Фарҳанги мутолиа дилбастагию шавқ мехоҳад

(Ё бо кадом роҳҳо насли наврасро ба мутолиа бояд ҷалб кард?)

Дар хусуси ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани насли наврас ва ҷавонон 15-20 сол қабл аз ин гуфтугузор ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба миён омада, муаллифони мақолаю матолиби иншогардида ҳар яке бо диду фаҳмиши хеш омилу шеваҳои бедор намудани меҳру муҳаббат ва шавқу рағбати толибилмонро дар радифи дигар қишрҳои ҷомеа баён карда буданд. Пешниҳодҳо низ манзур мегардид.

Муаллифи ин сатрҳо низ дар ин боб силсиламақолаҳо таълиф ва дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» ба табъ расонда буд. Ҳамон вақт ба таъкиду такрор изҳор дошта будем, ки барои фарҳанги мутолиаро дар байни аҳли ҷомеа тақвият ва густариш бахшидан, қабл аз ҳама, фазою муҳити созгори маънавиро ба вуҷуд овардан зарур аст. Фазою муҳити мазкур аввалқадам дар оила шакл гирифта, бо дарназардошти омилҳои заминасоз тадриҷан такомулу таҳаввул меёбад. Фарзанд худ аз худ ба ину он амали муфиду самарабахш, аз ҷумла, мутолиаи китоб ва дар маҷмуъ, меҳру сидқ пайдо кардан ба осори бадеӣ рӯ оварда наметавонад. Фактори асосию меҳварӣ дар ин масъала ангезаи таконбахш маҳсуб меёбад. Ангезаи таконбахш бошад, китоб аст. Маҳз дар хонадон мавҷуд будани китоб нақши асосиро дар бедор гардидани эҳсос ё таваҷҷуҳ ба мутолиа ба вуҷуд хоҳад овард. Аммо мавҷудияти китоб ба сари худ масъалаеро ҳал нахоҳад кард. Дар ҳар як оила ба ҷуз падару модар, боз дигар аъзои он дар китобхон намудани фарзандон бояд саҳми босазою муассир гузоранд. Ин амал ё раванди таъсиргузор ба фаҳмишу дарк ва шуури наврас дар хонадон ба чӣ шаклу шева сурат мегирад? Гуфта будем ва ҳоло ҳам дар ин фикр собит ҳастем, ки волидон ё ҳар аъзои оила бояд (ва ин амалро масъулияти хеш биҳисобад!) аз фурӯшгоҳу дуконҳои китоб барои фарзандон китоб бихаранд. Дар силки дигар ашёву коло ва маводи барои зиндагӣ зарурӣ ҳатман хариди китобҳои бадеиро фаромӯш накунанд.

Мутаассифона, дар масъалаи мавриди назар шӯру шавқи падару модарон, талошу азм ва ҷиддияти эшон кунду заиф ба назар мерасад. Ҳоло ҳам бахши аъзами сокинони деҳу музофот ва шаҳру навоҳии кишвар дар боби хариди китоб ва бад-ин васила, меҳру дилбастагии китобро дар замири фарзандон бедор намудан, аслан, ба таври зарурӣ ҷаҳд намекунанд. Асрҳои аср хонадони мардуми тоҷикро бе китобҳои Фирдавсию Ҳофиз, Ҷомию Бедил, Камолу Шамсиддини Шоҳин ва ғайра тасаввур кардан имкон надошт. Аммо имрӯз дар оилаҳои зиёде ин китобҳоро дучор шудан амри муҳол аст. Замони муосир тақозо мекунад, ки дар ҳар як хонадони тоҷик осори адибони худӣ ва ҷаҳонӣ на ба таври ангуштшумор, балки мукаммалу фаровон вуҷуд дошта бошад. Бо дош­тани 5-10 китоб наметавон худрову аҳли хонадонро маърифатноку пешрафта ҳисобид. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ҳар оилаи тоҷик китобхонаи шахсӣ дошта бошад.

Раванди хариди мутассили осори шоирону нависандагон ва таъсиси китобхонаҳо дар хонадонҳо барои ҷалби фарзандон ба мутолиаву омӯзиши бардавоми онҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Танҳо дар ин масъала бепарвоию бетафовутӣ ва хасисӣ набояд кард. Миллати тоҷик дар ҳама асру замонҳо хирадгаро буду маънавиятбунёд ва сарвати гарон­мояаш китоб. Пас чӣ сабаб шуда, ки хариди китобу ташкили китобхонаҳоро дар ҳар як хонадон ба раванди оммавию маъмулӣ табдил надиҳем? Ҳароина, ин амал на аз роҳи маҷбурӣ, балки тавре болотар изҳор доштем, дар заминаи эҳсоси виҷдонию масъулияти ҳар фард бояд роҳандозӣ гардад.

Гуфтем, ки фазою муҳити созгор баҳри ба мутолиаю омӯзиш ҷалб гардидани насли наврас нақши калидию меҳварӣ мебозад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти хеш агар мисоле орам, ҷойи тардиду нобоварӣ ва қиёс намудани ҷанбаҳои бартарият доштани замони Шуравӣ ва даврони соҳибистиқлолии кишвар набояд пазируфта шавад. Қиблагоҳи мо чорвопарвари муқаррарии колхоз ба маҷаллаю рӯзномаҳои ондавра ба гунаи комил обуна шуда буд. Ҳангоми хонандаи мактаб буданам, дар вақтҳои фориғ аз кору ба иҷро расондани супоришҳои хонагӣ ғайриихтиёр нашрияҳои даврӣ, бахусус, маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Хорпуштак» ва ғайраро мехондам. Таваҷҷуҳи маро, асосан, маводу матолиби адабӣ ба худ ҷалб мекард. Асарҳои бадеии дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табърасидаро бо шӯру шавқ мутолиа мекардам. Шояд меҳру ҷозибаи осори бадеиро дар ниҳодам мутолиаи ҳамон асарҳои дар маҷаллаи мазкур чопшуда бедор карда буданд? Дигар ангезае, ки ба китобхон гардиданам сабаб шуд, ба ҳиммату ғайрати бародарбузургам Азимхон бастагии амиқ дорад. Акаи Азимхон на танҳо худ китоби зиёд мутолиа мекард, балки ҳар моҳ аз ҳисоби идрорпулиаш китобҳои зиёди бадеию илмӣ харида меовард. Мутолиаи ин китобҳо низ ба машғулияти доимии банда табдил ёфта буд. Албатта, дар ин бобат завқу лаёқати ҳар як фард низ аз омилҳои ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, муҳити китобӣ пойбасти бинои минбаъдаи омӯзишу мутолиаи осори бадеиро дар ниҳодам ба таври собиту устувор қолабрезӣ намуд.

Ба андешаи мо, омили дигаре, ки тухми омӯзишу мутолиаро дар марзҳои қалби насли наврас ва ҷавонон кошта метавонад, мактаб ва омӯзгорон ба шумор мераванд. Омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синфҳо агар сидқан хаёлу хотири хешро побанди тарбияи дарки забоншиносӣ ва фарҳанги мутолиаи шогирдон намоянд, аз қавле «олам гулистон мешавад». Боиси изтиробу нигаронист, ки на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ роҳу шеваҳои ҷиддану ҳамаҷониба ба мутолиаи осори бадеӣ ҷалб намудани хонандагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин масъала баҳонаи ҳамешагии волидон, омӯзгорон, умуман, аҳли ҷомеа аниқ аст: «телефонро як сӯ гузошта, бача агар дар сараш чормағз бишканӣ, китоб намехонад». Ё бихонад ҳам, ба ҳисоб ду-се китоб мехонаду халос. Мо касеро насиҳат карданӣ нестем, вале танҳо бо суханони хушку якрангу дилбазан, ки оҳанги омирона доранд, яъне, «бояд китоб хонед», намешавад шогирдони мактаби имрӯзро ба мутолиа ҷалб намуд.

Ба андешаи мо, агар омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва забони русӣ дар лаҳзаҳои дарс ва маҳфилҳои фаннӣ дар хусуси осори бадеии адибони классикии тоҷику форс, муосир ва адабиёти ҷаҳон на ба таври умумию обзорӣ, балки алоҳида муҳтавою эпизодҳои асарҳои мазкурро шавқовару ҷаззоб нақл кунанд, самари нек ба бор хоҳад овард. Ҳангоми хонандаи мактаб буданамон маҳз аз нақлу ҳикоёти омӯзгорон, ки як андоза ҷанбаи ҳидоятгароёна дошт, осори устодон Садриддин Айнию Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзодаю Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиеву дигаронро мутолиа карда будем. Ҳамин тавр, осори назмиро на танҳо мутолиа, балки азбар менамудем. Ёд дорам, асарҳои «Чаманоро», «Робинзон Крузо», «Саргузашти Том», «Кюхелбеккери Фин», «Ҷамила», «Писари моҳигир», «Бепарастор», «Шоҳзода ва Гадо», «Достони Уленшпигел», «Як гулу сад харидор» ва дигар адибони ҷаҳонию миллатҳои собиқ ИҶШС-ро пайваставу бо шавқи дил мехондем. Номи ин нависандагону китобҳои онҳоро, бешакку шубҳа, аз забони омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикамон шунида будем, ки моро ба мутолиаи осори адибони зикршуда таҳрик бахшида буд. Имрӯз то ҷое, ки мушоҳида мекунем, ана ҳамин муносибати воқеан дилсӯзонаю сидқомези омӯзгорон дар қиболи муаррифии асарҳои шоирону нависандагон камранг гардидааст.

Ёд дорам, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мо, устод Бобобек Раҷабов аз забони тоҷикӣ дар машғулияти махсус (ҳоло дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб меноманд) дафтари кори эҷодӣ ташкил кунонда буд ва мо дар он дар мавзуъҳои озод мақолаю лавҳа ва ҳикоячаҳои шогирдона менавиштем. Устод рӯйхати махсуси осори бадеии адибонро дошт ва қабл аз оғози дарси мазкур мутолиаи он асарҳоро бо навбат супориш медод. Он иқдоми хуби устодамон, ки ҳоло ба нафақа баромадаасту давлати пирӣ меронад, бо ҷаззобияту рангорангӣ ва ангеза бахшидан ба лаёқатҳои хуфтаи мо ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотираи мо зудуда намешавад. Яъне, мо на танҳо чун ташнае дар биёбон мафтуну шайдои асарҳои тозанашри бадеӣ мегардидем, ҳам­замон, ин омил ба дарёфти хонандагони эҷодкори болаёқат ва ташаккулу такомули минбаъдаи онҳо сабаб мешуд. Дигар аҳаммияти бузурги мутолиаю омӯзиши китобҳои адибон дар он аст, ки китобҳои мазкур дар тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҳамчун инсони худогоҳу хештаншинос, меҳанпарвару дорои тафаккуру ҷаҳонбинии васеъ ва содиқ ба арзишҳои миллӣ ба камол расондани онҳо нақши ҳалкунанда мебозанд. Дар муассисаҳои таълимӣ анъанаи даврони Шуравӣ, яъне, дар иртибот бо мавзуъҳои дарсӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти адабии шоирони классику муосири тоҷик пешниҳод намудани ашъору пораҳои мунтахаб аз достонҳояшон барои азёд кардан ба таври ҳатмӣ бояд супориш дода шавад. Бо ин амал хонандаи мактаб аз беҳудагардию саргарми корҳои нолозим гардидан маҷбур аст, иҷтиноб варзад. Дар ин самт омӯзгорони забон ва адабиёти рус низ бояд пешгому иқдомпеша бошанд. Омӯзгорони фанҳои дигар низ метавонанд дар китобхон гардидани шогирдон ҷаҳду талош намоянд. Мисол меорам: омӯзгори математика ва физикаи мо, устод Ҳасан Убайдов (руҳаш шод бод!) дар ҳар дарси худ, қабл аз оғози мавзуи нав дар тахтаи синф рубоие аз Умари Хайём сабт мекард ва супориш медод, ки онро азбар намоем. Ингуна, мо тамоми рубоиёти Умари Хайёмро ҳифз кардем, ки хуш ба ҳоли устоди дилсӯзамон! Ё худ омӯзгори забон ва адабиёти рус Любов Гнатко дарсҳояшро чунон бо эҳсоси волои ватандӯстона ва аз сари сидқу самимият мегузаронд, ки ҳатто перомуни сарнавишти фоҷиаомези шоирони нобиғаи рус – А. С. Пушкин, М. Лермонтов, Некрасов,

И. Тургенев, Н.Гогол, аз даврони Шуравӣ С.Есенину В.Маяковский, А.Федееву Мусо Ҷалил ва ғайра нақл карда, ашк мерехт. Ана ҳамин муносибату шеваи таълим ва садоқати муаллима ба дарсу ба фан моро маҷбур сохт, то ба адабиёти рус рӯ орем. Аз ин рӯ, нақшу рисолати омӯзгор дар масъалаи ба китобу китобхонӣ шавқу меҳр пайдо кардани насли наврас аз ҳама муқаддам буда, дар сархат меистад. Дар ин бобат, танҳо маҳорату санъати баланди ҳирфаӣ, садоқату дилсӯзӣ, заҳмати бардавом ва ҷаҳду талошу навоварии омӯзгор зарур асту бас. Омили дигаре, ки дар тарбияи эҳсосу дарки зебоишиносӣ ва амиқу ҳамаҷониба майлу рағбат пайдо кардан ба мутолиаи осори бадеӣ нақши муассир мегузорад, китобхонаҳо, аз ҷумла, китобхонаи мактаб, шаҳраку ҷамоат ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Ва ин як амри табиист, ки хонандаи дабистон китоби дилхоҳи худро маҳз аз китобхона дастрас мекунад. Дар масъалаи мутолиаи асарҳои бадеӣ робитаи роҳбарони синфҳо бо омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, рус ва китобдори таълимгоҳ бояд зичу мустаҳкам бошад. Вазъи имрӯзаи муассисаҳои таълимӣ бозгӯйи он аст, ки фаъолияти китобхонаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардида, аксар сарварони масъулиятшиносу ғамхор ба таълиму тарбия, китобҳои фаровони бадеиро харидорӣ ва ба ки­тобхонаҳои таълимгоҳашон дастрас намудаанд. Аммо ҳоло ҳам шумори асарҳои бадеӣ дар баъзе китобхонаҳои мактабӣ кам буда, талаботу ниёзи хонандагонро қонеъ карда наметавонад. Ҳол он ки ҳамасола бо иқдоми Вазорати маориф ва илми кишвар асарҳои бешумори адибони ватанию хориҷӣ чоп ва ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мешавад. Яке аз роҳҳои асосии дастрасу мутолиа кардани осори бадеии шоирону нависандагон аз ҷониби мактабиён, хусусан, онҳое, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи суб­ҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунанд, ба фаъолияти китобхонаҳои муассисаи таълимӣ алоқаманд мебошад.

Аз маблағҳое, ки мувофиқи низоми сарикасӣ дар таълимгоҳҳо ҷудо гардидаанд, қисмеро раҳбарони мактабҳо ҳадафмандона ба хариди китобҳои бадеӣ равон бояд созанд.

Имрӯз шароит тақозо мекунад, ки дар ҷамоати шаҳракҳо китобхонаҳои нави созгор ба замони муосир бунёд карда шаванд, зеро бо вуҷуди мавҷуд будани китобхонаҳо дар деҳот ҳоло ҳам норасоии китобхонаҳо дар қисми зиёди шаҳру навоҳӣ ба мушоҳида мерасанд. Китобдорони китобхонаҳои ҷамоати деҳоту шаҳракҳо бояд шахсони ихтисосманду пурхонда бошанд ва баҳри бо асарҳои бадеии нав таъмин намудани китобхонаҳо пайваста талош варзанд. Китобдори мактаб дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ҷиҳати ҳавасмандгардонии хонандагон метавонад озмуни дохилимуассисавии «Китобхони беҳтарин»-ро ташкил ва баргузор намояд ва ғолибони озмунро бо ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кунад. Умуман, роҳу шева ва имконоти ба китобхонӣ ҷалб намудани мактабиён хеле фаровон аст, дар ин самт танҳо шавқу таваҷҷуҳи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, китобдору сарвари созмони хонандагон бояд бештар бошад. Мазмун, сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд дар таълимгоҳҳо муҳиту фазои маънавиро дар масъалаи маърифатнок гардондани хонандагон ба василаи омӯзишу мутолиа дар сатҳи созгор ба шароиту имкони мактаб ба вуҷуд оранд.

Ва ниҳоят, омили ба китобу китобхонӣ рӯ овардани мактабиён, боз ҳам бо иқдоми дилсӯзонаи раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор намудани вохӯрию мулоқот бо адибон ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар замони соҳибистиқлолии кишвар чунин вохӯриҳо бо адибон баргузор мегардад, аммо он ҳанӯз фарогиру ҳамаҷониба набуда, аксар вақт ҳангоми ҷашнҳову идҳо сурат мегиранд.

Вақте ки хонандаи мактаб мустақилона бо шоиру нависанда аз наздик суҳбат мекунад, дар хусуси эҷодиёти ӯ ва нақшу рисолати китобу мутолиа пурсон мешаваду посухҳои саҳеҳу зарурӣ мегирад ва он адиб бо соядаст китобашро ба ӯ тақдим мекунад, ба хонанда таъсири файзбахш ва хотирмон мегузорад.

Дар хатми навишта метавон суханони машҳури адиби амрикоӣ Рэй Брэйдбериро дар боби ивазнашаванда будани китоб овард. Ӯ мегӯяд, дар рӯйи замин гуноҳи он нафаре, ки китоб намехонад, аз оне, ки китобҳои зиёдеро оташ задаст, зиёдтар аст.

Пас вақти он расидааст, ки ба тарбияи маърифатӣ ва оммавӣ гардидани фарҳанги мутолиа, хусусан, дар байни насли наврас ва ҷавонон ҳамагон саҳм гузорем ва бикӯшем, то сафи довталабону иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамасола афзунтар гардад, зеро танҳо мутолиаю омӯзиши осори бадеӣ ҷомеаро аз кулли аъмолу рафторҳои зишту ба кишвар хатарзо наҷот дода метавонад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»