. Дар ноҳияи Мурғоб ба муассисаҳои таълимӣ 66 компютер, 5 тахтаи электронӣ ва 4 видеопроектор бояд дастрас карда шавад.

Дар маҷмуъ, мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба 377 компютер, 62 тахтаи электронӣ, 40 видеопроектор, 36 принтер эҳтиёҷ доранд. Дастрас кардани ин миқдор таҷҳизоти технологӣ, албатта, дарзамон мушкил аст, вале тадриҷан дастрас намудани онҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Лозим ба таъкид аст, ки хариди таҷҳизоту технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ танҳо вазифаи муассисҳои таълимӣ набуда, айни замон як самти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ дониста мешавад. Аз ин рӯ, ба ин мушкил расидагӣ намудани онҳо зарур ва талаби рӯз аст. Мушкили дигар, тавре болотар ишора рафт, мавҷудияти компютерҳои куҳна мебошад, ки бо барномаҳои нави компютерӣ кор карда наметавонанд. Таъмин набудан бо антивируси литсензионӣ ба кори компютерҳои нав латма мезанад ва ин душвориро нодида набояд гирифт. Набудани антивирус компютери навро ҳам аз кор мебарорад. Ин душворӣ, чанд сол боз аз миён нарафта, хоҳ – нохоҳ ба низоми дурусти кору фаъолият монеа эҷод менамояд. Сохторҳои алоқаманд ин мушкилотро бояд ба назари эътибор бигиранд ва дар рафъи онҳо чораандешӣ бикунанд.

Ҷангибеки Улфатшоҳ,

«Омӯзгор»