Занги телефон Ширинро, ки машғули анҷоми корҳои рӯзгор буд, хавотир кард. Кӣ бошад дар ин вақти шаб? Кошкӣ нек бошад. Аз он сӯйи гӯшӣ садои ҳамкорашро шунид, ки хурсандона мегуфт: «Баҳористона монед, тарбиятгирандагонамон Шоҳинаву Беназир баромад доранд». Ширин телевизорро рӯшан кард ва симову садои шогирдони дуструякаш ӯро шоду масрур намуд. Шоҳинаву Беназир қариб ним соат шеъру таронаҳо хонданд. Онҳо қироат мекарданду аз чашмони Ширин ашки шодӣ мерехт. Шукр, беҳуда вақтро зоеъ накардаам – меболиду мефахрид ӯ ва масрур буд аз пешаи интихобкардааш.
Ин гуна дустрӯякони хушзеҳну босавод дар кӯдакистони рақами панҷи ноҳияи Файзобод кам нестанд. Ҳар кадоми онҳо чун фарзанди дилбанд пораи қалби мураббияи дилсӯз Ширин Саидова ҳастанд. Бешубҳа, нақши мураббиён ва омӯзгорони соҳаи томактабӣ ниҳоят бузург мебошад. Онҳо бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва дониши касбӣ барои рушди зеҳнӣ ва ахлоқии кӯдакон саҳм мегузоранд.
Ӯ рӯзашро бо меҳру муҳаббат ба насли наврас оғоз намуда, то бегоҳ бо кӯдакон чун бо фарзандони худ муносибат мекунад. Муносибати гарму самимӣ ва муҳити дӯстонае, ки Ширин дар гурӯҳи худ эҷод намудааст, сабаб шудааст, ки ҳар кӯдак ҳангоми ворид шудан бо табассум ва хушҳолӣ ӯро пешвоз гирад. Ширин пайваста дар ҷустуҷӯи усулҳои навоварона ва бозиҳои шавқовар аст, ки тавассути онҳо на танҳо дониш, балки ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва зебоандеширо дар кӯдакон парвариш диҳад. Ӯ барномаҳои давлатии томактабиро бо ҳунар, усулҳои хос ва таҷрибаи баланд татбиқ менамояд.
Накуномии ӯ дар байни волидон низ эҳсос мешавад. Ҳар як падару модар бо эҳтиром ва самимият аз Ширин ёд мекунад ва бо дилпурӣ фарзанди худро ба дасти ин мураббияи кордон месупорад. Зеро медонанд, ки ӯ на танҳо касби худро хуб медонад, балки равони кӯдаконро низ дарк мекунад ва ба ҳар яке муносибати инфиродӣ дорад.
Дар чорабиниҳои ноҳиявӣ кӯдакони гурӯҳи Ш. Саидова иштирок мекунанд. Ширин на танҳо дар муассисаи худ, балки дар тамоми ноҳия ҳамчун шахси фаъол, ташкилотчӣ ва ташаббускор шинохта шудааст.
Ширин Саидова зикр менамояд, ки таҳсилоти томактабӣ асоси ташаккули шахсият, зеҳн ва ахлоқи фарзанд аст. Дар ин замина, нақши мураббиён ва омӯзгорони соҳаи томактабӣ ниҳоят калидӣ мебошад. Онҳо бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва дониши касбӣ барои рушди зеҳнӣ ва ахлоқии кӯдакон саҳм мегузоранд.
Мавсуф мегӯяд, ки орзуяш ҳамеша дар муҳити кӯдакон будану онҳоро роҳнамоӣ кардан ва аз пешравиҳояшон болидан аст. Ва илова мекунад: «Аз ин дида, барои ман хурсандие беш нест ва беҳтарин мукофоти амал он аст, ки тарбиятгирандаи кӯдакистони мо дар чорабиниҳо иштирок намуда, ба маҳорати баланд шеъру суруд қироат мекунанд».
Дар ҳақиқат, Ширин Саидова намунаи шоистаи мураббиёни асили тоҷик аст ва содиқона барои ба воя расидани насли замони истиқлол заҳмат мекашад.
Наргис МУҚИМЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон