Неруи бузурги адабиёт ва рисолати адиб

(Дар ҳошияи мақолаи профессор Саймумин Ятимов «Садриддиин Айнӣ ва инқилоби маданӣ»)

Устод Садриддин Айнӣ аз адибони асил ва заҳматкашу фидоие маҳсуб меёбад, ки бо офаридани асарҳои таърихиву бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ ва ашъори мондагор дар баланд бардоштани маърифати миллати тоҷик хидмати арзанда намудааст. Фаъолияти эҷодӣ ва ташаббусҳои устод фарогиру доманадор мебошад, ки бо омӯзиши амиқ ва таҳлили ҳамаҷонибаи асарҳои ин нобиғаи замон метавон саҳифаи навро дар илму адабиёт ва таъриху фарҳанги тоҷик боз намуд. Он ҳама масъалагузориҳое, ки дар асарҳои Садриддин Айнӣ пешниҳод гардидааст, имрӯз низ дар ҷомеаи мо ба мушоҳида мерасад, ки бо ислоҳи онҳо метавон дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми муносиб гузошт. Аз ин ҷост, ки доир ба фаъолият ва эҷодиёти устод асарҳои зиёди илмию таълимӣ ва таърихиву бадеӣ таълиф гардидаанд, ки аз равзанаҳои гуногун симои ин шахсияти таърихиро барои аҳли ҷомеа бозтобу муаррифӣ мекунанд. Доир ба эҷодиёти адиби тавоно мавзуъҳои фаровоне мавҷуданд, ки таҳқиқи илмии паҳлуҳои гуногуни онҳо вазифаи аҳли зиё ба ҳисоб меравад, ки аз як ҷониб, бо ин иқдом марому мақсад ва ҳадафҳои устод Айнӣ барои аҳли ҷомеа бештар фаҳмонида мешавад, аз ҷониби дигар, дар ҳалли мушкилоти замони муосир ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ мададрасон мебошанд. Ба ин маънӣ, дар мақолаи пурмуҳтавои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» аз дидгоҳи амиқи илмӣ ба корномаи устод Айнӣ таваҷҷуҳ шуда, дар он масоиле матраҳ гардидааст, ки он мушкилот дар афкору андеша ва нигоҳи иддае аз аҳли ҷомеа ба мушоҳида мерасаду реша бар умқи таърих дорад, зеро устод Айнӣ бо ташвишу нигаронӣ солҳо қабл дар ин бора таъкид карда буд. Бинобар ин дар заминаи таҳлилу баррасии адабиёт ва нақши он дар замони муосир хидмати бузурги маърифатнок намудани онро ба нафъи ҷомеа нишон медиҳад. Дар ин замина, профессор С. Ятимов менигорад: «Мавзуи баҳси мо, тавассути хотиррасон кардани заҳматҳои эҷодии ин нобиғаи илм ва каломи бадеӣ, кӯшиши наздик кардани адибон ва адабиёти муосир ба дарки ҳолати буҳронии руҳиву равонӣ ва воқеияти вазъи маънавии қисме аз аъзои ҷомеаи имрӯза мебошад. Зеро муътақид ҳастем: «Суханҳо ҳеҷ арзише надоранд, агар идеяҳоро ифода намуда, бо далелҳо зарурат ва ҳақиқати онҳо исбот нагарданд (В. Г. Белинский. Собрание сочинений. Т.8. – М.: 1982. – С.107)».

Дарвоқеъ, муайяну мушаххас намудани зарурати иҷтимоии таҳлилу таҳқиқи асарҳои устод вазифаҳои зиёдеро дар назди аҳли зиё мегузорад, зеро он масоили иҷтимое, ки дар асарҳои худ устод мавриди тасвир қарор дода буд, дар оғози замони истиқлол дар кишвар бараъло ба мушоҳида мерасид. Ҷанги фоҷеабори шаҳрвандӣ бори дигар собит намуд, ки афкору дидгоҳ ва дарку маърифати иддае аз афроди ҷомеа дар пояи паст қарор дошта, дар доираи манофеи шахсиву маҳалли хеш муносибат намудан хатарҳои фоҷеабор ба ҳастии миллату давлат дорад. Дар ҳамин ҳолати сангину муҳлик шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро барои пойдорию бақои давлат фидо намояд. Бо баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ва интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири давлату миллат ба таври мусбат ҳал гардид. Бо иродату ҷасорат ва фидокорию ватандӯстӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми монеаҳоро пушти сар ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин карданд. Мардуми тоҷик дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии худро дарёфт ва давлат аз ҳолати нобудӣ раҳо ёфту мардум сарҷамъу муттаҳид гардиданд. Маҳз корномаи таърихии Пешвои миллат буд, ки сулҳу субот дар мамлакат фароҳам омад ва мардум бо дасту дили гарм ба бунёдкориву созандагӣ машғул гардида, зиндагӣ тадриҷан ба ҷараёни амну осоишта ворид шуд. Ҷаҳони муосир, ки бо суръати кайҳонӣ рушду такомул меёбад, тақозо мекунад, ки мо низ ҳамқадами замон бошем, бо ҷустуҷӯю навоварӣ ба дигаргуниҳои азим дар кишвар талош намоем.

Мусаллам аст, ки падидаҳои зиёде низ мавҷуданд, ки ба амнияти давлату миллат хатар доранд ва ин омил моро водор мекунад, ки дар пойдориву устувор гардонидани пояҳои давлати соҳибистиқлол талош намоем. Аҳли ҷомеа бояд дорои тафаккури баланди илмӣ ва ҷаҳонбинии пешрафта бошанд ва вазъи ҷаҳонро ташхис карда тавонанд, зеро маҳз ҷаҳолату нодонӣ ва аз фарҳангу маънавият дур мондани ҷомеа ба давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ дошта, ин масоил бояд ҳеҷ як қишри ҷомеаро бетараф нагузорад. Ҳодисаҳои таърихӣ бозгӯйи онанд, ки маҳз бефарҳангиву аз омӯзишу мутолиа ва азхуд намудани донишҳои муосир дур мондани аҳли ҷомеа пойдорию бақои давлати миллиро зери суол бурдаанд. Аз ин ҷост, ки донишманди тоҷик С. Ятимов ба асарҳои мондагори устод Айнӣ рӯй меорад ва он мушкилоту мураккабиҳои мавҷударо, ки дар вақташ устодро ба изтиробу нигаронӣ мувоҷеҳ карда буданду имрӯз низ дар ҳаёту фаъолияти иддае аз мардуми кишвар ба мушоҳида мерасанд, ки ислоҳи он ҳамаро вазифаи тамоми қишрҳои ҷомеа меҳисобад ва ба ин мазмун менигорад: «Акнун ҳамарӯза шоҳиди он муаммое ҳастем, ки ҷаҳолат, таассуб, торикӣ, бефарҳангӣ, нодонӣ, чорагарӣ, бедонишиву носипосӣ, осоиш аз омӯхтан, илмситезӣ ва натиҷаи он оҳарманӣ – ҳанӯз ҳам дар ҳазор шакли хурофот дар муқобили сохти давлатдорӣ, донишситоӣ, ақлгароӣ, нексиголӣ, додгарӣ, ватанпарварӣ, хидматгузорӣ ба халқу миллат, рисолатшиносӣ, ҳушмандӣ, балоғатсолорӣ, номусгароии аҳли Аҷам муборизаи ошкору пинҳон мебаранд. Дар олами ғаразпарвар растагор меҷӯянд. Пуштибон меёбанд. Гоҳе муваффақ ва дастболо мешаванд. Тӯли асрҳо мушкили аслӣ ва фоҷиабори миллати тоҷик ҳамин буд ва ҳаст». Ин масоилест, ки посухи онро метавон аз асарҳои устод Айнӣ ба хубӣ дарёфт ва хулосаҳои амиқ баровард ва дар роҳи ҳалли онҳо кӯшид. Зеро таълиму тарбия ва маърифатнок намудани наврасону ҷавонон, умуман, тамоми мардум танҳо вазифаи соҳаи маориф намебошад ва дар танҳоӣ ҳеҷ як соҳаву нафаре наметавонад ин рисолатро ба таври комил анҷом диҳад. Дар ин замина, муаллиф нақши адабиётро бузург меҳисобад ва бо далелҳои илмӣ собит мекунад, ки маҳз адибону аҳли зиё метавонанд бо ҳамоҳанг намудани таъриху фарҳанг ва вазъи замони муосир, офаридани асарҳои муҳим, агар аз як тараф, ба ташаккули афкори ҷомеа такони ҷиддӣ бахшанд, аз ҷониби дигар, дар рушди адабиёти тоҷик саҳми бориз гузоранд. Аз ин нуқтаи назар фаъолияти эҷодии устод Айнӣ қобили омӯзишу пайравист, зеро мавсуф дар замоне ба майдони адабиёт ворид гардид, ки донишу маърифати мардум дар сатҳи хеле поён қарор дошт ва чун чароғи раҳнамо бо нуру дониш роҳи он ҷомеаро равшан намуд. Албатта, дар он замон мубориза бо ҷаҳолату нодонӣ ва тарбияи маънавии мардуми дар ботлоқи таассубу хурофот ғарқгардида ба осонӣ муяссар намегардид. Маҳз дарки воқеии замон ва бо офаридани асарҳои таърихиву публитсистӣ ва бадеӣ вазъи ҷаҳонро ташхис кардану роҳҳои ҳалли бурунрафт аз буҳронҳоро нишон додан далели равшани олиму донишманд будани устод Айнӣ мебошад. Ба ин мазмун, муҳаққиқ С. Ятимов қайд кардааст: «Адабиёт илм аст. Нависандаи ҳақиқӣ олим. Ӯ медонад, ки адабиёт ҳам шакли фаъолияти пурмуҳтавои ҷомеаи инсонист. Мақсад аз он омӯхтан, тадқиқи оламу одам, тафаккур, раванд­ҳои ҷомеа, ҷараёнҳои табиат ва қонунмандиҳои тараққиёти онҳост. Баръакс, ба адабиёти воқеънигорӣ ҳеҷ зарурат намемонд, агар байни зуҳурот ва моҳияти раванди ҳастии ҷамъиятӣ номуайянӣ, нофаҳмӣ, мавҳум ва тазод вуҷуд намедошт. Шарт нест, ки адиб аз доираи салоҳияти худ берун ва ба илм машғул шавад. Не. Аммо ӯ бояд донишманд, то дараҷае энсиклопедист бошад. Дар ин маврид, дониш ба сифати тасаввуроти илмӣ мадди назар аст. Агар хоҳад, ки асари хотирмон ва барои ҷомеа судманд эҷод намояд, то «аз боду борон, наёбад газанд».

Бинобар ин, асарҳои устод Айнӣ дар ҳама давру замон муфиду тақдирсоз буда, барои мардуми тоҷик хидмати безавол мекунанд. Омӯзиши фарогири асарҳои устод моро талқин мекунад, ки роҳи раҳоӣ аз ҷаҳолату хурофоту ақибмондагӣ мутолиа, касби илму ҳунар кардан, ҳамқадами замон будан ва нақши муассир гузоштан дар пешрафти кишвар мебошад. Аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур ба таври дақиқ ва хулосаҳои дурусти илмӣ масъалаҳое ба аҳли зиё пешниҳод гардидааст, ки амалӣ намудани онҳо кишвари моро ба марҳалаи нави рушду пешрафт ва адабиётро моро ба масири ҷадиди фаъолият ворид хоҳад кард. Ба ин мазмун, корномаи устод Айниро ҳамчун улгӯ қарор додану дар заминаи он фаъолияти хешро идома бахшидан, ба масоилу мушкилоти замон бетараф набудан, дар таҳкими истиқлолу сулҳу суботи кишвар хидмат кардан аз рисолати ҷонии табақаҳои ҷомеа, хусусан, зиёиён ба шумор меравад. Бинобар ин, дар меҳвари мақолаи мазкур нақши адабиёт ҳамчун василаи қудратманди бузурги маънавӣ қарор дода шудааст. Зеро дар дарозои таърих маҳз адабиёти оламшумули тоҷик дар маърифатбахшии мардуми сайёра хидмат кардааст ва бегазанду пойдор то замони мо омада расидааст. Аз ин рӯ, нависандагону шоирони моро низ зарур аст, ки ба зиндагии пуршебу фарози имрӯзи ҷомеа бо нигоҳи амиқ муносибат карда, асарҳоеро таълиф намоянд, ки бевосита ба амалҳои созандаю бунёдкоронаи мардум мутобиқ бошанд. Ин осор бояд ба тараннуми истиқлолу ваҳдат бахшида шуда, завқи бадеиву зебоишиносии мардумро баланд бардоранд. Дар ин самт, ба эътибор гирифтани коргоҳи эҷодии устод Айнӣ ҳангоми таълифи асарҳо собит менамояд, ки дар давоми фаъолияти хеш ҳамеша ӯ ҳамқадами замон буда, дар зимн, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ содиқу устувор мондааст. Он қаҳрамононе, ки устод дар асарҳояш тасвир кардааст, воқеиянд ва дар ҳаёти рӯзмарра ба мушоҳида мерасанд. Мусаллам аст, ки қаҳрамонони асарҳои устод Айнӣ типӣ кунонида шудаанд, вале бо хислату атвор ва амалҳои ибратбахши худ хонандаро зуд ба худ ҷалб мекунанд. Андешаи С. Ятимов тасдиқи ин гуфтаҳост: «Нависанда қаҳрамонҳои офаридаашро аз маъхазҳои таърихӣ, таърихӣ – бадеӣ омӯхтааст. Бо чашми худ дидааст. Ба гӯши худ шунидааст. Дар рӯзгор санҷидааст. Онҳо бо дарки илмӣ, бадеӣ ва воқеъбинона дар тасаввур ва қалами нависанда инъикос ёфтаанд».

Аз ин рӯ, асарҳои устод Айнӣ на танҳо барои як давраи муайян, балки қарнҳо ба миллати мо хидмат мекунанд ва собит месозанд, ки нақши адабиёту нависанда дар пешрафти маънавияти ҷомеа бузургу мондагор мебошад. Дар замони муосир аҳли зиё ва адибону публитсистонро зарур аст, ки ба таълифи асарҳои пурмуҳтавою омӯзанда дар тарбияи инсони созанда ва худогоҳ саҳми шоиста гузоранд. Мусаллам аст, ки дар замони муосир нақши адабиёт бештар ба мадди назар баромада, маҳз адибону публитсистон метавонанд авзои ҷомеаву ҷаҳонро зуд дарку маърифат намоянд. Маърифат кардани авзои ҷаҳон ва дар ин замина, офаридани асарҳои мондагор, ки тавонанд барои дарки дурусту саҳеҳи ҳаводиси рӯзмарраи ҷаҳон ба хонанда таъсиргузор бошанд, бояд дар меҳвар қарор бигирад. Маълум аст, ки имрӯз нақши адабиёту адиб дар раванди давлатдорӣ ба таври бояду шояд муассир нест ва рӯйи кор наомадани асарҳои ҷолибу хонданӣ, ки тавонанд шавқу рағбати хонандаро ба адабиёту мутолиа бештар намояд, камтар ба назар мерасад. Ҳеҷ гоҳ хонанда асареро намеомӯзад, ки ба ҳаёти воқеиаш иртибот ва таъсир бар афкору ҷаҳонбиниаш надошта бошад. Дар ин замина, С. Ятимов қайд кардааст: «Таърихи таҳаввули ҷаҳонбинӣ ва афкори миллати тоҷик дар тӯли ҳазор сол бори дигар исбот кард, ки руҳ, маънавиёт, дидгоҳ, нуқтаи назари сиёсӣ, ки онро дар маҷмуъ, идеология ном мебаранд, хосияти иманентии диалектикӣ надоранд. Он аз воқеият, ки амали мақсаднок ва бошууронаи инсон, аз муҳимтарин ҷузъи он мебошад, вобаста аст».

Ҷаҳони пуртазоди муосир моро водор мекунад, ки аҳли ҷомеаро бештар ба адабиёту таъриху фарҳанг ҷалб намоем, то онҳо аз авзои ҷаҳон ба таври фарогир бархурдор гарданд ва дар раванди ҷаҳонишавӣ дар ҳифзу истиқолу ваҳдат ва арзишҳои миллӣ талош кунанд. Дар ин миён, омӯхтану пайравӣ кардан ба корномаи устод Айнӣ муфид мебошад ва адибони моро зарур аст, ки бо офаридани асарҳои ҷолибу омӯзанда ба густариши маънавияти ҷомеа мусоидат намоянд, зеро бе омӯзиши амиқ, маърифату дарки равандҳои ҳассоси ҷаҳон, рушди илму адабиёту фарҳанг, таҳкими истиқлолу сулҳу субот ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳон ба комёбиҳои бештар ноил гардидан амри муҳол аст.

Воқеан, рисолаи илмии С. Ятимов «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» дастури раҳнамо барои аҳли зиё ва адибону публитсистон ба шумор рафта, баҳри ташаккулу инкишофу пешрафти ҳамаҷонибаи давлатдории миллиамон хидмати арзанда хоҳад кард.

Эҳсон САФАРЗОДА,

номзади илми филология