Аз фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ

Соли 2025 дар вилояти Хатлон «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон шудааст. Дар ин радиф бояд китобхонаҳо, хусусан, китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо шароити зарурӣ таъмин бошанд ва барои ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд. Вобаста ба ин, бо шароити китобхонаҳои муассисаҳои таълимии якчанд шаҳру ноҳия шинос шудем.

Калонтарин мактаб дар шаҳ­ри Кӯлоб МТМУ №2 ба номи Бобоҷон Ғафуров дорои китобхона бо фонди 16632 адад китоби дарсӣ, 2 ҳазор китоби бадеӣ ва 5 ҳазор нусха китоб бо дигар забонҳо аст. Хонандагон китобҳоро дастрас карда, ба хона барои мутолиа мебаранд. Ба таври электронӣ дастрас кардани китобҳо аз мушкилоти китобхонаи мактаб мебошад. Ба гуфтаи Сайёра Раҳмонзода, директори мактаб, онҳо барои бартараф намудани мушкилоти мазкур китобхонаро бо интернет пайваст намуда, 4 адад компютер харидорӣ намуданд.

Дар китобхонаи мактаби №10-и шаҳри Кӯлоб 400 адад китоби бадеӣ мавҷуд аст. 600 нафар хонанда аъзои китобхонаанд. Барои хондани китобҳо 6 мизу курсӣ мавҷуд аст, вале вобаста ба истифодаи технологияи муосир ва дастрасии шакли электронии ягон китоб мавҷуд набуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2042» бояд мактабҳо бо китобхонаи электронӣ таъмин бошанд. Барои ин мебояд китобхона ҳадди ақал бо компютер таъмин гардад.

Дар муассисаи таълимии №53-и шаҳри Кӯлоб (директораш Рафоат Воҳидова) аз сабаби хурд будани утоқи китобхона китобҳои фаннӣ дар ҳуҷраи дигар нигоҳдорӣ мешаванд. Китобхонаи мактаб дорои 3 ҳазор китоби бадеӣ аст. Аз шумораи 2530 хонанда зиёда аз 500 нафар аъзо ҳастанд. Дар давоми сол 200 адад адабиёти тозанашр харидорӣ шудааст. Дар мавриди дастрасӣ ба шакли электронии китобҳо ва феҳристи онҳо дар компютер коре анҷом дода нашудааст. Дар китобхона ягон компютер мавҷуд набуд.

Дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ низ самти китобдорӣ аз камбудиҳо холӣ нест. Мактаби №1, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, шакли электронии ягон китоб мавҷуд нест.

Наргис Сайлонова гуфт, ки барои ташкили китобхонаи электронӣ аз курси алоҳида гузаштааст ва дастрасӣ ба китобҳои электронӣ тақозои замон аст.

Дар китобхона ҳатто як компютер мавҷуд нест. Барои хондан 6708 адад китоби бадеӣ мавҷуд буда, тариқи аксия аз ҷониби омӯзгорону хонандагон тақрибан 1000 адад китоб ҷамъоварӣ шудааст. Аммо бар замми ин, норасоии адабиёти тозанашр ва китобҳои тавсиявӣ барои озмунҳо ба чашм мерасанд.

Меҳринисо Сафарова, мудири китобхонаи муассисаи таълимии №22, ки макони зисти ӯ наздики 25 километр аз маркази ноҳия дур аст, иттилоъ дод, ки бинобар норасоии адабиёти бадеӣ, хусусан, адабиёти тозанашр ва мавҷуд набудани китобхонаи электронӣ хонандагони худро ба Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳо аъзо кардаанд. Китобхонаи мактаб низ дар як ҳуҷраи хеле танг ҷойгир аст, бинобар ин, хонишҳои бадеӣ рӯзҳои шанбе дар синфҳо гузаронида мешаванд.

Ҳангоми ворид шудан ба китобхонаи №39-и ноҳияи Муъминобод 3 нафар толибилм машғули хондани китоб буданд. Оростамои Раҷабалӣ, мудири китобхона дар суҳбат зикр намуд, ки 4 нафар хонандаи мактаб дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок карданд. То ҷойи имкон хонандагон бо адабиёти зарурӣ таъмин буда, маҳфилҳои китобхонӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо норасоии китобҳои бадеӣ ҷой дошта, шакли электронии асарҳо мавҷуд нест. Фаррух Исмоилов, директори мактаби мазкур, иброз дошт, ки барои ташкили китобхонаи электронӣ саъйю кӯшиш мекунад.

Китобхонаи мактаби №1-и ноҳияи Муъминобод (мудири китобхонааш Бозорова Безода) 12 ҷойи нишаст ва наздики 10 ҳазор китоби бадеӣ дорад. Давоми соли хониш 200 адад китоби бадеӣ ба китобхона дастрас шудааст. Рӯзҳои шанбе хонишҳои бадеӣ гузаронида мешаванд. Аммо китобҳои бадеӣ дар мактаб мавҷуд нест.

Хулоса, бояд қайд кард, ки вазъи китобдорӣ дар шаҳру на­воҳии зикргардида хуб аст, вале надоштани шакли электронии асарҳо, ки имрӯз техникаву технология рушд кардааст ва имкони дастрасӣ мавҷуд аст, аз мушкилоти китобхонаҳои мактабҳо маҳсуб меёбад. Дар зимн, таъмин намудани китобхонаҳо бо компютер ва барӯйхатгирии асарҳо аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимист.

Худодод ИСЛОМ,

«Омӯзгор»